ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Дек 01 2021

23.11.2021. Соат ба вақти Душанбе 10:20 дақиқа. Маҳмадалӣ Қувватов, нафақахӯр, собиқадори соҳаи милитсия, сокини н.Шоҳмансури ш.Душанбе меҳмони идораи ҳафтаномаи мо шуда, аз фаромуш шудани собиқадорони милитсия дар Рӯзи милиса шиква кард.

   - Ман 27 сол ҳамчун капитани милитсия кор кардам, инспектори калони ОКА-шуъбаи посбонии ШВКД н.Шоҳмансур будам. Аз соли 1994 ба нафақа баромадам. Мехостам гуям, ки 2-3 соли охир аз мо собиқадорони милитсия ҳеҷ ёд намекунанд. Ҳади ақал дар Рӯзи милитсия ягон намояндаи вазорат ба табрикот наомад ё ҳамон 1 занг зада табрик накарданд. Мо аз хотир баромадем-чӣ?

Чоршанбе, Нояб 17 2021

 Мунаввари Абдураҳим, сокини ноҳияи Синои ш.Душанбе меҳмони редаксияи СССР шуда, оиди баддаҳониҳои ҷавонони имрӯза ибрози назар кард.

    - Бисёр ба назар мерасад, ки ҷавонон дар кучаҳои шаҳр одоби муоширатро нигоҳ надошта, ба камтарин мушкил ба ҷанг мехезанду бо ном гирифтани исми мубораки модар ва зан ҳақоратҳои бад мекунанд. Хусусан ин ҳолат дар бозорҳо бештар ба назар мерасад, ки чи тавр ҷавонон ва мардони калонсол назди садҳо духтару занон бо садои баланд тавассути номи Зан-Модар якдигарро хақорат мекунанд. Магар модар онҳоро назодаст?

Инқадар аз эҳтироми модар мегуем, чаро пас ҳамеша бо исми Зан - Модар якдигарро таҳқир мекунем? Барои баъзе волидайн боз ин мояи ифтихор аст, ки мегуянд «писарам ҳақоратро ёд гирифт, яъне мард шудааст». Магар бо даҳон гирифтани ингуна алфоз писар мард мешавад? Маъзарат, вале писар хар мешавад, на мард, агар дашном кунад!

саҳ 14 аз 62

Китобҳо

Flag Counter