ХАБАРИ ДОҒ

ҲОҶӢ ИСМОИЛ ПИРМУҲАММАДЗОДА: Абӯҳанифа: Софистика дар Калом

  • Чоршанбе, Дек 14 2022

 

Баъзе муҳақиқон чунин ақида доранд, ки баҳсҳои каломӣ дар ин давра на ба қиёси мантиқӣ, балки ба софизм шабоҳат доранд. Баҳси софистӣ он баҳсе аст, ки ғаразаш дарёфти ҳақиқат нест, балки мақсади он таҳмили ақидаи худ бар дигаронаст. Чуноне, ки дар Юнони қадим дар баробари диалектикаи Суқрот гурӯҳе софистикаро ривоҷ дода, онро истифода мебурд. Ин навъ баҳс агар дар зоҳир мантиқан дуруст бошад ҳам, дар асл ғалати мантиқиро дар худ ниҳон медошт. Мисли ҳукмҳое, ки “он чиро, ки гум накардаӣ, доро мебошӣ. Шоҳро гум накардаӣ, пас шоҳ дорӣ”. Кӯшиши мутакаллимон, ки онҳоро аҳли фиқҳ маҳкум кардаанд, ба ҳамин софистика монанд буд. Дар воқеъ ин равиш ба табиати дин, ки асосаш эътиқод аст, созгор нест.

 

Таваллуди фиқҳи ислом

Ривоҷи улуми исломӣ вобаста ба талаботи замон ва ниёзи мусулмонон инкишоф меёфт. Пайдоши фиқҳ ва мактабҳои фиқҳӣ зарурати ба низоми муйян даровардани амалу эътиқоди мусулмононро ба вуҷуд овард, алалхусус аҳкоми исломиро. Азбаски баъд аз нашри ислом ба тадриҷ пайдо шуд, ки ба омӯзиши таҳқиқ ва баёни он аҳком машғул шуд ва онро фиқҳ гуфтанд. Фиқҳ дар луғат ба маънии “воқиф шудан”, “иттилоъ ёфтан”, яъне воқиф шудан аз аҳкоми шариат мебошад. Таърифи фиқҳ ва фазоили он мавзӯи дигар аст, вале ин ҷо фақат алоқамандӣ ва ҷойгоҳи ягонаи фиқҳу каломро, чуноне, ки муҳақиқон зикр карданд, баён карданием.

Пайдоиши илми фиқҳро бо номи Абдуллоҳ бини Масъуд вобаста медонанд, ки иҷтиҳодро дар масоили аҳкоми динӣ истифода мекард. Дар фиқҳ низ вақте сухан аз боби ақоид мерафт, ба истидлол, чи ақлӣ ва чи нақлӣ асосан ба Қуръон ва аҳодиси набавӣ муроҷиат мекарданд. Оёти марбут ба рукнҳои эътиқодро зикр карда, шарҳу баён медоданд, ё ҳадисеро меоварданд ва он нуктаро исбот менамуданд. Агар чизеро илова бар инҳо ба субут расонидан лозим буд, тамсилро истифода мебурданд.

 

Тамсил дар ислом

Тамсил ҷузъи ҳамин далоил буда, бар манобеи исломӣ асос меёфт, дар он таъсири ҳикмати ғайр қариб мушоҳида намешуд. Ба гуфти Волфсон тамсилро “дар масоили марбут ба имон мавриди баҳсбардорӣ қарор доданд” ва мазмуни он бештар ба шакли монандкунӣ аст.

Масалан Умар дар яке аз дастурҳояш ба қозиён фармудааст, ки

 “Амсол ва ашбоҳ” – ро мутолиа ва чизҳоро бо чизҳои назир ва шабеҳи онҳо қиёс кунед”

Шабоҳате, ки қиёс бар рӯи вай бино шуда, гунаи хосе аз шабоҳат аз лиҳози баъзе аз ҷанбаҳо дар мавриди чизҳоест, ки “бо ҳам шабеҳ нестанд”. Ин навъи қиёс (тамсил) дар фиқҳ аз ибтидои пайдоиши он истифода бурда мешуд. Масъалаҳои имонӣ низ дар фиқҳ муҳокима шуда, бештар ба истидлоли таҷрибавӣ ва отифӣ такя мекард. Истидлолҳои нақлӣ бештар маъруф буданд, нисбат ба истидлолҳои ақлӣ ва назарӣ. Дар доираи ин усули таҳқиқ, албатта, ҳоҷати зиёд ба истидлоли ақлӣ вуҷуд надошт. Гузашта аз ин давраи ҷамъоварии ҳадисҳо буд ва масъалаҳои дар он баён шуда то андозае маълум набуданд. Фақат дар солҳои охири зиндагии Иоми Аъзам хирадгароӣ ва руҷӯъ ба истидлоли ақлӣ хеле вусъат пайдо кард, зеро дар ҳамин замон тарҷума ва тафсири осори қадима, ҳикмати Юнону Аҷам дар байни мусулмонон русухи бештаре пайдо кард ва ба қавли Ибни Халдун “навиштани рисолаҳо шурӯъ шуд”. Аммо Имоми Аъзам бо усули фиқҳӣ пайваст, ки донишу қиёсро ба гунаи дигаре истифода мекард ва дар масоили имонӣ ба истидлоли ақлӣ таваҷҷӯҳи зиёдтаре зоҳир намуд.

 

Замони зиндагии имом пурошӯб буд

Ҳаракатҳои зидди хилофати уммавия хеле авҷ гирифта, минтақа ва кишварҳое пайдо шуданд, ки аз итоат бар халифа саркашӣ мекарданд, шӯришу исёнҳо ба авҷи баланд расида, ҳаракати шииён барои ба даст гирифтани зимоми ҳукмронӣ дар хилофат қувват пайдо кард. Дар давраи хилофати уммавиён, гарчи давлат ба зоҳир ба ислом такя дошт ва дин бунёни онро ташкил мекард, вале дар дар воқеъ, султаи арабӣ буда, ҷудоии дин аз давлат дар он мушоҳида мешуд.

Ҳаракати шииён ин такфикрро аз байн бурданӣ буд. Ба сари қудрат омадани Аббосиён кӯшише барои хилофати исломӣ ба ҳисоб равад ҳам, ин ҷудоӣ ва такфикрро аз байн набурд, ҳарчанд таъсири унсури қавмӣ яъне арабият то ҳадде заиф гардид. Вобаста ба ҳамин таъсири қавму фарҳангҳои дигар дар хилофат зиёд шуда, ҳикмати Юнону Аҷам доираи хеле васеъ пайдо кард. Тарҷума ва гирдоварии осори пешини ақвоми хилофат, таҳқиқи улуми дунявӣ хеле вусъат пайдо намуд.

 

Таъсири Арасту бар ислом

Аз ин ҷо, мантиқи файласуфони бузурги Юнон ва тафаккури Арасту вориди таълимоти равияҳои мухталифи исломӣ, аз ҷумла мактабҳои фиқҳӣ шуд. Назарияи бар пояи он ин мактабҳо, хусусан андешаи хирадгароӣ ба вуҷуд омадан, ба фикри ман чандон дуруст нест, зеро мантиқи Юнон, масалан Арасту бо ҳикмати фалсафаи он пайваст аст. Ҳатто, фалсафа ва каломи мӯътазила, чи расад ба равияҳои фиқҳӣ, маншаи исломӣ дошта, аз ақоид ва тафаккури исломӣ баҳра мегирифтанд. Аз ин ҷо, ин таъсирро ба таври куллӣ ҳамчун 1 таконе бояд барои ақлгароӣ фаҳмиду халос.

Аз дигар тараф, ҳатто дар сурати паҳн нашудани ҳикмати Юнон ҳам руҷӯъ ба ақл, илм ва ҳикмати назарӣ дар ислом ба вуҷуд меомад, зеро он аз худи таълимоти ислом бармеояд. Бинобар ин вақте дар бораи қиёс ва дигар усули далоили ақлӣ сухан меравад, онро маҳсули тафаккури исломӣ бояд шинохт ва агар сурат мегирад ва монандие ба назар мерасад, асоси он ягонагии тафаккури инсонист.

 Дар ҳар сурат усули фиқҳии Абӯҳанифа ва қиёс дар каломи ӯ таҳаввул ва такмили минбаъдаи тамсил мебошад, ки асҳоби ҳадис истифода мекарданд. Тамсилро набояд аз қиёс ҷудо ва хеле дур тасаввур намуд. Чунонки аз илми мантиқ бармеояд, ҳар гуна истидлол аз ин 3 намуд берун нест:

- истидлоли тамсилӣ, истиқроӣ ва қиёсӣ, яъне интиқол дар истидлол аз ҷӯзъи ба ҷӯзъӣ-тамсил, аз ҷӯзъи ба куллӣ-истиқроӣ ва аз куллӣ ба ҷӯзъӣ-қиёс. Тамсил ҷорӣ будани 1 ҳукмро ба дигар ҳукми ба он монанд гӯянд. Ибни Сино дар шарҳи тамсил мегӯяд:

“Мисол он буд, ки ҳукм кунанд бар чизе ба он чӣ андар монанди ӯ бинанд”.

Вақте сухан аз қиёс дар фиқҳу калом меравад дар онҳо қиёс бештар ба ҳамин маънии тамсил истифода меашавад. Аксари мактабҳои фиқҳӣ маҳз ҳамин тамсилро дар мавридҳое, ки дар нусус ҳукме дар бораи он вуҷуд надорад, истифода мебаранд. Тамсил мартабаи чандон баланди дарёфти ҳақиқатро дар илми мантиқ надорад, вале дар аҳкоми шаръӣ, шеър, хитобатҳо мақоми баландро соҳиб аст.

Давом дорад

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter