Дар оғоз бо калимаи милитсия дастаҳои мусаллаҳи ихтиёриро меномиданд, ки ҳам барои мақсадҳои ҳарбӣ ва ҳам барои нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ мавриди истифода қарор мегирифтанд, аммо ба ҳайати ниҳодҳои ҳарбӣ ва тартиботнигаҳдорандаи давлатӣ шомил намешуданд. Худи ин калима низ каме тағири маъно пайдо кард. Калимаи лотинии милитсия (militis) дар аввал ба маънои “одами ҳарбӣ” (аз mille-ҳазор, легион) мавриди истифода қарор мегирифт, лек дар насроният одамкушӣ мамнӯъ буд ва сарбози насронӣ метавонист танҳо вазоифи полисиро иҷро кунад ва бо ҷинояткорӣ биҷангад. Аввалин дастаҳои милитсия бошанд, дар Руми Шарқӣ аз ҷониби император Константин созмон дода шуданд. Аммо баъдан вақте насроният ба дини давлатӣ табдил ёфт, баъзе аз бузургони дини Исо зиндагии 1 нафар насрониро хизмат дар милитсияи Худо тавсиф мекарданд. Ба ин хотиир орденҳои рӯҳонии Ғарбро, ҳатто онҳоеро ҳам, ки силоҳе надоштанд “милитсияи Исо” меномиданд. Аммо истилоҳи “милитсия” ба маънои ниҳодҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ки мебоист политсияро ҷойгузин мекарданд, бори аввал ҳангоми Коммунаи Париж дар соли 1871 роиҷ шуд. Маҳз коммунарҳо префектураи полисро барҳам дода, онҳоро бо баталёнҳои захиравии Гвардияи миллӣ ҷойгузин карданд. Карл Маркс он шабу рӯз бо ҷонибдорӣ аз ин амалкарди коммунарҳо навишта буд: “Бори аввал баъд аз 4 сентябр ҷумҳурӣ аз ҳукумати душманони худ озод гашт..., дар шаҳр акнун милитсияи миллӣ кор мебарад, ки шаҳрвандонро аз давлат ҳифз мекунад, ба ҷои артиши доимӣ, ки давлатро аз шаҳрвандон муҳофизат мекард”.
Мардуми мусаллаҳ
Дар импературии Русия бошад, аввалин дастаҳои ихтиёрии милитсия дар замони Петри 1 созмон дода шуда, бештар бо ҳамон хусусиёти мазҳабиашон мавриди истифода қарор мегирифтанд. Пас аз инқилоби Февралӣ Ҳукумати муваққатӣ Хадамоти пулисро барҳам дод ва ба ҷои он аввал “пулиси ҷамъиятӣ”, баъдан “милитсияи халқӣ”-ро, ки ба ниҳодҳои ҳокимияти маҳаллӣ тобеъ буданд, созмон дод, лек дар шароити дуҳокимиятӣ дар собиқ импературӣ чанд навъи милитсия таъсис дода шуд. Бо вуҷуди ин ақидаи ҷойгузин кардани артиши доимӣ бо лашкари ихтиёрии мардумӣ-милитсияи халқӣ аз ҳама бештар миёни инқилобиёни чапгаро маҳбубият пайдо кард. Аз ҷумла, Энгелс ва Ленин дар ин бобат назарияпардозӣ кардаанд ва Владимир Илич милитсияро чун дастаҳои худмуҳофизатии пролетариат қаламдод мекард. Дар баробари милитсияи халқӣ, инчунин дастаҳои милитсияи коргарӣ, ки аз ҷониби Шӯроҳои маҳаллӣ барои нигаҳдории тартибот ҳини баргузории чорабиниҳои оммавӣ ва ҳифзи корхонаҳо созмон дода мешуданд, вуҷуд доштанд. Барои мисол 4.03.1917 чунин дастаи милитсия дар Минск бо сардории Михаил Фрунзе таъсис дода шуд ва то ҳол чун рӯзи милитсия дар Белорусия ҷашн гирифта мешавад. Лев Тротский низ моҳи июни соли 1917 дар бобати созмонёбии милитсияи коргарӣ навишта буд: “Матбуот милитсияро ба зӯроварӣ, ҳабсҳои ғайриқонунӣ ва дигар амалкардҳои ношоиста айбдор мекард. Бешубҳа, милитсия аз зӯроварӣ истифода мекунад, ин ниҳод маҳз барои ин кор созмон дода шудааст. Лек ҷинояти он аз он иборат буд, ки милитсия зӯровариро нисбат ба намояндагони синфе истифода менамуд, ки одат надошт мавриди зургӯӣ қарор гирад ва ба ин одат карданӣ ҳам набуд”. Аммо маъмулан бо дарназардошти қарорҳои Шӯроҳои Петроград ва Маскав аз марти соли 1917 милитсияи коргарии Шӯроҳо, қисмате аз милитсияи халқӣ ба шумор мерафт. Дастаҳои милитсияи коргарӣ, ки ба қарори Шӯро итоат накарданд, аз ин пас “дружинаҳои ҷангӣ”, “дружинаҳои коргарӣ” ва “дружинаҳои ҳизбӣ” ном гирифтанд. Тамоми ҳаракатҳои чапгаро, ҳам аз болшевикон, меншевикон, эссерони чап, анархистон ва максималистон аз дастаҳои ҷангӣ бархурдор буданд. Ин дастаҳо баъдан дар якҷоягӣ бо милитсияи коргарии кумитаи фабрика ва заводҳо (фабзавком) ҳамчун гвардияи коргарӣ ё Гвардияи сурх маъруф шуданд. Бо вуҷуди ин қариб тамоми аъзои дастаҳо бисёр вақт хизматчии милитсияи халқӣ низ буданд. Ғайр аз инҳо аз ҷониби фабзавкомҳо, инчунин милитсияи дохилӣ низ таъсис дода шуд. Баъд аз ғалабаи инқилоби Октябрӣ низ вазъият чандон тағир наёфт. Ҳам милитсияи коргарӣ (болшевикон номи милитсияи халқиро тағир доданд) ва ҳам Гвардияи коргарӣ ё Сурх дар якҷоягӣ вуҷуд доштанд, лек болшевикон дар оғоз нисбати милитсия диди дигар доштанд. Ленин дар “Тезисҳои апрелии” худ ба пролетариат вазифаи барҳам додани пулис, артиш ва синфи мансабдоронро гузошта буд. Лиҳозо, болшевикон дар оғоз ба зимаи милитсия вазоифи бехатарии давлатро нагузоштанд, чун милитсия ба пиндори онҳо, қадами аввал дар ихтисори пулиси касбӣ шумурда мешуд. Болшевикон ният доштанд дар оянда аз артиши доимӣ низ даст кашанд ва вазоифи онҳоро ба ӯҳдаи мардуми мусаллаҳ вогузоранд.
Милитсия чун нерӯи ҳарбӣ
Лек тобистони соли 1918 Анҷумани 1-и Умумирусиягии раисони кумитаҳои иҷроия ва мудирони шӯъбаҳои кумитаҳои иҷроия бо иқрори ин, ки “дар шароити ҳозир имкони мусаллаҳсозии сартосарии мардум нест ва муборизаи синфӣ чӣ дар шаҳр ва чӣ дар деҳот бисёр муташанниҷ шуда, дар маҳалҳо ниёзи шадид барои таъсиси ниҳоди доимӣ оид ба нигаҳдории тартиботи инқилобӣ, ҳифзи ҳокимияти Шӯроҳо ва дастовардҳои инқилоб вуҷуд дорад” таъсиси милитсияи коргарӣ-деҳқонии Шӯравиро амри зарурӣ талаққӣ кард. 10.11.1917 Комиссари халқии корҳои дохилаи РСФСР Алексей Рыков қарор дар бораи “Милитсияи коргарӣ”-ро ба имзо расонид. Тибқи он тамоми Шӯроҳои коргарӣ ва аскарии вакилон милитсияи идории худро созмон дода, мусаллаҳ мекарданд. Ба фикри муаррихин ин санад асоси ҳуқуқии созмон ёфтани милитсияи шӯравиро заминасозӣ кард, лек ниҳодҳои милитсия ҳоло таркиби штатӣ надоштанд. 10.05.1918 коллегияи НКВДи РСФСР доир ва дар он қарори дигар қабул карда шуд. Дар он омада буд: “Милитсия чун штати доимии одамоне, ки вазоифи махсусро ба ӯҳда доранд арзи вуҷуд мекунад”. 15.05.1918 нусхаи ин қарор ба тамоми кумитаҳои иҷрояи Шӯроҳои губерниягӣ фиристода ва милитсия чун ташкилоти давлатии дорои штати алоҳидаи кормандон эътироф шуд. 12.10.1918 бошад НКВД ва Комиссариати Халқии Адлия дастурамалро дар бобати “Таъсиси милитсияи шӯравии коргарӣ-деҳқонӣ” ба татбиқ расонид ва таъсиси милитсияи касбии штатиро дар РСФСР “чун ниҳоди фавқулоддаи ҳукумати марказии коргарӣ-деҳқонӣ дар маҳалҳо, ки дар ихтиёри Шӯроҳои маҳаллӣ қарор дошта, ба роҳбарияти НКВД тобеъ буд” қонунӣ кард. Июни соли 1920 аввалин Низомномаи ин ниҳоди нав тасдиқ карда шуд. Тибқи Низомнома милитсия ба дараҷаи қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус баробар мешуд. Барои ҳайати қаторӣ таълимоти ҳатмии ҳарбӣ ҷорӣ ва интизоми ҳарбӣ ба роҳ монда шуд. Барои милитсия Низомномаи интизомӣ тартиб дода шуд, ки асоси онро Низомномаи Артиши Сурх ташкил медод. Бо ҳамин “milita”-хизмати ҳарбӣ, нерӯи ҳарбӣ, ҳангоми таъсиси милитсияи шӯравӣ маънои воқеъии худро касб кард. Дар Низомнома бори аввал тартиби ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани кормандони милитсия низ матраҳ шуд. Тибқи ин ҳуҷҷат, корманди милитсия мисли дигар шаҳрвандони шӯравӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешуданд, аммо дар баробари ин милисаҳои ҷинояткор ҷазои сангинтар мегирифтанд. Аввалин мактаби милитсия бошад дар РСФСР моҳи октябри соли 1918 дар Петроград таъсис дода шуд.
Милитсия шӯравии тоҷик
Таърихи таъсиси ниҳоди милитсия дар РСС Тоҷикистон аз 7.12.1924 сар мешавад. Дар ин рӯз Комиссариати халқии корҳои дохилаи ҷумҳурии автономии Тоҷикистон созмон ёфта, Абдуллоҳ Ёрмуҳаммадов аввалин комиссари халқии корҳои дохила таъин шуд. 1.01.1925 33 нафар корманди НКВД аз Тошканд ба Душанбе омаданд ва 6.01.1925 аввалин нишасти Кумитаи инқилоби (Ревком)-и Ҷ.А.Тоҷикистон доир гардид, ки дар он масъалаи фаъолияти НКВД мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Он замон милисаҳои тоҷик дар бинои гилини якошёна (дар наздикиҳои Қасри миллати имрӯза) ҷойгир шуда буданд.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР