ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода: АБУҲАНИФА: ФЕЪЛ ИРОДАИ ХУДОСТ...

  • Чоршанбе, Апр 19 2023

Феъли банда, ҳарчанд, ки нисбати ӯ бошад чизе аст, ки Худо онро ирода кардааст. Имоми Аъзам ҳарчанд бар хилофи қадария ихтиёри бандаро тобеи иродаи Аллоҳ сохта аст, боз ақидаи ҷабарияро низ пурра қабул надорад, яъне таносуби эътидолии назарияи озодии ихтиёр ва тақдир минбаъд дар назарияи “касб”, ки асосгузори он Абулҳасани Ашъариро мешуморанд, вале ибтидои он дар фиқҳи ҳанафӣ мушоҳида мешавад, мавқеи муҳим ишғол кардааст.  Инсонҳо дар анҷом додани корҳояшон наметавонанд офарандаи корҳои хеш ба шумор раванд, аз дигар тараф, дар чаҳочӯбаи муайяншуда метавонанд ба анҷоми корашон таъсир дошта бошанд, яъне амрест байни 2 амр, ки номи “касб” -ро ба худ гирифтааст.

 

Аз 1 ҷиҳат амали инсонҳо мавриди пазириши Худованд, таҳсини Худованд гаштааст, аз дигар сӯ мавриди сарзаниш ва вобаста ба инҳо боиси сазову азоҳо қарор мегирад. Касби банда ба халқу офаридан, бе васил амалӣ намешавад, абзору васла махлуқи Худо мебошанд. Офаранда ба вуҷуди касбкунанда дар феъли худ ниёз надорад, аммо касбкунанда ба офаранда муҳтоҷ аст… яъне аз ин ҷо  бармеояд, ки банда ҳар гоҳ ба кори нек ё бад азм кард, Худо бо қудрати худ онро меофарад.

 

«Касб», яъне чӣ???

Дар шарҳи касб ва ихтиёр фикрҳои хеле зиёд ва мухталиф вуҷуд доранд. Фақат ба таври мухтасар баъзе аз онҳоро зикр карда, чанд баҳси Имоми Аъзамро дар бораи онҳо мисол оварданием.

-Аллома Тафтазонӣ (1322-1390) дар “Шарҳи ақоиди Насафӣ” маънии касбро ба тариқи зайл баён кардааст:

“Касби бандагон иборат аст аз ин ки иродаву назорати худро сарфу мутаваҷеҳи коре бикунад ва Худо бо қудрати худ онҳоро биёфаринад”.[1]

Дар ин ҷо чунон ки мушоҳида мешавад, азму иродаи бандагон аз ихтиёри худи онҳо сар мезанад, гарчи вақте офаранда танҳо Худованд аст, пас азму иродаи инсон низ ба офаранда вобастагӣ дорад.

-Ҳамин гуна ақидаро боз ҳам боризтар ва равшантар Ҷувайнӣ (имом-ул-ҳарамайн) баён доштааст:

“Касб ин аст, ки Худо қудрату иродаи бандагонро барои эҷоди аъмоли онҳо меофаринад”.[2]

-Ба ақидаи Абӯисҳоқи Исфароинӣ (ваф. 1027) “Муассир ба аъмоли бандагон маҷмӯи 2 қудрат Худо ва банда аст, аммо ба 2 гунаи мутавофит», яъне заъфи қудрати бандагон ва қуввату қудрати Худо дар ин ҷо чунон, ки мебинем тавоноии 1 ҷониб ба заъфи ҷониби дигар пайваст шудааст аст, ҳол он ки дар таърифҳои боло қуввату қудрАти бандагон аз иродаи офаридгор бармехезад.

Дар ҳар сурат инҳо таърифҳое ҳастанд, ки баъдҳо, зери таъсири «назарияи касби А. Ашъарӣ» (873-935) ба вуҷуд омадаанд. А. Ашъарӣ афъолро 2 тақсим мекунад:

-афъоли изтирорӣ ва ихтиёрӣ;

1. Афъори изтирорӣ маҷмӯи амалҳои зарурӣ ва ногузир аст, ки инсон гирифтори онҳост. Ғайр аз ин сарчашмаи афъол (феълҳо, рафторҳо) –и ихтиёрӣ низ қудрат аст. Аммо қудрат, ба қавли ашъариён сифати зотии инсон нест, агар сифати зотӣ мебуд, инсон ҳар кореро, ки мехост анҷом медод. Вале инсон на ҳамаи корҳои хостаашро анҷом дода метавонад ва ӯ дар бисёр маврид нотавон аст, зеро қудрат ҷудо аз зоти ӯст.

2. Агар афъоли ихтиёрӣ дар назар гирифта шуда, онҳо махлуқи Худо ва банда дониста шавад, пас 2 қудрате ҳеҷ бо ҳам баробар нестанд ва ин муҳол аст, ки онҳо тавонанд дар 1 иҷмоъ (ҷамъ) пиндошта шаванд.

Пас, маълум мегардад, ки қудрати инсон касбкунанда аст. Касб натиҷаи он аст, ки одамӣ иродаи худро ба ҷониби аъмоли писандида мутаваҷҷеҳ созад.

Бинобар ин, ба гуфтаи ашъариён ҳангоме ки инсон иродан амали хайре кунад, Худованд қудрат бар он амалро дар ӯ халқ мекунад ва инсон мустаҳақи савоб мешавад ва чун иродаи амали шарРе кунад, Худованд қудрат бар он амалро дар ӯ халқ мекунад ва ӯро ба он уқубат мекунад. Бинобар ин касб дар назди Ашъарӣ ҷонишини халқ аст. Пас, таалуқи қудрат ба амалҳои ихтиёрии инсон тааллуқи касб аст. Дар ҳар сурат, ба гуфтаи онҳо инсон қудрати афъоли ихтиёриро доро нест, вале метавонад амалеро иҷро кунад, ки қудраташро Худованд бар ӯ биофарад.

 

ҚАДРИЯ ВА ҶАБРИЯ

Нахустин шахсе, ки сухан аз “қадр” ронд, Ҷуҳании Басрӣ (ваф. 699) буд, ки ба ақидаи эрониёни пешин ва сурОниёни тоисломӣ пайравӣ мекард. Ӯ инсонро дорои қудрат дониста, ӯро муайянкунандаи амали худ мешуморид. Дар давраи Абулмалик ибни Марвони умавӣ зиндагӣ карда, ба ин хонадон қаробат пайдо мекунад ва аз тарафи ҳамин малик дар соли ҳаштоди ҳиҷрӣ барои фасоди ақида ба дор овехта шудааст. Сипас, ақидаи ӯро дигар шогирдонаш аз ҷумла Ғайбуллои Димишқӣ (ваф. 724) идома доданд. Ӯ мунозираҳое бо Умар ибни Абдулазиз халифаи умавӣ дошта буд ва дар даврони халифа Ҳимом ибни Абдулмалик имом Авзоӣ бо ӯ дастури халифа баҳс кардааст. Ҳимом ибни Абдулмалик ҳукми қатли ӯро содир мекунад. Аз халифаҳои баъдина Муовия ибни Язид ва Язид ибни Валид ба мазҳаби қадария гаравидаанд.

Дар ин давра ҷиноҳи дигари ғоявӣ ба исми Ҷабрия ба вуҷуд омад, ки асосгузорони он Ҷаъд ибни Дирҳами Димишқӣ (ваф. 741) ва Ҷаҳди ибни Сафвон (ваф. 745) – ро медонанд. Сафвон марди хуросонӣ буд, ки дар Димишқ сукунат гирифт ва ба тарғиби ақидаи Ҷабрия машғул буд. Ӯ мегуфт, ки инсонҳо ба ҳеҷ коре ҳозир нестанд ва дар афъолу аъмолашон ҳеҷ қудрату иродае надоранд. Худованд ҳамчуноне, ки офарандаи ҳаракатҳои дарахтон аст, офарандаи ҳаркати аъзо ва андоми инсонҳо низ мебошад. Инсонҳо дар масири қазову қадари илоҳӣ қарор доранд ва ҳеҷ ихтиёре надоранд, кори хубу бадро анҷом медиҳанд ва аҷру савоб ноил мегарданд ва барои ин корашон дучори азобу иқоб мешаванд.

Давом дорад

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter