Мубориза алайҳи қонуншиканиҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ яке аз вазифаҳои муҳими кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, дар ин самт пайваста диққати махсус зоҳир карда мешавад.
Зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе фурӯши ғайриқонунии либосҳои мактабии кӯдакона дар бозори ҶДММ «Достӣ»-и пойтахт ошкор гардид.
28-уми августи соли 2017 дар натиҷаи гузаронидани санҷиш аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар бозори ҶДММ «Достӣ»-и пойтахт аз контейнери №3, ки иҷорагираш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Я. В., соли таваллудаш 1982 истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан мебошад, 104 баста либосҳои мактабии кӯдаконаи истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон дарёфт карда шуд.
Дар вақти пурсиш муайян гардид, ки ин либосҳои кудаконаи мактабиро номбурда аз бозорҳои либосфурӯшии вилояти Суғд барои фурӯш дар бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе аз соҳибкорони ба у ношинос бе ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ харидори намудааст.
Бо ин ҳаракатҳои худ шаҳрванд Я.В., ба қонуншикани роҳ додааст, ки ҷавобгарии маъмурии он дар моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгарии маъмуриро барои харидан, нигоҳ доштан, интиқол додан, ҳамлу нақл, истифодабарӣ ва мусоидат ба фурӯши моли бидуни назорати гумруки воридшударо пешбинӣ шудааст.
Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Я.В., бо моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, ба Суди ноҳия Фирдавсии шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто
ВКД ҶТ эълон намуд, ки садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Роштқалъа-Хоруғ, ки 10 кушта барҷой гузошт, дар пайи сангрезӣ рух додааст.
Микроавтобуси “Старекс”, ки 13 нафар мусофир дошт, субҳи 28-уми август дар пайи резиши санг ба дарё афтод. Дар пайи ин садама, 10 нафар, аз ҷумла 4 кӯдак ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар ба шумули ронанда дар бемористон бистарӣ мебошанд.
СССР
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро имрӯз рутбаи генерал-полковники милитсия дода шуд. Инчунин, рутбаи нави генералӣ-генерал-майори милитсия ба сардори РВКД дар ВМКБ Искандарзода Абдулваҳоб Мансур, сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт Шафизода Рустам Исмоил, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ Рамазонзода Суҳроб Кароматулло, сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон, сардори Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилӣ Маҳамдшозода Шерали Аъзам дода шудааст.
Хамчунин, 18 нафар кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо медалҳои «Хизмати шоиста» ва «Ҷасорат» мушарраф гардиданд.
СССР
22.08.2017, тахминан соати 04:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ФОТОН”, Бердизода Парвизи Бобомурод, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии баландиаш 300 метр чаппа шудааст.
Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар натиҷа худи ронанда, Бердизода П. ва мусофираш, Одинаев Парвиз Сангалиевич соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ҳисор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари автомашина Акбари Турсунмурод соли таваллудаш 1991, сокини ҳамин шаҳр, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
СССР
1 манбаъи мӯътамади СССР хабар дод, ки рӯзи 13.08.2017 беш аз 15 нафар ҷавонони деҳаи Айвоҷи ҷамоати деҳоти «Ҷӯра Назаров»-и н.Шаҳритус баъд аз 1 маъракаи тӯйи деҳа маст шуда, 2 ҷавони ҳамин деҳаро мурданивор мекӯбанд. Элмурод Ярқулов-мудири шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии н.Шаҳритус бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки ин 2 ҷавонро дар ҳолати вазнин дар шӯъбаи ҷароҳҳӣ бистарӣ кардаанд. Ашӯров Хуршеди 30-сола ва Қурбонов Алишери 32-сола сокинони н.Кӯлоб ҳангоми лату кӯб косахонаашон аз 5 то 15 см кафидааст. Ҳоло бошад онҳо тариқи қаламу дафтар сӯҳбат мекунанд, чун гап зада наметавонанд. Ярқулов мегӯяд, «мо ҳамаи кӯшишҳоро мекунем, то саломатии онҳо барқарор шавад».
Собиқ корманди КДАМ Салим Назаров-падари Хуршед, дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки «ман ҳоло дар ҳолати шок қарор дораму модараш ба бемории қалб гирифтор аст ва оилаи Хуршед бошад ҳомиладор ва аз ин ҳолат хабар надоранд. Худо мегӯям, ки аз ин ҳолат хабардор нашаванд… Ман бо писарам барои зиндагиро пеш бурдан 1 қитъа заминро гирифта ба тарбузкорӣ машғулем. Ҳангоми мавсим аз ҳар гӯшаи кишвар барои харидории тарбуз меоянд ва 3 рӯз пеш аз воқеа дӯсти писарам Алишер аз н.Кӯлоб омаду гуфт: «Тағо, ман барои хариди тарбузи шумо омадам». Ба ӯ гуфтам, ки «бачам, каме вақт лозим барои ҷамъоварии тарбуз». Ва ӯ хост, ки то ҷамъоварии ҳосил ба мо кӯмак кунаду баъдан тарбузҳои чидаашро ба н.Кӯлоб барад. Дар тақдираш ин ҳолат рух дод».
Салим Назаров дар идома гуфт: «Хуршеду Алишер, санаи 13 август, шаб ҳангоми аз сари замин баргаштан 1 тӯда ҷавонон аввал писари маро аз пушти сар зада, нимҷон карда, баъд Алишерро низ зери лату кӯб мегиранд, дастҳояшонро баста дар сару қафаси синаашон мурданивор мезананду аз ҷои ҳодиса мегурезанд».
Салим афзуд, ки «ба ман овоза расид, дар ин гурӯҳ 24 нафар ҳамчун гумонбар мавриди тафтиш қарор доранд».
Гуфта мешавад, ки дар ин гурӯҳи 24-нафара бародари корманди БДАи ноҳия бо номи Бегиҷон ва писари амаки корманди идораи танзими ноҳия низ будааст. Ба қавли Салим, «корманди идораи танзим 2 рӯз пеш назди ман омада гуфт, ки «акаи Салим, ман корманди танзими ноҳия ҳастам, яке аз онҳо писари амакам аст, ӯро мебахшед?» Ман ӯро бо суханони қабеҳ аз наздам пеш карда гуфтам, агар писари ман бо писари шумо чунин рафтор мекард, бо ман чӣ кор мекардед?»
Баҳодур Уроқов,
СССР вилояти Хатлон
Ҳафтаи гузашта ҳайати намояндагони ВКД ҶТ бо роҳбарии муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ҷиҳати иштирок дар нахустин ҷаласаи Гурӯҳи ҳамоҳангсозии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд.
Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар доираи баргузории ҷаласаи мазкур муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Азизов Абдусалом Абдумавлонович вохӯрда дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушду инкишоф додани ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомотҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, махсусан дар самти терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амният ва дигар қонуншиканиҳо ибрози андеша намуданд.
Ҳамчунин ҷиҳати табодули таҷриба, мубодилаи иттилоот ва пурзӯр намудани ҳамкориҳои дуҷониба 1 қатор таклифҳои судманд пешниҳод карда шуд.
СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар