ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода: Абуҳанифа ва таълимоти ӯ

  • Чоршанбе, Май 03 2023

 

Таҳлили таълимоти каломии Абӯҳанифа нишон медиҳад, ки назарияҳоеро ӯ асос гузошта аст, ки минбаъд аз тарафи андешамандони исломӣ ривоҷ пайдо карда, барои пайдоишу рушди улуми исломӣ заминаи устувор гардидаанд. Каломи Абӯҳанифа ҷудо аз фиқҳи ӯ нест ва маҳз дар ҳамин доира инкишофи худро пайдо кардааст.

 2.2. Пайванди таълимоти ахлоқии Абӯҳанифа бо фиқҳу каломи ӯ

 Таълимоти ахлоқии Абӯҳанифа бо фиқҳу каломи ӯ пайвандии зич дорад, хусусан бо фиқҳ, ки меъёрҳои рафтору амалро фаро мегирад. Ахлоқ ҳама амалу рафтор ва гуфтори одамонро дар назар дорад. Меъёрҳои фиқҳие, ки Абӯҳанифа баён доштааст, бо панду насиҳат ҳамроҳанд.

     Иҷрои мақорими ахлоқӣ ба қавли Абӯҳанифа, аз воҷиботи динӣ ба шумор меравад. Зарурати диндорон ба одоби амалии динӣ мубтанӣ бар ин эътиқодот аст, ки он муносибтарин васила барои ноил шудан ба ғояҳои матлуб бар диндор ба ҳисоб меравад. Бинобар ин аввалан амали динӣ (одоби динӣ) бо низоми эътиқодии диндорон рабту таносубе дорад, сониян, зарурати онҳо ба аҳкому одоби динӣ (яъне амали динии онҳо) ба шарте маъқул аст, ки миёни ин васила (макориму одоби динӣ) ва он ғояи матлуб таносубе бар ҳарф карда бошад.

Дар таълимоти Абӯҳанифа василаи диние, ки танзими зоҳири амали мӯъминро ба ӯҳда дорад, илми фиқҳ аст ва василаи диние, ки танзими ботини амали диндорро бар ӯҳда дорад, илми ахлоқ аст, яъне василаи динӣ ба 2 шоха тақсим мешавад:

Фиқҳ ва ахлоқ

Шакли диндорӣ бо пайравӣ аз низоми эътиқодии ҳадаф бо василаи фиқҳии зоҳирӣ амали хешро дар қолаби шаклӣ аз одоб маносики динӣ ба низом медарорад. Ботини амали хешро бо пайравӣ аз низоми эътиқодот бо василаи ахлоқ дар қолаби муқаррароти бо ҷо овардани аҳком ва фармонҳои ахлоқии хос ба сомон мерасонад, аз ин ҷо ахлоқи динӣ ҷанбаи эътиқодӣ дорад, наҳваи амал ва зисти диндоронро ба шевае, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои динӣ муносиб аст, сомон мебахшад.

Дар баробари дигар рукнҳо: эътиқодот, амалҳои зоҳирӣ, диндор бо риояи меъёрҳои хоси ахлоқии марбут ба ин ва ё он дин шомили ҷомеаи муайяни динӣ мегардад ва ин меъёрҳо ҷомеаҳои диниро то ҳадде аз ҳам фарқ мекунонанд. Таҳақуқи 1 феъли ахлоқӣ қоим ба ният иҷрокунандавӣ, яъне ахлоқӣ будан ва ё набудани усули мустақил аз шакли хориҷии он аст. Агар шахс нияти анҷоми феъли ахлоқан нек ё бадро надошта бошад, феъли ӯ машғули ҳусну қубҳи ахлоқӣ нахоҳад шуд ва ба иборати дигар “феъли ахлоқӣ” таҳаққуқпазир аст, феъли ахлоқи ниятманд аст.

Довари асосӣ ниятҳои фоили феъл аст ва василаи ахлоқӣ ба ботини амали диндор нигаронида шудааст: низоми аҳкоми фиқҳӣ ва ахлоқӣ дар 1 амр бо ҳам муштараканд ва онҳо аҳком барои амал мебошанд. Амали инсон тағйирпазир аст ва вобаста ба воқеият метавонад, тағйир ёбад. Вале онҳо, ки ғоятҳои ниҳони динро дар ҷаҳон  таҳаққуқнопазир медонанд ва муътакид ба онанд, ки низомҳои ахлоқии динӣ низомҳое барои ҳаёти вопасин ҳастанд, таҳаққуқи эътибор ё адами эътибори онҳо дар ин ҷаҳон мумкин нест, балки дар ҳаёти вопасин имконпазир мешавад.  Пас, мутобиқи ин истидлол шахси диндор мукаллаф аст, тамоми натоиҷи дунёӣ он низомҳоро ӯҳдадор бошанд, то аз неъматҳои ухравӣ бебаҳра намонад, вале ин низомҳо низ ҷудо аз соири дигар эътиқодоти шахс нестанд ва имконоти худро аз он эътиқодот касб мекунанд. Илова бар ин низомҳои ахлоқӣ бояд қобили иҷро ва таҳаққуқпазир бошанд.

 Ақл ва фатво

Бинобар ин диндорон ё бояд коре кунанд, ки шароити хориҷӣ чунон тағйир накунад, ки аҳком ахлоқӣ ғайри қобили иҷро шаванд, ё агар шароит бад-он сӯ тағйир кард, ба таҳаввулпазирии он аҳком фатво бидиҳанд. Ин аҳком ба эътибори манбаи мутааллиқ ба ташреъи онҳо аз эътибор бисёр бештаре бархӯрдор хоҳанд буд, чаро ки дар тасаввури шахси диндор олам мутлақ, қодири мутлақ ва хайри маҳз аст ва он аҳкомро аз рӯи хайрхоҳӣ содир кардааст ва инсон бояд ба он аҳком гардан биниҳад ва ба он ҳадафи матлуб ноил шавад, онҳоро собит ва ҷовидона донад.

Тамоми адён бо талаботи навъи илоҳиёти худ шакли хосе аз амал ва зистро низ ба диндор зарур медонанд. Бинобар ин диндор дорои амали хосе хоҳад буд, ки онро «амали динӣ» меноманд ва ин амали динӣ дар партави низоми фиқҳӣ ва ахлоқӣ бояд сомон гирад. Амали динӣ ба 1 суннати хос такя мекунад- ба шахс аз таҷрубаҳои дигарон дар тӯли таърих, яъне суннат бояд баҳра биҷӯяд ва кори худро аз ҳеҷ оғоз накунад ва ба ҷои таъсиси 1 низоми ахлоқии шахсӣ дар 1 суннати динӣ ширкат биварзад ва бар мабнои 1 низоми таърихан таҳаққуқёфта, роҳи худро дар чорчӯби суннати хосс сомон бахшад. Ҳатто навоварӣ низ дар бистари суннат имконпазир аст. Нав дар домани суннат ба вуҷуд омада ба 2 ҷиҳат аз он тафовут дорад, ба ҷиҳати нав буданаш, ҳарчанд, ки шояд идома ва тағйири суннат бошад. Аз дигар ҷиҳат чун нав нисбат ба суннат дониста мешавад, он бояд эҷодкорона сурат гирад, бинобар ин аксари диндорон аз тарс аз Худованд ба аҳкоми ахлоқи дин гардан медиҳанд, гурӯҳи дигар аз рӯи эътиқоди он ки аҳкоми ахлоқии динӣ беҳтарин натиҷаҳоро барои инсон ба бор овард ва қисме аз диндорон аз рӯи талаботи фарҳангашон, чун иҷрои вазифаҳои муайяншуда дар ахлоқ дар дили онҳо ҷой гирифтааст, талаботҳои ахлоқро иҷро менамоянд. Шахсони дигар барои эҳсосоти худ ахлоқеро пайравӣ ва тасдиқ мекунанд, ки ба меъёрҳои ахлоқии худашон доварӣ мекунад, на ба ғайри он.   Бинобар он ҳақ доранд напазиранд, ки усули ахлоқие, ки шахсан танзим кардаанд манбаи ниҳоии эътибори ахлоқ аст.

Давом дорад

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter