ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода: Имоми Аъзам: тақдир ва ирода

  • Чоршанбе, Апр 26 2023

 Абӯҳанифа тақдирро рад накарда, афъоли инсонро вобастаи иродаи илоҳӣ медонад. Ба гуфти ӯ ҳама чиз: некию бадӣ, ширинию талхӣ, фоидаю зарар аз рӯи сарнавишти муайянкардаи Худованд ба амал меояд. Инсон дорои иродаи озод ва офарандаи аъмоли ихтиёрии худ нест, балки ӯ фақат метавонад амали некро ихтиёр кунад.

 Аз рӯи ривоятҳо ба масҷиди Кӯфа 70 нафар қадарӣ меоянд. Онҳо ба Абӯҳанифа муроҷиат карда мегӯянд, ки мо мехоҳем ба шумо мунозира намоем.

 

Абӯҳанифа мегӯяд, ки наход шумо дарк накунед, ки шахси ба қадар назар андохта, ба шахсе монанд аст, ки ба шӯълаи офтоб менигарад, назараш хиратар мешавад.

Ба гуфти Имоми Аъзам тақдир ба Худованд марбут нест, он ба бандагон мансуб аст. Агар мо тасаввур намоем, ки тақдир ба Худованд мансуб аст, пас ӯро маҳдуд месозем.

 

Амр 2 навъ аст: ваҳӣ ва қудрат

Қудрат ба инсон дода намешавад. Ба кассе шояд ҳукмшуда бошад, ки кофир бимонад, ҳарчанд, ки куфр манъ шудааст. Қудрат низ 2 навъ аст, аввал қудрати ҳастӣ, сонӣ қудраи ваҳйӣ, офаранда.

Амри Худованд аз иродат аст, на ирода аз амр. Шарр аз Худованд намебарояд, Худованд болотар аз он аст. Банда медонад, ки Худованд аз онҳо амон мехоҳад. “Маълум аст, ки қадария дар ихтиёрдории инсон муболиға мекард ва далел ояти зеринро меоварданд:

 “Ва бигӯ: Ин (сухани) рост аз Парвардигори шумо омадааст. Пас, ҳар кӣ хоҳад, имон оварад ва ҳар кӣ хоҳад кофир шавад”. (18:29)

 Ҳар чӣ аз иродаи Худованд сар занад, ҳатман амалӣ мешавад. Аммо мавридҳое пайдо мешаванд, ки ба коре амри Худованд мешавад, вале иродаи ӯ ба он нест. Масалан, оят дар бораи амри Худованд ба ҳазрати Иброҳим дар нисбати қурбонӣ кардани ҳазрати Исмоил, ки ба он амри Худованд буд, вале иродаи ӯ набуд ва иродаи Худованд қурбон шудани Исмоилро надошт (ояти 37:102)

Дар баҳсҳое, ки Имоми Аъзам ба қадария мекард, ояти дар боло зикршударо қадариҳо асос нишон медоданд. Имоми Аъзам дар ин маврид чунин баён доштааст, ки ояти мазкур барои хавф аст, ки асос барои исботи ихтиёри инсон ва бурҳони ихтиёрдории ӯ. Инсонро барои иҷрои амал иродаи Худованд водор месозад. Ҳидоят ба роҳи рост ва амали инсон ба ин роҳ аз он нест, ки қудрат ва тавонои онро дорад ва чунин тавоноӣ танҳо аз Худованд аст. Ҷаҳм ибни Сафвон ақидаи ҷабри худро бо махлуқ будани Қуръон ва инкори сифатҳои Худо мепайваст. Ӯ чунин мешумурд, ки «ҷоиз нест, Худовандро бо сифатҳое тавсиф кард, ки махлуқро ба онҳо васф мекунанд” 

Ин ақида бар хилофи оятҳои равшани Қуръон дар бораи сифатҳои Худованд, мисли ҳаёт, илм, қудрат ва ғайра буд ва мавриди қабули Имоми Аъзам набуд.

Ҷаҳм инчунин ақидаҳои дигаре ҳам дошт, ки мавриди писанди аҳли суннат буда наметавонист, чун фанопазирии биҳишту дӯзах. Инчунин сухан гуфтани худованд бо Мӯсо, ба дӯстӣ баргузидани ҳазрати Иброҳимро, ба шубҳа мегузошт. Сарнавишти худи Ҷаҳм низ фоҷеабор буд. Ӯ бо Ҳорис ибни Суиҷии шӯришгар дар Хуросон пайваст ва баъди қатли Ҳорис аз тарафи Салам ибни Аҳвари Мозанӣ ба қатл расид. Абӯҳанифа комилан ба ақидаҳои Ҷаҳм ибни Сафвон мухолиф буд. 

 

Дурӣ аз ифрот ва тундравӣ

Чуноне аз баҳсҳои каломии Имоми Аъзам бармеояд, мавқеи ӯ дар аксари масъалаҳо дурӣ ҷустан аз ифрот ва яктарафагӣ, инҳирофу тундравӣ мебошад. Мавқеи Имоми Аъзам бо овардани далелҳо аз нусус ва далелҳои ақлӣ ба субут расидааст. Аз ҷумла дар мавриди тақдир гӯяд, ки

“Ва ло якуну фи-д-дунё вало фи-л-охирати шайъун илло-би машиятиҳи ва қазоиҳи ва қадариҳи ва катбиҳи фи-л-лавҳил-маҳфузи, ва локина катбуҳу би-л-ҳукми. Во-л-қазоу қадару ва-л-машияту сифатуҳу фи-л-азали било кайфин” (Ва нест дар дунё ва охират чизе дар кадом ҳолате набошад мавҷуду ҳодис, магар ба машияту иродаи ӯ. Илми ӯ ва қазою қадари ӯ дар Лавҳулмаҳфуз мувофиқи навиштаи Вай аст. Ва навиштаи Вай ба нафс аст на ба ҳукм, яъне чун шайъ набуда, навишта накард, ки маҳз чунин бошад. Ва қазову қадар ва машият бе кайфияти чӣ хел буданашон сифатҳои Худованданд аз азал).

Ин ҷо вақте сухан аз васф меравад, на аз ҳукм мувофиқ дар назди Абӯҳанифа ба маънии он аст, ки “Аллоҳу холиқу кулли шайъин “(ояти 16 сураи Раъд) яъне Худованд холиқи ҳама чизҳост, вале Худованд то ба ҳол амри будан “кун” -ро содир накардааст, тақдири некию бадӣ аз Худованд аст, вале на ба маънии он, ки Худованд сарчашмаи бадӣ бошад, балки аз ӯ фақат некӣ аст.    

  Баҳсҳои каломӣ дар мавриди тақдир ва ихтиёр, сифати Худованд, илму калом, иродаи ӯ хеле доманадоранд. Зикри ин баҳсҳо таҳқиқоти алоҳидаро талаб мекунад. Инҷо фақат зикр карданием, ки Абӯҳанифа бо каломи тавонои ақлӣ ва дониши амиқи нусус хеле мӯъҷаз ва мухтасар, вале равшану бо бурҳони қавӣ назари аҳли суннатро исбот кардааст.

Даом дорад

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter