ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Авг 11 2017

Садамаи пурқурбоние, ки 30.07.2017, соати 11:10-дақиқа дар маҳаллаи «Водонасос»-и пойтахт сурат гирифт, мавриди санҷиши Сарпрокуратураи ҳарбии ҶТ қарор дорад.
Чуноне ки ВКД ҶТ хабар додаст, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 01-00 МА 01 Шарифов Одилҷон Комилҷонович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Ташкент, хонаи 4 буда , муфаттиши шӯъбаи тафтишотии КДАМ ҶТаст. Вай ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Амиршоев ба самти кӯчаи Чашмасор (Водонасос)-и шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагардон Ҷобиров Қурбоналӣ соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Варзоб, деҳаи Дашти Мирон ва Мизонов Муҳаммадҷон соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Умари Хайёмро, ки дар канори роҳ меистоданд, пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагардон Мизонов М. ва Ҷобиров К. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, аз ҷароҳатҳои бардошта Ҷобиров Қ. дар беморхона вафот кардааст.
Оид ба ҳодисаи мазкур маводҳо барои қабул намудани қарори ниҳоӣ аз рӯи тобеият ба Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда шудааст.

СССР


Панҷшанбе, Авг 03 2017


Дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 638 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки сатҳи ошкоркунии ҷиноятҳо 83 % ташкил медиҳанд. Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиётҳои махсус 17 гурӯҳи муташаккили ҷинояткор муайян ва дастгир карда шудаанд. Дар ин бора ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии кишвар дар нишасти матбуотии ахири хеш иттиллоъ додааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 2233 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб куштор-49 роҳзанӣ-23 ғоратгарӣ 77 таҷовуз ба номус-26 қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ-60 авбошӣ-564 дуздӣ-3119 ҳолат, инчунин 1408 ҷинояти қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст.
Мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб рафта, дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 293 ҷиноят вобаста ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ошкор карда шуд.
Аз ҷониби ноболиғон 339 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71 ҳолат камтар мебошад. Аз тарафи ҷавонон бошад 5852 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Дар муқоиса бо соли гузашта 12 ҳолат зиёд гардидааст.
Дар соли равон дар ҷумҳурӣ 591 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 194 нафар ҳалок ва 623 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Дар ҷумҳурӣ 597 ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷа 14 нафар одамон фавтиданд, ки 5 нафарашаон ноболиғ мебошанд, 20 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Маблағи зарар қариб 4 миллион сомониро ташкил дода, беш аз 140 миллион сомонӣ молу мулки шаҳрвандон аз сӯхтор эмин нигоҳ дошт шуд.

СССР

Чоршанбе, Авг 02 2017


Имрӯз 2-юми август, дар толори ШВКД-и ш.Қурғонтеппа барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундгаро ва қонуншикании ҷавонон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ прокурори шаҳр-Баҳриддин Сафарзода, сардори ШВКД-и шаҳр-Набиҷон Исозода, сархатиби масҷиди марказӣ-Усмоналӣ Нуров, раисони маҳаллаҳо иштирок доштанд. Исозода зимни баромади худ гуфт, ки «ҳамкории сокинонро бо мақомоти қудратӣ бояд мустаҳкам намуд. Ҳамкории сокинон бо мақомоти давлатӣ дар шаҳр дар сатҳи паст қарор дорад. Танҳо дар якҷоягӣ ва ҳамкорӣ метавон сулҳу амнияти давлату ҷомеаро таъмин намуд. Ҳар 1 шаҳрванд вазифадор аст, ки бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ зич намуда, дар пешрафти давлату миллат ҳиссагузор бошад». Исозода ба раисони маҳаллаҳо супориши муҳим дод, ки бо сокинон вохӯриҳо гузаронида, аз натиҷаи вохӯриҳо ҳисобот диҳанд. Мавсуф иброз намуд, ки чун соли 2017 Соли ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат эълон шудааст, мо тасмим гирифтем, дар миёни ҷавонони ш.Қурғонтеппа мусобиқаи футбол дар миёни 30 маҳалла баргузор кунем ва ба дастаҳои ғолиб тӯҳфаҳои хотиравӣ супорем.


Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Чоршанбе, Авг 02 2017

Суди Олӣ 2 тан аз чеҳраҳои замоне саршиноси мубориза бо коррупсияро, ки акнун худ коррупсионер шудаву бо маблағҳои махсусан калон пора мегирифтаанд, барои 10,5 сол озими зиндон кард. Давлатбек Хайрзода-муовини раиси Оҷонсии коррупсия ва Фаридун Беназирзода-муовини раиси Гумруки ш.Хуҷанд чунин ҳукм гирифтанд. Дигар, 11 тан аз афроди муҷрим ҳукмашонро интизоранд. Воқеан ҳам хеле аҷиб аст, ки бо вуҷуди аллакай маҳкум шудани дастандаркорон парвандаи онҳо сиррист ва судашон паси дарҳои баста сурат мегирад ва халқ намедонад, кӣ, киҳо, чаро, чигуна ва барои кадом гуноҳ суд шудан доранд. Чунин вазъ ба пиндорамон, танҳо дар кишвари мо рух медиҳаду бас. Зеро Мо метавонем!

Ҷумъа, Июл 28 2017


Исмоил Муродбек Мирмахсумиён-раиси собиқи суди н.Рӯдакӣ бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шудааст. Ӯ рӯзи 17 июл бо фармони президент "бино бар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо” аз мақом барканор шуда буд. Тибқи манобеи хабарӣ, Мирмахсумиён ба гирифтани пора ба маблағи 8000 доллар барои "ҳал” кардани масъалаи 1 делои ҷиноятӣ гумонбар мешавад. Ба гуфтаи ин манобеъ, ба зидди ӯ бар асоси қисми 4-и моддаи 319-уми КҶ ҶТ (гирифтани пора ба миқдори қалон аз ҷониби шахси мансабдор) делои ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Бар асоси ин банди қонун, ба Исмоил ҳамчун муҷозот аз 7 то 12 соли зиндон бо мусодираи молу мулк ва маҳрумият аз ишғоли мансабҳои давлатӣ барои 5 соли дигар таҳдид мекунад.

Ҷумъа, Июл 28 2017


Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти Бахтиёр Искандарович Қаландаров-сардори шӯъбаи милисаи ҷамоати Зиракии ш.Кӯлоб хабар дод. Қаландаров аз шаҳрванд "А” барои оғоз накардани делои ҷиноятӣ 4000 сомонӣ пора талаб кардааст. Ӯ дар навбати аввал аз "А” 600 сомонӣ гирифта, боз оварда додани 3400 сомонии дигарро талаб кардааст. Ҳоло ба зидди Бахтиёр бар асоси қисми якуми моддаи 319-уми КҶ ҶТ (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад. Ин банди қонун барои гирифтани пора ҳамчун муҷозот то 5 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

саҳ 43 аз 83

Китобҳо

Flag Counter