ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода: Ақидаҳои ахлоқӣ ва зиддиифротии Эмоми Аъзам

  • Чоршанбе, Дек 07 2022

 

 

 Чунонки аз ин гуфтаҳо бармеояд, Абӯҳанифа илми каломро рад намекунад, баҳсҳои каломиро ҷиҳати дарёфти ҳақиқат ҷоиз мешуморад, вале ҷудоиандозӣ, низоъ ва таассуби фикриро, ки дар баҳсҳои каломии он рӯз мавқеъ гирифта буданд, рад мекунад ва беҳуда мешуморад.

 

Масъалаи ба илми калом машғул шудани Имоми Аъзам 1 амри воқеӣ бошад ҳам, муҳақиқоне ҳастанд, ки ин амрро зери шубҳа мегузоранд. Махсусан, мӯътазилиён чунин даъво пеш гузоштанд, ки Абӯҳанифа дар илми калом асаре эҷод накардааст ва китобҳои каломӣ, мисли “Фиқҳи акбар”, “Олим ва мутааллим” ба ӯ нисбате надоранд. Ин шубҳаҳоро инчунин муносибати баъзе аз фуқаҳо ва мазоҳиби исломӣ ба илми калом қувват додаанд. 

 

Масалан, Имом Молик илми каломро аз усули динӣ берун дониста, онро равиши ботил медонад.  Ҳамчунин Имом Шофеӣ бо тозиёна задани асҳоби каломро ҷоиз медонад. Ҳатто Абӯюсуф мегӯяд, ки намоз хондан пушти сари мутакаллимон ҷоиз нест. Яке аз мухолифони ҷиддии калом Имом Ҳанбал буд, ки уламои каломро зиндиқ медонист.

 

Чуноне ки аз ахбори аллома Кардарӣ дар китоби “Маноқиби Абӯҳанифа” бармеояд, худи Имоми Аъзам ба фарзандаш Ҳаммод таъкид намудааст, ки дигар ба илми калом машғул нашавад. Ривояту маълумотҳо дар ин бора зиёданд, вале он чӣ аён аст, он аст, ки Имоми Аъзам ба илми калом (беҳтараш ба илми ақоид) машғул шуда, таснифоти муҳим дар он боқӣ мондааст.

 

 Асарҳои каломи Имоми Аъзам

 

Бо вуҷуди шубаҳот ба Имоми Аъзам нисбат доштани чунин асарҳо мисли “Фиқҳи акбар”, “Олим ва мутааллим”, “Васоё”, ба субут расидааст ва дар ин маврид ҷои баҳс нест. Масъала аз он иборат аст, ки макотиби фиқҳӣ кадом илми каломро рад кардаанд ва он чӣ гуна будааст. Сухан дар инҷо дар бораи баҳсҳои каломии замони охири ҳаёти Абӯҳанифа меравад ва Абӯҳанифа, ки худ ба калом ихтиёр дошт ва ба он машғул шуда буд, аз он даст мекашад ва фарзандашро аз омӯзиши илми калом манъ мекунад. Пас равияҳои ғайриилмӣ дар хилофат дар байни мусулмонон ба вуҷуд омаданд, ки ба ақоиди асҳоби ҳадис ва аҳли салафи солеҳ чандон мутобиқат надоштанд.

 

Инчунин тарзи исбот ва овардани далоил, бо исботу асҳоб ва тобеин мувофиқат намекард. Дигар ин ки илми ақоид, гарчанде асоси илми каломро ташкил диҳад ҳам, доир ба он баҳсҳои каломӣ шакли мустақил ба худ нагирифта, ҷузъи фиқҳи эътиқодӣ буд.

 

Яъне калом чун илми махсус акнун ба вуҷуд меомад. Аз ин ҷо вақте Волфсон Ҳ. А. дар бораи марҳилаи авали зуҳури ислом сухан меронад, баёни ақоидро аз тарафи аҳли салафи солеҳ медонад, яъне дар ин давраи инкишофи ислом нуқтаҳои асосии эътиқодӣ аз Қуръон гирифташуда, мавриди тарғиб қарор гирифтанд.

 

 Сухан дар бораи усули ақоиди имонӣ, ба қавли Ибни Халдун “таклифи қалбӣ”, ки аз  рукн иборат аст, меравад: эътиқод ба Худо ва фариштагон, ба китобҳои осмонии ӯ, ба фариштагони Худо, ба рӯзи қиёмат ва эътиқод ба сарнавишт. Усули ақоид аз масоили фиқҳӣ, яъне “таклифҳои баданӣ” фарқ кунад ҳам, вале онҳо ба ҳам зич пайванданд ва дар илми фиқҳ омӯхта мешаванд.

 

Бинобар ин эътирози аимаи ислом ба калом маъни иэътироз ба фарзу суннату воҷиботи дин нест, балки эътироз ба баҳсҳои зиёдатии каломӣ будааст.

 

 

 

Давом дорад

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter