Аз намояндагони каломи муосир метавон инҳоро номбар кард:
-Саид Ҷамолиддини Асадободӣ, Муҳаммад Абдо, Балоғӣ, Саид Шаҳристонӣ, Аллома Таботабоӣ, Муҳаммад Иқбол, Шиблии Нӯъмонӣ, Оятуллоҳ Мунтазирӣ, Оятуллоҳ Муттаҳҳарӣ, Алиакбари Суруш, Шайх Шалтут ва ғайра.
Илми каломи ҷадид давоми илми ҳамон калом бо мавзӯъҳои нав ва дар сатҳи нав мебошад. Имрӯз дар олами ислом асарҳои ҷолибе ба вуҷуд омадаанд, ки омӯзишу баррасии худро мехоҳанд ва ба таври куллӣ фалсафаи динро ташкил додаанд. Дар ҳар сурат масоили каломӣ дар осори Абӯҳанифа мақоми шоиста дорад ва ҳамчунон усули пешгирифтаи ӯ. Баҳсу мунозираҳое, ки анҷом додааст, каломӣ мебошанд.
Ӯ пайваста дар Басра дар баҳсҳои Ҳасани Басрӣ иштирок ва ба бисёр масъалаҳои каломӣ дастёбӣ дошт. Баҳсҳои зиёде бо хориҷиҳо, зоҳирия, ботиния, даҳриҳо доштааст, ки ҳамаи онҳо гувоҳи ҳунари баланди баҳс, истифодаи мантиқ аз ҷониби Абӯҳанифа мебошанд. Ҳатто, чунин ақидае дар байни фақеҳон ҷараён дошт, ки Абӯҳанифа бо ёрии мантиқи қавияш ҳар фикреро метавонад ба исбот расонад. Аз ҷумла дар сӯҳбате имом Авзоӣ баён доштааст, ки Абӯҳанифа қодир аст, ҳар чиро ҳақ шуморад.
Масалан, ҳамин девори сафедро метавонад исбот кунад, ки тиллоӣ аст. Албатта, каломи Абӯҳанифа ба даврае тааллуқ дошт, ки баҳсҳои каломӣ акнун ба вуҷуд омада буданд, то мӯътазила, ки аввалин равияи соҳибмартабаи каломӣ ба шумор меравад, шакл нагирифта буд. Вале баҳсҳо шурӯъ шуда буданд. Аз ҷумла масъалаи тақдир ва дар атрофи он баҳсҳо авҷ гирифта буданд. Яке аз асосгузорони баҳсҳо доир ба масъалаи (тақдир) Маъбади Ҷуҳанӣ буд. Ба қавли Шиблии Нӯъмонӣ, Маъбадӣ Ҷуҳанӣ, ки ҳамнишини саҳобагон буд, масъалаи қадарро мавриди баҳс қарор дод. Дар радди ақоиди қадария асарҳо ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла рисолаҳои Зайд ибни Амон Зайнулобиддин, Ҳасани Басрӣ, Имом Шаъбӣ ва дигарон.
Баҳс Заҳҳок бо Абуҳанифа
Ба ғайри қадария дар ҳамин давра равияи ҷаҳмия, ки асосгузораш Ҷаҳм ибни Сафвон буд, пайдо шуд, Восил ибни Ато бошад, яке аз шогирдони Ҳасани Басрӣ, ҷараёни мӯътазиларо ба миён гузошт. Ба қавли аксари муҳаққиқон хориҷия яке аз фирқаҳои аввалин дар ислом мебошад, ки аз рӯи истифодаи усули ақлӣ ба калом шабоҳат дорад. Имоми Аъзам бо яке аз роҳбарони хориҷиҳо Заҳҳок баҳсу мунозира дошт.
Вақте Куфаро хориҷиҳо ба даст дароварданд, Заҳҳок ба сари Абӯҳанифа шамшер кашида, талаб кард, ки тавба кунад. “Имоми Аъзам пурсид, ки аз чӣ тавба кунам? Гуфт, аз он ақидаат, ки ҳазрати Алӣ дар ҷанг бо Муовия ҳакам шудани шахси сеюмро пазируфт. Имом фармуд: агар мақсади ту куштани ман аст, чизи дигар. Аммо мақсадат ҳақиқат баровардани ҳақ аст, иҷозат бидеҳ, сӯҳбат кунам. Заҳҳок гуфт: Мақсадам ҳамин аст, ки бо ту мунозара кунам. Имом фармуд: агар баҳс миёни ману ту ҳал нашавад, чӣ кор мекунем? Заҳҳок гуфт: каси дигарро мансифу довар қарор медиҳем.
Пас, аз тарафдорони Заҳҳок касе интихоб шуд, то дар миёни онҳо доварӣ кунад. Имом фармуданд: Алӣ, низ ҳамин корро анҷом дод. Пас, муртакиби чӣ гуноҳе шудааст?
Заҳҳок баъди шунидани ин сӯхан мӯҳри сукут ба доҳонаш зад ва оҳиста бархесту рафт.
Ҳамчунон ки аз баҳсҳо маълум мешавад, онҳо аз хусуси ақоид суҳбат доранд ва он доираи фиқҳ аст, ҳарчанд масоили имонӣ бошанд ҳам. На ҳама масъалаҳои имонӣ метавонанд бо баҳси каломӣ фарогирифта шаванд ва аз фароизу аъмол ҷудо бошанд. Баҳсҳое, ки атрофии масоили имонӣ сурат мегирифт, ночор бо фароизу аъмол низ иртибот пайдо мекард. Ин давраи ибтидоии пайдоиши калом буд, ки баъди қувват гирифтани равияи мӯътазила ба илми махсус табдил шуд. Дар ҳар сурат Абӯҳанифа бо масоили илми калом даст задааст.
Абуҳанифа: Каломро биомӯзед!!!
Аллома Кардарӣ дар китоби “Маноқиби Абӯҳанифа” аз забони писари Абӯҳанифа Ҳаммод баён кардааст, ки “Абӯҳанифа маро ба талаби илми калом амре кард ва мегуфт:
“Эй писаракам! Дониши каломро биёмӯз, чаро ки он “фиқҳи акбар” аст.
Ҳаммод гӯяд: аз он пас дар фарогирии дониши калом ҷиҳати ҷалби ризоияти падари бузургворам мекӯшидам, то ин ки онро хуб фаҳмидам ва то умқи он нуфуз кардам. Аммо онро барои хеш ва хоҳишҳоям омӯхтам.
Гӯяд (Ҳаммод):
-Рӯзе аз ҳамин рӯзҳо дар ҳоле, ки ҷамоате аз шефтагони калом наздам буданд ва дар бобе (аз абвоби калом) мунозира мекардем ва фарёд мекашидем, падарам бар он ҷо ворид шуд. Вақте вуҷудашро дар хона ҳис намудам, ба сӯи вай шитофтам. (Абӯҳанифа) хитоб бар ман фармуд:
-Эй Ҳаммод! Инҳое, ки пеши туанд, чи касоне ҳастанд?
Гуфтам:
-Фалонӣ ва фалонӣ ҳастанд. Асомии онҳоеро, ки пеши ман буданд, яке-яке гуфтам.
Гуфт:
-Дар чӣ мавзӯъе баҳсу гуфтугӯ доред?
Гуфтам: дар боби чунин ва чунон, пас ба ман гуфт:
-Эй Ҳаммод каломро раҳо кун.
Ҳаммод гӯяд:
-Ва ин дар ҳолест, ки ман аслан дар ёд надоштам, ки падарам дучори ихтилоли фикрӣ шуда ва ё бо амр ба 1 чиз ва сипас наҳй (манъ) аз он бар зид ва нақизагӯӣ бипардозад? Аз ин рӯ гуфтам: Падарам, магар шумо набудед, ки маро ба таҳсили илми калом амр мекардед?
Фармуд:
-Бале эй писаракам! Ва ҳам акнун ман имрӯз шуморо аз он боз медорам. Гуфтам: ин дигар чаро? Фармуд: эй писаракам, ин касоне, ки имрӯз дар абвоби дониши калом ихтилоф меварзанд ва ту имрӯз шоҳиди ихтилофашон ҳастӣ, касонеанд, ки бар 1 қавм ва 1 дин (дар ақида ва шариат) буданд, то имрӯз байни онҳо тухми низоъ кошта шудааст ва оташи душманӣ ва ихтилоф шӯълавар сохтааст. Пас, тазод пайдо карданд ва як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар тохт оварда, ба тақдири он мепардозанд. Машоих ва аҳли саломат ба бузургии ин хатар воқиф шуданд ва барои рафъи хатар кӯшиданд ва хитоб ба қавм (мутакаллимин) гуфтанд:
-Эй тоифаи мутакаллимин (бидонед), ки дин, паёмбар, қибла, китоб ва шариатамон якест (пас чӣ шудааст, ки) ин ихтилоф байни шумо воқиф шудааст? Пас таҷаммуъ кунед ва мунозира намоед, зеро мунозираи ҳақгӯёна парда аз чеҳраи ҳуҷҷат бармегирад ва хаторо аз савоб ошкор месозад, то шояд ин ихтилоф муртафеъ гардад ва шуморо ба улуфат ва иттифоқ дар дин гирд оварад”.....
Давом дорад