Донишҷӯ Мадинаи Шавкат аз Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон меҳмони СССР шуд ва роҷеъ ба варзишгарии духтарони Тоҷик гуфт, «Ман фанати футбол нестам, аммо футболро хуб мефаҳмам. Имрӯз бархе аз занони бесавод байни худ мегӯянд «хондану бо варзиш машғул шудани духтар айб аст». Хондан, машғулият ба варзиш, тамошои футбол… ба духтари Тоҷик айб бошад, пас мо бояд чӣ кор кунем? Дар сар чодар кашида, ғулому каниз шавем? Ана ҳамин фикрҳои беасос миллати моро ақиб партофтааст. Чаро футболи Тоҷик пешрав несту варзиши мо дар пояи варзиши Италияю Испанияю Фаронса намерасад? Агар футбол барои духтари Тоҷик айб мебуд, ҳеҷ гоҳ тими мунтахаби футболи духтаронаи Тоҷикро ташкил намекарданд. Бозии футболро дар хона якҷо бо пайвандонам тамошо мекунам. Футбол беҳтарин намуди варзиш аст, ҳатто сарони давлатҳо нисбат ба футбол бетараф нестанд. Миллионҳо зану мард дар Аврупо мухлиси ашаддии футболанд, пас чаро айб бошад? Нанотехнологияро-ку мо ихтироъ накардем ва ин ҳама маҳсули «фанатҳои футбол»-анд… Тоҷикон футбол тамошо накарда, чиро ихтироъ карданд?
Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, муаллими собиқадор Ҳаким Салимови 74-сола аз деҳаи Андигони ноҳияи Ваҳдат (тел: 98 736 11 36) дар меҳмонии газетаи СССР бо чашмони пурнам гуфт, ки қотили писари ман-Фаррух Салимови 32-сола дар шаҳри Ленингради Русия прораби рус-Сергей аст.
Хонанда ва мухлиси ашаддии газетаи мардумии СССР-Ҳасанбой Шерзода, аз деҳаи Миндонаи ноҳияи Панҷакент меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки солҳои донишҷӯии ман (1974-1979), замони тиллоии СССР, Душанбе яке аз шаҳри ба назар намоёни Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳоло Душанбе назар ба 30 сол пеш хело шукуфта, рушд кардааст. Дар тарабхонаҳои пойтахт хӯрок хӯрдан ва чой нӯшидан аҷаб ҳаловате дорад. Ҳангоми ба ошхона наздик шудан бӯи хуши таомҳои миллӣ ба машом расида, иштиҳои касро зиёдтар мекунад. Пешхизматони зебову хушсухан низ табъи мизоҷонро болида мекунанд. Аммо дар чанд рӯзи меҳмонӣ дар пойтахт табъи маро баъзе тасвирҳо хира намуд. Мардум бо вуҷуди он, ки дар ҳар нуқта қуттии ахлотпартоӣ ҳаст, ашёи нодаркори дасташро дар ҷуйборҳо ҳаво медиҳанд. Яъне, одоб ва фаросати шаҳрнишинӣ надорем! Фаррошони биноҳои истиқоматӣ ва ҳавлиҳо бошанд кори пурмашаққатеро ба иҷро мерасонанд ва шаҳрро тозаву озода нигоҳ медоранд. Ба қадри меҳнати онҳо бояд расид ва онҳо сазовори ҳурматанд.
