ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода: Абуҳанифа ва тамсил дар ҷаҳонбинии ӯ

  • Чоршанбе, Фев 22 2023

Дар шариат бештар тамсил (амология), натиҷаи ҳақиқатмонанд, на ҳақиқаи пурра фарогир, мақоми асосӣ дорад. Ин шакли мантиқӣ на дар қиёс, балки дар муҷодила нуфуз дорад. Оё қиёсе, ки Абӯҳанифа истифода мекард, тамсилро ифода мекард. Таҳқиқи осори Абӯҳанифа нишон медиҳад, ки тамсил ва қиёс ҳарду аз ҷониби Абӯҳанифа истифода шудааст, вале мартабаи қиёс, ки асли хулосабарории дедуктивӣ (истинботӣ)-ро ташкил мекунад, дар каломи Абӯҳанифа бештар истифода шудааст.

Дар аксари маврид муҳаққиқон чунин ҳисоб мекунанд, ки то зуҳури мӯътазила дар баҳсҳо доир ба сифоти Худованд, асосан ҷадал ва тамсил истифода мешуд, ки бо назарияи антропоморфизми дин низ алоқаманд аст. Аммо вақте “Фиқҳи акбар” -и Абӯҳанифа мавриди мутолиа қарор гирад, маълум мешавад, ки исботҳои Абӯҳанифа бештар хусусияти истинботӣ ва қиёсӣ доранд. Дар ин ибора то андозае дар “Шарҳи фиқҳи акбар” ва “Шарҳи ақоиди аҳли суннат” ва ғайра маълумот дода шудааст.

Масалан, дар баҳс Абӯҳанифа тамсилро ба қиёси қатъӣ қабул додааст ва дар асоси 2 гузора хулоса баровардааст, ки чунонки киштӣ бо нохудо (киштибоӣ, капитан) эҳтиёҷ дорад, мавҷудоти олам низ ба офаранда эҳтиёҷ доранд.

 Фосиқ кофир нест!

 Ин ҷиҳатро инчунин дар далели модарии фосиқ низ метавон мушоҳида кард, ки баъди овардани 2 гузора чунин хулоса меорад, ки муъмин метавонад фосиқ бошад, вале кофир набошад.

Дар айни замон мо дар ҷумлаҳои овардаи Абӯҳанифа дар “Фиқҳи акбар” модулҳои мухталифи қиёсро мушоҳида мекунем. Дар ин маврид Абӯҳанифа қиёсро бо истеҳсон такмил дода, қиёси қатъӣ ҳосил мекунад, аз ҷумла дар тасдиқи имон, гуноҳ, фиқҳ, равиш мушоҳида мешавад. Гузариши ба қиёси қатъӣ дар баъзе ҳолатҳо, ноаён, ки мазмунаш чандон равшан нест ва гоҳе ба таври ошкоро ва равшан сурат мегирад.

 Назарияи Абуҳанифа ва Эйнштейн

Истеҳсон, ки меъёри фиқҳист, чун гузораҳо дар бораи эффект ва ҷиҳатҳои ноаёни асрори табиӣ, ки баъзан  бо ҳам  монанданд, мисли исботҳои назарияаи гравитатсиони Алберт  Эйнштейн мушоҳида мешаванд.

Ба ақидаи А. Эйнштейн ҳаҷмҳои вазнин мисли офтоб рушноиро ба худ ҷазб мекунанд, ҳамчунон, ки аҷсоми моддиро ба худ мекашанд. Дар натиҷа рушноии ситораи дур ба тарзе ба замин омада мерасад, ки гӯё ситора ба сӯи осмон майл мекарда бошад, ки дар асл чунин нест. Ин эффектро дар вазъияти муҳагаррӣ мушоҳида кардан мумкин аст, зеро ситораҳои наздик ба офтоб зери шуои он тамоман ноаёнанд ва фақат дар мавриди гирифтани офтоб онҳоро мушоҳида кардан имкон дорад.

Таҳаммулпазирӣ дар фиқҳи Абуҳанифа

Дар ин ҷо гузаштан ба далели қавитар дар натиҷаи индуксия ба амал меояд, ки ба худ намуде аз дедуксияро ба худ мегарад. Чунин равиш дар бисёре аз қиёсҳои Абӯҳанифа, ки бо истеҳсон онҳо қавӣ гардонида шудаанд, мушоҳида мешаванд, аз ҷумла дар нисбати исботи мӯъмин будани онҳое, ки фароизро иҷро накардаанд, ҳамин гузариш ба қиёс ба воситаи индуксия мушоҳида мегардад.

Дар исботҳо натанҳо истифодаи мантиқ аз ҷониби Абӯҳанифа ба назар мерасад, балки мусолиҳа, созиш ва таҳаммулпазирӣ ифода шудааст. Ҳарчанд Абӯҳанифа чун фақеҳ худро нишон дода бошад ҳам, аммо дар фиқҳу каломи худ кӯшиш намудааст, ки ба ифрот роҳ надиҳад. Алалхусус дар он замоне, ки зиддиятҳо дар ислом бар авҷи аълои худ расида буданд. Ҷангу хунрезиҳо ифроту таассуб дар пояи фаҳмиши осори нақлӣ ва пайравӣ аз суннату ҳадис сурат гирифта буданд, бунёди низоми фиқҳию каломии хориҷ аз ҷангу ситеза ба баҳсу андешаи ақлгароёна пардохтани Абӯҳанифа дастикам 1 ҷасорати бузурге ҳисоб мешуд ва он ҳам аз ҷониби 1 нафар ғайриараб ҳодисаи наве дар таърихи ислом ба назар мерасид.

Ҳамаи ин низоъҳоро Абӯҳанифа дар таълимоти худ беҳуда шумурда имони мардумро ҳамсон ва дорои тафовути ҷиддӣ намедонист. Ӯ дар номааш ба Усмон Ал-Баттӣ навишта буд, ки “дину аҳмус-самои вал-арзи воҳидун” (дини осмону замин як аст).[1] Албатта чунин ақида ба аҳли таассуби арабӣ ва ифротгароёни фирқаҳои дигар чандон қобили пазириш набуд ва касони зиёде пайдо шуданд, ки ақидаҳои Абӯҳанифаро куфр ва фисқ шуморанд.

 

Давом дорад

 



[1] Шарњи тољикии «Фиќњи акбар»-и Абўњанифа. –Уротеппа. 2000.-с.8

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter