1 блогери Тоҷик, ки тарзи боздошти кабк бо истифода аз телефони мобилиро наворбардорӣ карда, онро дар шабакаи ичтимоии Ютюб таблиғ мекард, аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон боздошт ва ҷаримабандӣ карда шуд.
Бино ба итиллои Раҳимов Шамсиддин сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист ба мухбири СССР, тибқи супориши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист ба кормандони ҳифзи муҳити зист ва шӯъбачаи милитсияи экологии ВКДҶТ дар вилояти Хатлон буда, шаҳрванд Алиакбари Ҷамолиддин, сокини деҳаи «Умед»-и ҷамоати деҳоти Навзамини н.Дустӣ тибқи моддаи 227 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 150 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд. Дар рафти сӯҳбат Алиакбари Ҷамолиддин аз кори кардааш пушаймон буда, ба мухлисонаш иброз доштааст, ки ин кори кардаашро такрор накунанд ва ба табиати биҳиштосои худ зарар нарасонанд.
Баҳодур Уроқов, СССР вилояти Хатлон
Вазорати корҳои дохилии кишвар сабаби сӯхтор дар бозори «Корвон»-ро, ки 14.07.2018 соати 13:30 дар нуқтаи фурӯши пахта ба вуқӯъ пайваст, дар сигоркашӣ ва беэҳтиётӣ арзёбӣ намуд.
Бино ба итиллои маркази матбуоти Раёсати сӯхторхомӯшкунии ВКД ҶТ, гунаҳкори сар задани сӯхтор аниқ гардида, он сокини 29-солаи н.Рӯдакӣ Ширин Гадоев мебошад. Дар натиҷаи сӯхтор 135 кило пахта талаф ёфтааст.
Ба ШВКД дар ш.Хуҷанд 1 марди 39-солаи сокини н. Ашт муроҷиат намуда, аз он шикоят кардааст, ки санаи 16.04. 2018, тахминан соати 15:18-дақиқа, аз таҳоратхонаи масҷиди “Шайх Муслиҳиддин”-и шаҳри мазкур, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз ҷайбаш 7775-сомонӣ, 63000-рубли русӣ ва 50-доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Чуноне ки маркази матбуоти ВКД ҶТ итиллоъ медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини н.Мастчоҳ, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Бино ба итиллои аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш.Душанбе расида, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт 6 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Инҳо: Саидов Беҳрӯз Абдусатторович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес –Бенс , рақами қайди давлатиаш 7025СР01, Раҳимов Аъзам Салимович - ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз-21015, рақами қайди давлатиаш 4510СТ01, Раҳимова Ситора Холалиевна - ронандаи автомашинаи тамғаи Ласети , рақами қайди давлатиаш 4729ТТ01, Ахмедов Сафараҳмад Тоҳирович - ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес –Бенс , рақами қайди давлатиаш 3893DO01, Шарипов Сиёвуш Акрамович - ронандаи автомашинаи тамғаи Ренҷ-Ровер , рақами қайди давлатиаш 5300СТ01, Наимов Фатҳулло Хуршедович - ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 3330ЕВ01 мебошанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок ҳафтаи сипаришуда, яъне аз санаи 1-ум то 8-уми июли соли ҷорӣ, дар ҳудуди ш.Душанбе 3301 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Аз ҷумла:идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 6 адад, бе рақами қайди давлатӣ – 21 адад, идора намудани воситаи нақлиёт беҳуҷҷати ронандагӣ – 1 адад, баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 152 адад, истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 133 адад. Инчунин, итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 34 адад, итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оиди манъ кардани воситаи нақлиёт – 10 адад, вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 95 адад, худсарона баромадан аз хати сайр – 72 адад, нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 84 адад;
Вазъияти хавфнок – 3 адад, аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 304 адад, ҳаракати гурӯҳӣ – 8 адад, риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 423 адад, ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 35 адад, ва дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1928 адад.
Шаби 9.07.2018, тақрибан соати 01:15-дақиқа, зани 33-сола, сокини н.Варзоб, ҷамоати деҳоти Чорбоғ, ки соҳиби 3 фарзанд мебошад, бо мақсади худкушӣ аз болои пули к. Соҳилии ш.Душанбе, воқеъ дар наздикии бозори Султони Кабир худро ба дарёи Душанбе партофта, мехост худро ба ҳалокат расонад.
Бино ба итиллои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ин вақт, ки дар кӯчаи мазкур корманди Баталёни хизмаи дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсати ВКД дар ш.Душанбе сержанти милитсия Неъматуллоев Далерҷон бо 2 нафар сарбозони Қисми низомии №5453-и Раёсати Қушунҳои дохилии ВКД Мирзошоев Саъдӣ ва Шерхонов Насим пайи адои вазифаҳои хизматӣ буданд, бо мушоҳидаи ғарқшавӣ дарҳол занро наҷот доданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки Қирғизистон хабар медиҳад, ки ин ниҳод дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон контрабандаи 21 тонн маҳсулоти кишоварзиро ошкор кардааст. Ба гуфти масъулони Хадамот, "кормандони гумрук мошини боркашеро, ки ба тарафи вилояти Ботканд равон буд, боздоштанд. Онҳо аз дохили мошин маҳсулоти кишоварзиеро ёфтанд, ки барои содироти он ягон хел ҳуҷҷат надошт". Ба гуфти ин ниҳод, арзиши маҳсулоти кишоварзӣ 166.000 сом (беш аз 22.000 сомонӣ)-ро ташкил дода, молу амволи мазкур тариқи гузаргоҳи Тоҷикистону Қирғизистон ғайриқонунӣ ба кишвар ворид карда шуда буд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар