Дар Аврупо ва худи кишварҳои назди Балтик иқдоми СССРро ғайриқонунӣ ва ишғолгароёна муаррифӣ карданд. Соли 1991 ҳукумати РСФСР дар симои Елтсин низ тасарруфи кишварҳои назди Балтикаро аз ҷониби АС амали ишғолгароёна донист, аммо тарафи СССР бар ин буд, ки ҳамроҳсозии кишварҳои назди Балтика ба СССР ба ҳуқуқи байналмилалӣ дар соли 1940 мухолифат надошт ва ин ҳамроҳсозӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф шуда буд.
Пакти Шарқӣ ва Антантаи 2
Кишварҳои назди Балтик дар давраи байни 2 ҷанги ҷаҳонӣ ба арсаи муборизаи қудратҳои бузурги аврупоӣ табдил ёфтанд. Бритониё, Фаронса ва Олмон ҳар кадом мекӯшиданд ин 3 кишварро зери тасарруфи худ гиранд ва мавқеашонро дар ин минтақа пурзӯр гардонанд. Баъди шикасти Олмон дар ҷанги ҷаҳонии 1 ва даҳсолаи 20 мавқеи Бритониё ва Фаронса дар ин кишварҳо тақвият ёфт. Лек дар даҳаи 30 Олмони гитлерӣ нуфузи худро дар минтақа пурзӯр мекард ва аз сӯи дигар аввалин кишвари Шӯроҳо низ, ки дар симои Олмони фашистӣ рақиби сарсахти худро медид, беш аз беш ба ин кишварҳо мароқ зоҳир мекард. Авохири солҳои 30 бошад Англия ва Фаронса тақрибан нуфузи худро дар кишварҳои назди Балтик аз даст доданд ва СССР бо Рейхи 3 ба асоситарин рақибон барои нуфуз дар ин кишварҳо табдил ёфт. Дар оғоз СССР мекӯшид ин кишварҳоро ба иттифоқчии худ дар ҷанг зидди Олмон табдил диҳад. Ба ин мақсад декабри соли 1933 Сталин ба ҳукумати Фаронса пешниҳод дод, созишномаи амнияти коллективиро ба имзо расонад. Фаронса розӣ шуд ва 2 ҳукумат-Фаронсаю СССР дар якҷоягӣ ба Финляндия, Чехословакия, Полша, Эстония, Латвия ва Литва пешниҳод карданд чунин 1 қарордодеро ба имзо расонанд. Ин лоиҳа номи “Пакти шарқӣ”-ро ба худ гирифт ва чун кафолати коллективӣ дар ҳолати таҳоҷуми Рейхи 3 ба яке аз ин кишварҳо қаламдод мешуд. Лек Полша ва Руминия аз ҳамроҳшавӣ ба ин иттиҳоди ҷадид даст кашиданд ва ИМА низ зидди он баромад. Апрели соли 1939 СССР бори дигар ба Англия ва Фаронса таъсиси 1 иттиҳодро алайҳи Олмон пешниҳод кард. 17.04.1939 Сталин ба ҳукумати Англия ва Фаронса пешниҳод кард, то ёрии ҳарбӣ ва иқтисодии кишварҳои аврупоишарқиро, ки дар миёни баҳри Балтик ва баҳри Сиёҳ ҷойгир шуда, бо СССР ҳаммарзанд, ба ӯҳдаи худ гиранд. Тарафи шӯравӣ инчунин таклиф кард, миёни 3 кишвар-СССР, Англия ва Фаронса ба мӯҳлати 5-10 сол қарордоди ёрии ҳамдигарӣ ва ҳарбӣ дар сурати ҳуҷуми Олмон ба яке аз ин кишварҳо баста шавад. Таклифи СССР миёни сиёсатмадорон ба Антантаи 2 маъруф шуд, лек ин гуфтушунидҳо низ бе натиҷа анҷомиданд. СССР Эстония ва Латвияро доираи манофеи геополитикии худ медонист, аммо Англия ва Фаронса ба ин розӣ набуданд. Ҳукумати кишварҳои назди Балтик бошанд ба Олмон тамоюл доштанд ва бо Рейхи 3 як қатор қарордоди иқтисодӣ ба имзо расониданд. Июни соли 1939 Эстония ва Латвия бо Олмон созишномаи ба якдигар ҳуҷум накарданро ба имзо расониданд. Ин ҳолат СССРро маҷбур кард, ки дар қатори гуфтушунидҳо бо Англия ва Фаронса, роҳҳои наздикшавӣ ба Олмонро биҷӯяд. Натиҷаи ин сиёсат ба имзо расидани Созишномаи ба ҳамдигар ҳуҷум накардан миёни СССР ва Олмон шуд. Ин Созишнома 23.08.1939 дар Маскав ба имзо расид ва дар таърихнигории муосир бо номи Пакти Молотов-Риббентроп маъруф аст. Тибқи протоколи махфии иловагии ин созишнома Эстония, Латвия, Финляндия ва шарқи Полша ба доираи манофеи СССР, Литва ва ғарби Полша бошанд ба доираи манофеи Олмон шомил шуданд.
Оғози ҷанг дар Аврупо
Вазъият 1.09.1939 баъди ҳуҷуми Олмон ба Полша ва оғози ҷанги нав дар Аврупо якбора тезутунд шуд. СССР 17.09.1939 нерӯҳои ҳарбии худро вориди Полша кард. Худи он рӯз ба кишварҳое, ки бо СССР муносиботи дипломатӣ доштанд (аз ҷумла, ба кишварҳои назди Балтик) нотаи махсуси ҳукумати Шӯравӣ ирсол карда шуд ва дар он гуфта мешуд, ки СССР нисбати онҳо сиёсати бетарафиро пеша мекунад. Баъди оғози ҷанг кишварҳои назди Балтик дарҳол худро бетараф эълон карданд, аммо дигар кор аз кор гузашта буд. 15.09.1939 киштии зериобии полякии “Ожел” ба бандари Таллин даромад. Олмон аз Эстония талаб кард, киштии зериобиро аз қаламрави худ ронад. Ҳукуматдорони эстон ба талаби олмониҳо розӣ шуданд, лек шаби 18 сентябр баҳрнавардони поляк посбонҳои худро халъи силоҳ карда, киштиро ба баҳр бароварданд. Пас аз ин ҳодиса СССР низ ба қазия ҳамроҳ шуда, гуфт, ки Эстония бо паноҳ додан ба киштии зериобии полякӣ бетарафиашро нақз кард. 19 сентябр Молотов аз номи ҳукумати Шӯравӣ масъулияти асосии ҳодисаро ба гардани Эстония бор кард ва гуфт, флоти Балтики шӯравӣ вазифадор шудааст ин киштии зериобиро ёбад. Дар натиҷа киштиҳои ҳарбии флоти Балтик соҳилҳои Эстонияро муҳосира карданд. 24 сентябр Молотов ба вазири корҳои хориҷии Эстония К.Салтер пешниҳод кард, миёни кишварҳояшон иттиҳоди ҳарбӣ ё созишномаи ёрии байниҳамдигариро ба имзо расонанд. Тибқи созишнома СССР ҳуқуқ пайдо мекард, дар ҳудуди Эстония пойгоҳҳои ҳарбии худро мустақар кунад. Салтер хост бо баҳонаи бетарафии кишвараш аз ин мавзӯъ канорагирӣ кунад, аммо Молотов гуфт: “СССР ба васеъ кардани системаи бехатарии худ ниёз дорад ва барои ин бояд ба баҳри Балтик баромад дошта бошад. Агар шумо аз бастани қарордод бо мо сарфи назар кунед, мо маҷбурем барои таъмини амнияти худ роҳҳои дигарро биҷӯем. Аз шумо хоҳиш мекунам моро маҷбур накунед, ки зидди Эстония аз нерӯи ҳарбӣ истифода намоем”. Дар баробари ин СССР дар марзи худ бо Эстония ва Латвия нерӯҳои ҳарбиро омода мекард. Латвия ва Финляндия аз кумак ба Эстония рӯ тофтанд. Англияю Фаронса, ки дар ҳоли ҷанг бо Олмон қарор доштанд, наметавонистанд ба Эстония кӯмак намоянд. Рейхи 3 бошад ба эстонҳо тавсия дод, ки пешниҳоди шӯравиро бипазиранд ва ҳукумати Эстония ба гуфтушунид розӣ шуд. 28 сентябр миёни СССР ва Эстония қарордоди ҳарбӣ ба имзо расид, ки таъсиси пойгоҳҳои низомии шӯравиро дар ин кишвар пешбинӣ мекард. Теъдоди нерӯҳои АС тибқи қарордод 25.000 ҷанговарро ташкил медод. Сталин баъди анҷоми гуфтушунид бо тарафи эстонӣ ба Салтер гуфт: “Ҳукумати Эстония бо бастани қарордод бо СССР оқилона ва ба нафъи мардуми эстон рафтор кард. Шуморо метавонист қисмати Полша домангир гардад. Полша кишвари бузурге буд ва ҳоло Полша дар куҷост?”. 2 октябр чунин гуфтушунид бо ҷониби Латвия доир шуд. Аз Латвия низ СССР дархости баромадан ба баҳрро кард. Дар натиҷа 5 октябр созишнома миёни Латвия ва СССР низ ба имзо расид ва лашкари 25-ҳазораи СССР дар ин кишвар мустақар шуд. 10 октябр Литва низ бо талабҳои СССР розӣ шуд ва 20.000 сарбози шӯравӣ вориди ин кишвар шуданд.
Табаддулоти июнӣ
3.06.1940 намояндаи шӯравӣ дар Литва В.Семёнов дар номаи худ ба Маскав таъкид мекунад, ки ҳукумати Литва роҳҳои наздикшавӣ бо Олмонро меҷӯяд ва дар фурсати муносиб аз қарордоди бастаашон даст мекашад. Сталин 4 июн дастур медиҳад нерӯҳои округҳои ҳарбии Ленинград, Калинин ва Округи махсуси Белорус ба марзи кишварҳои назди Балтика оварда шаванд. 14 июн ҳукумати Шӯравӣ талабномаи қатъӣ ба ҳукумати Литва, 16 июн ба Латвия ва Эстония фиристод. Талабномаҳо 1 мафҳум доштанд: Ҳукумати ин кишварҳо дар нақзи қарордодҳои бо СССР басташуда айбдоранд ва аз онҳо талаб карда мешуд, ҳукуматҳои нав созмон диҳанд, ки тавонанд амалкарди қарордодҳоро таъмин кунанд. Кишварҳои назди Балтик шартҳои СССРро низ пазируфтанд ва 15-17.06.1940 нерӯҳои ҳарбии иловагии шӯравӣ вориди ин кишварҳо шуданд. Раванди шӯравикунонии кишварҳо сар шуд. Аз ҷониби Маскав ба ин раванд дар Эстония А.Жданов, дар Латвия А.Вишинский ва дар Литва В.Деканозов назорат мекарданд.
Меҳрубон Салимшоев, Муаррихи СССР