Узви Ихвон-ал-СССР, соҳибкор Абдуҷабборов Тоҳир, сокини ноҳияи Ховалинг меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки ман аз 1 чӣ дар ташвишам. Вақтҳои охир дар ВАО дар хусуси хизматрасонии маҳсгарон (массажисткаҳо) зиёд матолиби тарғиботӣ намоиш медиҳанд. Ҳама чизро дар дунё харидан мумкин, ба ҷуз виҷдон. Ин ҷо гап сари табибони нохонда ва сунъӣ меравад. Дар асрҳои пеш ин тоифа мардум, яъне маҳсгарон аз 1 қабила буданду бовиҷдон. Ин аст, ки мардум ба онҳо эътиқод дошт, зеро ҳалолкор будандӣ. Имрӯз табибон муайян кардаанд, ки надонистани қоидаҳои маҳс ба инсон зарари ҷиддӣ хоҳад расонид ва аксари бемориҳои сироятӣ маҳз аз он ҷо буруз мекунанд. Ин ҷо аз овардани мисолҳои конкрет худдорӣ мекунам, зеро хонанда аллакай фармуд, ки гап сари чӣ меравад. Ман аз Вазорату Кумитаҳои дахлдор эҳтиромона хоҳиш дорам, ки сари ин масъалаи ба назар гӯё ноаён ҷиддӣ биандешанд. Зеро сухани сари сиҳатии миллат меравад ва нашавад, ки фардо аз мо доғе ба ояндагон бимонад…
Хонанда, дӯст ва мухлиси ашаддии газетаи мардумии СССР, муаллими собиқадор Ҳасан Орифович Файзуллоев, аз ноҳияи Рӯдакӣ меҳмони СССР шуд ва гуфт, рости гап, ҳамин 3 соли охир, қариб ҳар шумораи СССРро хонда, подшивка кардаам. Мақсад аз меҳмонӣ ба дафтари СССР шикоят аз одоби ҷавонон аст. Бархе мегӯянд, ки ҷавонони мо беодоб не, балки шӯханд. Ин андеша ғалат аст. Ман ҳам ҷавону шӯх ҳам будам, аммо беодоб не! Ҳоло ҳар куҷое ҷавононро мебинӣ дар даст телефон, салом додан 1 тараф, ҳатто алейкат намегиранд. Пас ин беодобист, ё шӯхӣ? Охир, ҳамин телефону интернет дар ҷомеаи Ғарб низ ҳаст, аммо онҳо аз хондан дур нестанд-ку? Ояндаи ҷамъият бо ин ҷавонҳои китобгурез чӣ мешуда бошад? Зеро ин насл на газета мехонад, на китоб ва оқибаташ ин аст, ки гоҳ-гоҳ аз забони мардум мешунавам, ки «фалон муаллимро талаба бо мушту лагад кӯфтааст». Навори латукӯби муаллим аз тарафи шогирд ҳоло чандин адад дар интернет роҳ ёфтааст. Акнун худ қазоват кунед, ояндаи мо кӣ ва чӣ мешавад? Ва аз онҳо мо чӣ умед дошта метавонем?
Кабир Эмомзода, паҳнкунандаи газета дар қаламрави шаҳри Душанбе меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки ман барои коллективи СССР 1 паём дорам. Банда 5-6 сол боз ба фурӯши нашрияҳои даврӣ дар пойтахт машғулам. Айни замон дар 1 рӯз 4 гӯшаи Душанберо пои пиёда мегардам. Агар бовар надоред, аз апаи Гулчеҳра пурсед. Бароям Кӯли Комсомол, ки пештар бо номи «Комсомолское озеро» маъруф буд, серхонандатарин нуқтаи газетхонӣ ба ҳисоб меравад ва маҳз дар ин макон кулли таъомҳо ва нӯшокиҳо арзону дастрасанд. Дирӯз дар ин ҷо аз 72 нусхаи газетаи СССР, 50 донааш ба фурӯш рафт. Савдои газета дар Кӯли Комсомол ҳар ҳафта чунин аст. Инчунин, Садбарг, Қарияи Боло, Автовокзал, Мэрве, истгоҳи таксиҳои Ваҳдат, Медгородок аз пурфурӯштарин нуқоти нашрияҳост. Тибқи мушоҳидаи ин ҷониб, аксари ҳаводорон дар саҳифаи 1-уми СССР ба тасвиру ваъзҳои Эшони Нуриддинҷон, бародарони ӯ-Ҳоҷӣ Акбар ва Маҳмудҷон, ба гуфтору аксҳои Ҳоҷӣ Мирзо, Ёқуб Салим, Сангак Сафару Файзалӣ Саид, Ғаффор Седой, Лангарӣ ва ба сенсатсияҳои рӯз таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Дар маҷмуъ, рӯзе дар пойтахт пои пиёда гашта, то 100-110 дона, гоҳе аз он камтар ва шояд бештар газетаи СССРро мефурӯшам. СССР газетаи хонданист ва зиндагонии ман аз пушти он мегузарад. Мо Метавонем!
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар