6-уми декабри соли 2016, гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар шаҳри Турсунзода, бо маслиҳати пешакӣ, бо роҳи гаравгонгирӣ ба даст овардани маблағи калони пулӣ даст ба ҷиноят зада Азимҷон Узоқов, писарбачаи 17-солаи хонанандаи Мактаб-литсеи президентии шаҳри зикргардида ҳамчун шиноси падараш муаррифӣ карда, ӯро ба доми худ дароварда, гаравгон гирифта буданд.
Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, ҳамон рӯз, тахминан соати 07:30 дақиқа, яке аз аъзоёни ин гурӯҳ дар кӯчаи И. Сомонии шаҳри Турсунзода бо роҳи фиреб худро ба Азимҷон дӯсти падараш ном бурда номи ӯ ва падарашро зикр мекунад ва пешниҳод менамояд, ки ӯро то мактаб бо мошини тамғаи «ДЭУ ТИКО» бурда расонад. Ноболиғ ба суханҳои ӯ бовар карда, ба автомашина савор мешавад. Баъдан, ин аъзои гурӯҳ ноболиғро ба тарафи яке аз биноҳои истиқоматии маҳаллаи шаҳри Турсунзода, ки дар он ҷо аъзои дигари ин гурӯҳ, яъне ҳамсари ӯ интизор буд, оварда, дар якҷоягӣ ӯро маҷбуран ба дохили бино медароранд. Сипас, онҳо дасту пойи писарбачаро бо коғази ширешшуда (скоч) баста, ҳаммаслаконашонро ба назди худ даъват менамоянд. Баъдан ин гурӯҳи ҷиноятпеша ба падари ноболиғ тавассути телефони мобилӣ занг зада, аз ӯ барои озод кардани писараш маблағи пулӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари амрикоӣ талаб менамоянд.
Пас аз ба ВКД ворид гардидани ахбороти дахлдор, оиди ҳодисаи гаравгонгирӣ аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран гурӯҳи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ созмон дода шуда, амалиёти махсус амалӣ карда шуд. Дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ худи ҳамон рӯз, соати 23:30 дақиқа, 3 нафар шахсони гумонбари ҷинояти гаравгонгирӣ дастгир гардида, 1 нафари онҳо ҳангоми озод намудан ва ҷой доштани таҳдид ба ҷону саломатии ноболиғ безарар гардонида шуд.
Ноболиғи ба гаравгон гирифташуда, бе бардоштани зарари ҷисмонӣ озод карда шуда, ба волидайнаш баргардонида шуд. Ҳангоми гузаронидани амалиёт аз тарафи шаҳрвандон ва кормандони мақомот касе осеб надидааст. Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии кишвар шахсан роҳбарии амалиёти мазкурро роҳбарӣ намудааст.
СССР
5 декабр дар вил.Хатлон бахшида ба муносибати 21-солагии таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия ВКД ҶТ чорабинии бошукӯҳ барпо шуд. Раиси вилоят-Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода зимни сухани табрикотии хеш гуфт, ки «бояд таъкид намоям, дар солҳои охир Ҳукумати ҷумҳурӣ барои фароҳам овардани шароити моддӣ-техникӣ хизматрасонӣ, таъминот бо лавозимоти ҷангӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамояд… Бо истифода аз фурсат кормандони ин ниҳодро ба ҷашни 21-солагии таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ самимона табрик намуда, бовар дорам, ки Шумо мардони Ватан барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини суботу оромӣ ва амнияти шаҳрвандон софдилона ва содиқона ба нафъи давлату миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ хизмат менамоед».
Шарифзода Баҳром-сардори РВКД дар вил.Хатлон зимни суханрони афзуд,ки Дастаи таъиноти махсуси милитсия аз воҳидҳои асосии ВКД дар самти мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ба ҳисоб рафта, дар набардҳои сангин зидди гурӯҳҳое, ки ба амният ва сокинони кишвар хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд, мубориза мебаранд…
Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон
Ба хотири пешгирии хатарҳои муосири ҷомеа ва зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризм ва экстримизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрави ифротӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон вохӯрии роҳбарияти РВКД дар ВМКБ ва раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бо сокинон, халифаҳо, ҷавонон ва фаъолони ин ноҳия вохӯрии судманд баргузор гардид.
Соли 2017 давраи муҳим дар ҳамкориҳои ҳарбии Тоҷикистону Русия аст ва аз рӯи нақшаи мудофиаи 2 кишвар, интизор меравад, ки Маскав ба Душанбе ҳавопаймою чархболҳои ҳарбӣ бидиҳад. Сергей Шойгу-вазири дивоъи ФР дар 1 изҳорот рӯзи 30 ноябр дар шаҳри Маскав бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо гуфтааст, ки ин нақша барои тақвияти суботу низом дар марзҳои ҷанубии СПАД мусоидат хоҳад кард. Ш.Мирзо дар мулоқот бо Шойгу гуфт, “марзҳои ҷанубии созмон пайваста таҳти назорати нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарор доранд”. Аммо ба таъкиди Сергей Шойгу, интиқоли ҳавопаймоҳо ва чархболҳои низомӣ бо дарназардошти таҳдидҳои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро аз Афғонистон, аз ҷумла баъд аз ҳузур пайдо кардани гурӯҳҳои марбут ба созмони “Давлати исломӣ” дар қаламрави Афғонистон муҳим аст. Ба гуфтаи Шойгу, “ҳоло беш аз ҳазор афсарони тоҷик омӯзиш ёфта ва ин раванд идома дорад. Мо дарк мекунем, ки мубориза бо терроризми байналмиллалӣ кори дастҷамъона асту Русия дар ин кор ҳамеша дар канори Тоҷикистон”.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз як қатор марказҳои савдо ва бозорҳо, аз ҷумла аз марказҳои савдои Фурӯшгоҳи Марказӣ (ЦУМ), «Пойтахт - 90» ва «Рӯдакӣ - Плаза» воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дидан намуд. Дар ин бора ба мухбири СССР аз дафтари матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд.
Рамазон Раҳимзода зимни боздид аз шароити корӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии марказҳои савдо, ҳамчунин бо фурӯшандагон ва харидорон оиди нарху наво ва тартиботи ҷорӣ ҳамсӯҳбат гашт. Ҳангоми шиносоӣ бо рафти корбарӣ ва риояи тартиботи ҷорӣ дар баъзе аз марказҳои савдо як қатор камбудиҳо, аз ҷумла пӯшидани либоси ягона мушоҳида мегардид, ки онҳо аз ҷониби масъулини соҳа сари вақт бартараф карда шуданд.
СССР
1 нафар зиндонӣ-Носири Амонуллохон, сокини 26-солаи шаҳри Исфара, аз тюрмаи №3/3-и ш.Хуҷанд фирор карда, амалиёти боздошти ӯ ҳанӯз ҷараён дорад. Ин ҳодиса 24 ноябр сар задааст. Тибқи сарчашмаҳо Носир, сокини ҷамоати Навгилем бо қарори додгоҳи ш.Исфара бар асоси моддаи 248-и Кодекси ҷиноӣ, барои ғоратгарӣ 11 сол суд шуда буд: “Айни ҳол ҷузъиёти фирораш омӯхта мешавад. Ҳамзамон амалиёт барои боздошти маҳбуси фирорӣ идома дорад”.
Дар 5 моҳи охир ин ҳодисаи 2-уми фирор аз зиндони №3/3-и Хуҷанд аст. Ёдрас мешавем, ки моҳи июн аз ҳамин маҳбас Рамзуллохон Дадохонов, Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзозариф Қаюмов талоши фирор карда буда, ҳини фирор Ёрмамад Алимамадов, сардори бахши назорат ва тарбият дар ин маҳбасро бо корд кушта буданд. Аммо аз фирориҳо Мирзозариф Қаюмов дар задухӯрд бо зиндонбонҳо ба ҳалокат расида, Ҳабибҷон Юсуфов захмӣ ва билофосила дастгир шуд. Танҳо Рамзуллохон Дадохонов тавонист, аз девори бетонии симхорпечи маҳбас берун ҷаҳида, фирор кунад.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар