ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Сен 18 2017


Тобистони с.1943 Артиши олмонӣ дар Фронти шарқӣ амалиёти "Цитадел"-ро оғоз намуд. Ин амалиёт дар қавсайн (дуга)-и Курск ба вуқӯъ пайваст ва немисҳо бори охир ният доштанд, вазъиятро таҳти тасарруфи худ бигиранд. Дар натиҷа, дар ин қавсайн задухӯрди шадиде миёни нерӯҳои олмонӣ ва Артиши Сурх сар зад.

Душанбе, Сен 11 2017


9.09.1991 иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон бо 1 овоз қарори эълони истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қабул кард ва кишвари мо соҳибистиқлол шуд. Гарчи истиқлолият ба таъбире "аз Маскав" ба бештари кишварҳои пасошӯравӣ тақдим шуд, аммо миллати тоҷик низ дар роҳи расидан ба истиқлолият талошҳои зиёде намудааст. Ин ақида дар зеҳни бисёре аз зиёиён ва фарҳехтагони ин миллати куҳантамаддун нуҳуфта буд ва дар аввалин фурсат дубора буруз кард. Чунин фурсат бо бозсозии горбачевӣ фаро расид.

Душанбе, Авг 07 2017


Асорати талх
3.08.1995 тайёраҳои қиркунандаи Толибон дар фазои ҳавоии Афғонистон тайёраи "Ил-76"-и русиро, ки ба ширкати тотории "Аэростан" тааллуқ дошт, ба замин фуроварданд. “Ил-76” аз Тирана-пойтахти Албания ба ш.Кобул парвоз дошт ва мебоист ба нерӯҳои ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ мебурд. СССР пеш аз суқути худ қарор дода буд, ба ҳеҷ тарафи даргир дар Афғонистон кумаки ҷангӣ накунад, аммо ворисони ин абарқудратро рафторашон аллакай дигар шуда буд.

Ҷумъа, Июл 28 2017

Суди вилояти Лебапи Туркманистон дар аввали моҳи июли 2017 беш аз 40 кадри литсейҳои туркиро ба мӯҳлати аз 12 то 20 сол суд кард. Ин афрод ба ҳамкорӣ бо ҳаракати рӯҳонии фирории турк Фатҳулло Гюлен айбдор мешуданд. Онҳо аз ҷумлаи беш аз 50 касонеанд, ки моҳҳои май ва июн бо ҷурми алоқа бо ҳаракати Гюлен дастгир шуданд.

Панҷшанбе, Июл 20 2017


28 сол муқаддам, 22.07.1989 дар Тоҷикистон "Қонуни забон" қабул ва тибқи ин Қонун забони тоҷикӣ забони давлатии РСС Тоҷикистон эълон карда шуд. Онро шояд аз ҳама қонуни машҳури РССТ мешавад муаррифӣ кард. Дар қалби кишвари шӯравӣ тоҷикон яке аз аввалинҳо шуда, ба фарҳанги миллии худ рӯ оварданд. Албатта, эҳёи ин фарҳанг роҳи тӯлонӣ дошт.

Ҷумъа, Июл 14 2017


15.07.1975 дар айни ҷанги сард 2 киштии кайҳонӣ-"Союз"-и шӯравӣ ва "Аполлон"-и амрикоӣ, яке аз Байканури Қазоқистон ва дуввумӣ аз димоғаи Каннавери ИМА ба самти ҳамдигар париданд. Соати 15:20 дақиқа "Союз-19" бо кайҳоннавардон Леонов ва Кубасов ба фазо бархост ва 7 соату 30 дақиқа пас "Аполлон" бо кайҳоннавардон Стаффорд, Бранд ва Слейтон ба парвоз даромад. Ин лоиҳаи муштараки шӯравӣ-амрикоӣ дар таърих чун аввалин гармшавии иқлими сиёсӣ дар сайёраи Замин сабт шудааст.

саҳ 49 аз 60

Китобҳо

Flag Counter