ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Июн 07 2018


Аз рӯи тахминҳои пешакӣ расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ боиси сар задани оташдар қаҳвахонаи «Мерве» шудааст.
Рӯзи гузашта, 6.06.2018, соати 16:00 дар қаҳвахонаи «Мерве» воқеъ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт сӯхтор ба амал омад. Барои хомӯш намудани он 4 мошини оташнишонӣ сафарбар карда шуда, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Зарари аз ин ҳодиса ба қаҳвахона расида низ зиёд набуда, ҳангоми сар задани сӯхтор кормадони қаҳвахона бо омода намудани мизу курсиҳо ба ифтор машғул будаанд ва тавонистаанд мардумро зуд ба берун бароранд.

Панҷшанбе, Май 24 2018


Дар ш.Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории ҳамоҳангсози Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон вохӯрии якҷояи ҳайати Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур ҳайати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардорони 1 қатор раёсатҳо ва ҷузъу томҳои дахлдори Вазорат намояндагӣ карданд.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Бобоҷонов Пулод Раззоқович оғоз намуда, ҳайати кории Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон хайра мақдам гуфта, қайд кард, ки мардуми тоҷик ва ӯзбек аз даврони қадим бо ҳам дӯст ва бародарони қарин буда, дорои фарҳанги бою ғании ба ҳам наздик мебошанд. Боиси хурсандист, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди 2 вазорат боз ҳам тақвият ёфта, умед дорем дар ин замина ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.
Дар навбати худ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Вазири корҳои дохилии давлати Ӯзбекистон генерал-майор Бобоҷонов Пулод Раззоқович барои истиқболи гарму самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор дошт, ки мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз густариш ёфтани ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар самтҳои фарогир, аз ҷумла мубориза бо ҷинояткорӣ, хатарҳои ҷаҳони имрӯз, мубодилаи таҷриба вобаста ба масъалаҳои наздисарҳадӣ қаноатманд буда, итминони комил дорем, ки ин робитаҳо дар оянда низ боз ҳам ривоҷ хоҳанд ёфт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ нахуст ҳисоботи роҳбарони ҷузъу томҳои дахлдори ҳар ду ҷониб оид ба амалисозии Созишномаҳои қаблан ба имзорасида шунида шуда, ҳамчунин сатҳи ҳамкориҳои байни мақомотҳои корҳои дохилии наздисарҳадии 2 давлат, ҳамкориҳо дар самти таъмини бехатарии роҳҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷумъа, Май 18 2018

Мувофиқи тағйиротҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ворид кардашуда, минбаъд нисбати шахсоне, ки пойгаҳои ғайрирасмиро ташкил мекунанд, ё дар ин пойгаҳо воситаҳои нақлиётро идора мекунанд ва ё воситаҳои нақлиёташонро ба дигар шаҳсон барои иштирок дар пойгаи ғайрирасмӣ медиҳанд, ба андозаи аз 250 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 12 500 то 15 000 сомонӣ ҷарима таъин карда мешавад. Ҳамзамон ин шахс аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 2 сол маҳрум карда мешавад. Агар шахс ин кирдорро такроран содир намояд андозаи ҷарима 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
   Бояд қайд намуд, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» дар таҳрири нав қабул гардида, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳаракат дар роҳҳоро муайян намуда, идоракунии давлатии ҳаракат дар роҳ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро танзим карда, таснифи роҳҳои автомобилгард ва воситаҳои нақлиётро муқаррар менамояд. Ҳамзамон, ба чорабиниҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва таъминоти тиббии бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ диққати махсус дода мешавад.
Мувофиқи тағйироти дигари ба ин Кодекс воридкардашуда барои ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда мешавад.



Панҷшанбе, Май 03 2018

Дар муассисаи таълимии №12-и ш.Бохтар гуруҳи корӣ аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шӯъбаи ВКД дар маркази вил.Хатлон бо омӯзгорон, волидони хонандагон ва толибилмони синфҳои болоии муассисаи мазкур вохӯрӣ доир кард. Нахуст мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ш.Бохтар Музаффар Ғаффуров баромад намуда, дар бораи мақсади асосии баргузории вохӯрӣ табодули афкор кард. Инчунин дар бораи ҷангу хархашаҳо миёни хонандагони синфҳои болоӣ, даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ задани наврасону ҷавонон, ба гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ шомил шудани ҷавонон ибрози андеша кард. Ӯ афзуд, ки ҷавонони имрӯзро зарур аст, ҳаргиз зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва ба фиреби ифротиён дода нашаванд. Ғайр аз ин волидонро лозим аст, ки дар самти иҷроиши қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъулияти ҷиддӣ дарк намуда, ҳамкориро бо муассисаи таълимӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва фарзандонро назорати қатъӣ кунанд. Зеро ба чашм мерасад, ки аз беназоратии баъзе аз волидон наврасону ҷавонон ба оворагардӣ машғул шуда, ба амалҳои номатлуб даст мезананд. Ҳамзамон дар худи муассисаи худ рафторҳои ношоиста мекунанд. Махсусан, ба ҳамин монанд чанд рӯз қабл чанде аз хонандагон миёни ҳам нофаҳмоӣ карданд, ки боиси ҷаримабандӣ шудани волидонашон шуд. Ғаффуров дар бораи таълиму тарбияи фарзанд, масъулияти омӯзгор ва падару модар, таваҷҷӯҳ нисбати толибилмон аз тарафи давлату ҳукумати кишвар ва дастгирӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ибрози назар кард.
Сардори шӯъбаи ВКД дар ш.Бохтар Исозода Набиҷон перомуни амалҳои ношоистаи қисме аз ҷавонону наврасони шаҳр, хусусан мактаббачагон ҳарф зад. Илова намуд, ки давоми соли ҷорӣ чандин нафар падару модарон бо сабаби бетарбиягӣ, рафторҳои ношоистаи фарзандонашон ҷаримабандӣ шуданд, ки боиси таассуф аст. Исозода дар боби шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ибрози андеша кард, ки аз ш.Бохтар ба сафи чунин гуруҳҳо чанде аз ҷавонон шомил шуда, ҳамагонро ба ташвиш овардааст. Ин ҷавонон роҳгумзадаанд, ки падару модар ва дигар наздикони худро партофта, ба амалҳои ғайриинсонӣ машғуланду ҷони худро беҳуда ба нестӣ мебаранд. Сабаби ин ҳама фаҳмиши пасти ҷавонон аст. Дар ин самт волидон ҳам қисман гунаҳкоранд.

СССР

Чоршанбе, Май 02 2018


Бо назардошти ҷамъбасти соли 2017 ва семоҳаи аввали соли 2018 дар ҶТ 1,5 миллион ҳуқуқвайронкуниҳо дар роҳу нақлиёт ошкор карда шуд, ки аз он 6,6 ҳазор дар ҳолати мастӣ, зиёда аз 330 ҳазор бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 1372 бо шишаҳои сиёҳу хиракардашуда, инчунин 6 ҳазору 422 қоидавайронкуниҳо бе рақами давлатӣ ва бо рақамҳои қайди бегона буда, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон дар доираи қонунгузории кишвар чораҳои дахлдор андешида шудааст. Дар ин бора имрӯз зимни баррасии Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳаракат дар роҳ” дар Парлумони мамлакат Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ хабар додааст.
Бино ба итиллои мавсуф, дар тайи 3 моҳи аввали соли равон ҳуқуқвайронкуниҳои дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани воситаҳои нақлиёт коҳиш ёфтааст.
- Агар дар зарфи 3 моҳи соли гузашта дар ҷумҳурӣ  2 ҳазору 261 вазъи дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шуда бошад, пас ин омор дар се моҳи соли равон  669 ҳолатро ташкил медиҳад. Инчунин,  бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани воситаҳои нақлиёт дар зарфи 3 моҳи соли гузашта беш аз 11,5 ҳазор ҳолат ва дар тӯли 3 моҳи соли равон 334 ҳолатро ташкил медиҳад. Яъне, тамоюли ин намуди ҳуқуқвайронкуниҳо якчанд маротиба кам гардидааст, - гуфтааст Абдураҳмон Аламшозода.

саҳ 29 аз 83

Китобҳо

Flag Counter