ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода: Абуҳанифа дар бораи ҳуқуқ, ахлоқ ва хоҳиши диндорон

  • Чоршанбе, Май 10 2023

Абӯҳанифа, дар фиқҳи худ ҳуқуқу хоҳишҳои диндоронро дар замонаш, ки комилан ҳукмрон буданд, ифода карда, нисбатан озодиҳои онҳоро, то ҳадде дар доираи таълимоти ислом баён кардааст. Мусулмонон дар он фикр буданд, ки ҳақоиқи ахлоқи динӣ дар китобҳои муқаддас баён шудаанд. Натанҳо мусулмонон, балки пайравони аксари адён ҳамчунин андеша доранд. Онҳо аз ақлу фират ба ҳақиқату ахлоқ дастрасӣ доранд. Вале азбаски сарчашмаҳои динӣ барои онҳо гуногун аст ва ҳар 1 равияи динӣ фақат дини худро шомили ҳақиқати бебаҳс медонад, маҳз ақоиди ахлоқии дини худро ҳақиқат медонанд ва фикри дигаронро ботил, ё рад мекунанд. Вале таърих ва инкишофи ҷомеа нишон медиҳад, ки ахлоқ дар ҳамаи давраҳо 1 нест ва метавонад тағйир кунад. Бо вуҷуди ин, кас бояд дар суннати хоси ахлоқӣ иштирок варзад ва аз таҷрибаи пайравони суннати хос дар тӯли таърих баҳра гирад. Дар алоқамандӣ бо ин гуфтаҳо бояд зикр кард, ки дар ислом низ амалҳои ҳасанаи ахлоқӣ зиёданд, ки аз 1 тараф маҳсули ҷаҳонбинии ахлоқии худи ислом бошад, аз ҷиҳати дигар арзишҳои ахлоқии мавҷударо дохили худ намуда, то 1 андозае ахлоқи некро асли дин қарор додаанд.

 

Мақоми Давлат дар дин

Яке аз масъалаҳои муҳим ин мақоми давлат аст, ки дар танзими ахлоқи ҷомеа барои ҳифз ва барқарории назм лозим аст. Аммо давлат ба чӣ ҳад барои иҷрои барномаҳои зиндагӣ метавонад дахолат кунад; оё давлат метавонад рафтори шахсии аҳли ҷомеаро зери назорат гирад?

 Дар ин маврид ақидаҳо гуногунанд, зеро аз 1 тараф агар чунин назорат озодии шахс, эътиқодоти ӯро зери хатар гузорад, аз дигар тараф, ин кор барои ҳифзи ҳуқуқи ҳар 1 нафар аз тазйиқу фишори дигар кас ва тартибу низом шояд вобастагӣ дошта бошад. Аммо тановуъи ахлоқӣ дар ҳама маврид, чи дар дин ва чи дар назорати давлат вуҷуд дорад, ҳамчунон, ки гуногунрангӣ дар ақоиди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ғайра мавҷуд аст. Аз ин рӯ, бояд гуногунрангии ахлоқӣ барои осудагии ҷомеа ба расмият шинохта шавад. Агар дар дин ахлоқ ба Худованд ва фитрӣ будани он ки асоси хилқат аст, вобаста бошад, муҳаққиқони дигаре ҳастанд, ки ахлоқро феномени мустақил ва новобаста ба сарчашмаи динӣ тасаввур мекунанд.

     Дар солҳои охир илми ахлоқ ҳамчун фазилати инсонӣ мавриди таваҷҷуҳи файласуфон қарор гирифтааст ва ҳамчунин доираи баҳс ба қаламрави дин низ кашида шудааст. Онҳоеро, ки фазилатро мавриди таъкид қарор медиҳанд, далелашон ин аст, ки мо вазифа дорем ҳатман он тавр рафтор кунем, ки виҷдонамон моро водор мекунад ва ҳамчунон аз коре худдорӣ намоем, ки ба шаъни мо иснод меоварад.

Дар ахлоқи динӣ амал кардан ба асоси қоидаҳои ваҳйонӣ, ки поя ва асоси онҳо Худованд аст ва амали онҳое, ки назари динии ахлоқро сарфи назар мекунанд, онҳо ахлоқӣ будани афъоли инсонро вобаста ба он медонанд, ки инсон ба кадом андоза ба шахсият табдил шудааст, яъне бо дигарон рафтори муҳаббатомез доштан зарур аст. Вазифаи аслии фарди диндор ин аст, ки аслро дар тамоми ҷанбаҳои зиндагии рӯзмарра ба кор гирад. Дар ин маврид тасаввур дар доираи назарияи ахлоқии марбут ба фазилат аз назарияи ахлоқи динӣ фарқ дорад, зеро он пойбанди таклиф нест. Дар назарияи динӣ гавҳари зиндагии ахлоқӣ диндор будан аст. Аммо назари тарафдорони фазилат огоҳона ва зотӣ аст.

     Усулҳои ахлоқӣ

Ҳамаи муҳақиқон ба усули ахлоқӣ қоил ҳастанд. Ин усул тақрибан ба ҳамаи бахшҳои зиндагии инсон иртибот дорад, яъне инсонҳо худашон муайян мекунанд, ки ба бастагону дӯсташон ва касоне ҳам, ки ба онҳо ҳеҷ иртибот надоранд, чи гуна рафтор кунанд. Усули ахлоқие, ки саҳеҳ менамояд, бештар тақлид аз рафтори аксарияти мардум ва шахсони муътабар мебошад. Аксарияти мардуми диндор дар он ақидаанд, ки дар сарчашмаҳои динӣ ахлоқи хуҷаста муйян шудааст ва иҷрои он аз инсон вобастагӣ дорад.

Аммо дар муқоисаи амалҳои нек дар партави қонуни мантиқ бармеояд, ки 1 чиз наметавонад дар замони воҳид ҳам он чиз бошад ва ҳам он чиз набошад. Бинобар ин, рушди амали ахлоқӣ дар давраҳои гуногун мухталифанд. Дар дастёбӣ ва ҳақиқати ахлоқии мутако ба дин 3 шеваи аз ҳам фарқкунанда вуҷуд дорад:

- Аввалӣ, бовари онро дорад, ки Худованд ба воситаи ваҳӣ (китоби Қуръон) ҳақиқатҳои ахлоқиро ошкор сохтааст, то ки мӯъминон бар асоси онҳо зиндагӣ кунанд.

-Гурӯҳе аз диндорон муътақиданд, ки ақли инсон қодир ба кашфи ҳақиқати ахлоқии илоҳӣ аст ва Худованд манбаи куллии маърифати ахлоқӣ мебошад, яъне Худованд аст, ки фарқияти ниҳоии хусну кубҳро таъсис мекунад ва инсон қодир аст ба ақли худ ҷанбаҳое аз ин меъёрҳои ахлоқиро дарк кунад. Ба қавли онҳо андешаи башар метавонад бисёре аз усули ахлоқии дар пояи Худованд бударо кашф кунад ва низ корбурди онҳоро дар зиндагии рӯзмарра дарёбад.   

-Инчунин гурӯҳе фикр мекунанд, ки порае аз ҳақоиқи ахлоқи динӣ фитрӣ ҳастанд.

Вазифаи аслии фард ин аст, ки ин аслро дар тамоми ҷанбаҳои зиндагии рӯзмарра ба кор бандад. Чунин ба назар мерасад, ки ахлоқи асосшуда ба фазилат дар оянда илми ахлоқи диниро таҳти назорати худ қарор хоҳад дод. Аммо дар баробари ин назария инчунин ақидаҳое вуҷуд доранд, ки ахлоқ ва дарки ахлоқи хубу зишт нисбӣ мебошад. Мутобиқи он аслҳои доимӣ дар ахлоқ вуҷуд надоранд ва ҳар чи он шахс маъқул медонад, барои ӯ нек мебошад. Дар ин сурат ҳар гуна рафтори ғайриахлоқӣ низ ахлоқӣ мегардад. Дигар ин ки дар назарияи нисбияти ахлоқ такомули ахлоқӣ мумкин намешавад, зеро ҳаргуна мавқеъ ва рафтори ахлоқӣ мумкин бошад, маълум нест ва чунин ба назар мерасад, ки тавофуқи ахлоқии фарҳанг камаҳамиятанд ва он чӣ муҷоз ба 1  фарҳанг бошад, ба дигар номуҷоз аст.

 

Давом дорад

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter