ХАБАРИ ДОҒ

Вақте Барбаросса бармехезад, дунё дам фурӯ мебандад ва сукут мекунад.

Адолф Гитлер

 

Умеди Англия

«Барбаросса» (ба хотири императори германиҳо Фридрих Барбаросса) маҳз чунин унвон гирифт амалиёте, ки бо он Олмони фашистӣ чун одати ҳамешагӣ бе эълони ҷанг ба СССР ҳамла кард. Банақшагирии амалиёт 21.07.1940 оғоз ёфт. Лоиҳаи амалиёт, ки зери роҳбарии генерал Ф.Паулюс кашида шуда буд, 18.12.1940 бо директиваи №21-и Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Олмон (Вермахт) тасдиқ карда шуд. Умуман, қарори ҳамла ба СССР ва нақшаи умумии амалиёти ояндаро Фюрери олмонӣ пас аз ғалаба бар Фаронса 31.07.1940 ба генералҳои худ иброз кард: “Умеди Англия танҳо Русия ва Амрикост. Агар умед ба Русия барбод равад Америка низ аз Англия даст мекашад, чун торумори Русия ба пурзӯршавии Япония дар Шарқи Дур меорад. Агар Русия торумор шавад Англия охирин умеди худро аз даст медиҳад. Он вақт дар Аврупо ва дар Балкан мо ҳукмронӣ хоҳем кард. Дар натиҷа Русия бояд аз байн бурда шавад. Муддат: баҳори соли 1941. Ҳар чи зудтар Русияро торумор кунем барои мо беҳтар. Амалиёт танҳо вақте маъно пайдо мекунад ва натиҷа медиҳад, агар мо бо 1 зарбаи тезу пурзӯр тамоми давлатро аз байн бибарем”. Тибқи нақшаи амалиёт қисми асосии артиши шӯравӣ мебоист дар ғарбтари дарёҳои Днепр ва Двинаи Ғарбӣ торумор шуда, ақибнишинии онҳо ба шарқи кишвар бояд пешгирӣ карда мешуд. Дар рӯзи 8-уми амалиёт артиши олмонӣ бояд ба мавзеи Каунас, Барановичи, Лвов ва Могилев-Подольский мерасид. Дар рӯзи 20-уми амалиёт немисҳо мебоист ба соҳилҳои Днепр баромада, мавзеҳои Мозир, Рогачев, Орша, Витебск ва Великие Лукиро ишғол мекарданд. Баъди ин дар амалиёт таваққуфи 20-рӯза эълон карда мешуд, то нерӯҳо аз нав ҷо ба ҷо карда шаванд, аскарон дам гиранд ва базаҳои таъминотии нав ташкил карда шаванд. Дар рӯзи 40-уми ҷанг бошад, тибқи нақша марҳилаи 2-уми амалиёт сар мешуд. Дар ин давра немисҳо бояд Москва, Ленинград ва Донбасро ишғол карда, диққати хос ба ишғоли Маскав дода мешуд. Фармондеҳии олмонӣ гумон доштанд, Артиши Сурх (АС) барои ҳимояи Маскав кулли қувваҳои боқимондаи худро дар ин самт ҷамъ меорад ва ин ба немисҳо имконият медиҳад, ки дар 1 зарба онҳоро торумор кунанд. Дар интиҳои амалиёт тибқи нақшаи Барбаросса немисҳо бояд ба хати Архангелск-Волга-Астрахан мерасиданд. Дар дастури №21 Гитлер мӯҳлати наздиктарини амалиётро 15 май зикр кард, аммо бо сабаби бандшавии нерӯҳои зиёди немисҳо дар Югославия ва Юнон муҳлати амалиёт 22 июн таъин карда шуд.

3 гурӯҳ ва 4 фронт

Барои ҳамла ба СССР Гитлер 3 гурӯҳи армияҳоро ташкил намуд. Гурӯҳи армияҳои Шимол таҳти фармондеҳии генерал-фелдмаршал Вилгелм фон Лееб дар фронти аз Клайпеда то Голдап (ҳамагӣ 29 дивизия, аз ҷумла, 4 дивизияи тонкӣ ва 2 дивизияи моторикунонидашуда). Инчунин армияи 16, армияи 18 ва гурӯҳи 4-и тонкӣ низ ба ин гурӯҳ дохил мешуданд. Ҳамлаи ин гурӯҳро флоти 1-и ҳавоӣ, ки қариб 1070 тайёраи ҷангӣ дошт, дастгирӣ мекард. Гурӯҳи армияхои шимол мебоист Прибалтика ва Ленинградро ишғол мекард. Гурӯҳи армияҳои «Марказ» бо фармондеҳии генерал-фелдмаршал Федор фон Бок, ки дар фронти аз Голдап то Влодава амал мекард. Ба ин гурӯҳи армияҳо 60 дивизия, аз ҷумла, 9 дивизияи тонкӣ, 6 дивизияи моторикунондашуда ва 2 бригада дохил мешуданд. Ҳамлаи ин гурӯҳи армияҳоро флоти 2-и ҳавоӣ, ки 1680 тайёраи ҷангӣ дошт, дастгирӣ мекард. Ба зимаи ин гурӯҳи армияҳо задани зарбаи асосӣ вогузор шуда буд. Гурӯҳи армияҳои «Марказ» бояд фронти стратегии шӯравиро шикаста, қисмҳои АСро дар Белорусия муҳосира ва торумор менамуд, сипас ба самти Маскав ҳамларо идома медод. Гурӯҳи армияҳои «Ҷануб» таҳти фармондеҳии генерал-фелдмаршал Герд фон Рундштед фронти аз Люблин то марзи Дунайро ишғол мекард (ба ин гурӯҳи армияҳо ҳамагӣ 57 дивизия, аз ҷумла, 9 дивизияи тонкӣ ва моторикондашуда, инчунин 13 бригада дохил мешуданд). Ҳамлаи ин гурӯҳро флоти 4-и ҳавоӣ бо 1300 тайёраи ҷангӣ дастгирӣ мекард. Гурӯҳи армияҳо вазифадор карда шуд, артиши шӯравиро дар соҳили рости Украина торумор кунад ва ба соҳили Днепр барояд. Дар СССР бошад, дар асоси округҳои ҳарбӣ, ки дар марзи ғарбӣ ҷойгир шуда буданд, бо қарори Бюрои сиёсӣ аз 21.06.1941 4 фронт ташкил карда шуд. Фронти Шимолу Ғарбӣ бо фармондеҳии генерал Ф.И.Кузнетсов дар Прибалтика ташкил шуд (34 дивизия, аз ҷумла, 6 дивизияи тонкӣ ва мехониконидашуда). Нерӯҳои фронтро ҳавопаймоҳои фронти Шимолу Ғарбӣ дастгирӣ карда, фронти Ғарбӣ таҳти фармондеҳии генерал Д.Г.Павлов дар Белорусия ташкил шуд (бо 45 дивизия, аз ҷумла, 20 дивизияи тонкӣ ва моторикунондашуда). Ин фронтро тайёраҳои ҷангии фронти Ғарбӣ дастгирӣ мекарданд. Фронти Ҷанубу Ғарбӣ таҳти фармондеҳии генерал М.Крипонос (бо 45 дивизия, аз ҷумла, 18 дивизияи тонкӣ ва мехониконидашуда) ва онро низ ҳавопаймоҳои фронти Ҷанубу Ғарбӣ дастгирӣ мекарданд. Фронти Ҷанубӣ таҳти фармондеҳии генерал И.Тюленев, ки дар Молдавия ва Украинаи Ҷанубӣ амал карда (нерӯҳои фронт иборат аз 26 дивизия, аз ҷумла, 9 дивизияи тонкӣ ва мехониконидашуда), онро ҳавопаймоҳои фронти Ҷанубӣ дастгирӣ мекарданд.

Оғоз

Ахир 22.06.1941 тақрибан соати 3:15 дақиқаи субҳ артиши Олмон бо 153 дивизия, 600 000 адад техника, 3580 тонк, 7184 тӯп ва 2740 ҳавопаймо ба ҳудуди СССР дарафтод. Умуман, дар таърихи башарият ин бузургтарин артиш буд, ки дар 1 майдони амалиёти ҳарбӣ амал мекард. Якҷо бо немисҳо дар ин ҳамла 12 дивизия ва 10 бригадаи артиши руминҳо, 18 дивизияи фин, 3 бригадаи венгерӣ, инчунин 2 бригадаи словакҳо ва баъдтар ба онҳо 3 дивизияи итолиёгиҳо ва дивизияи «кабуди» испанӣ ҳамроҳ шуданд. Мутаассифона, ҳамлаи ногаҳонии немисҳо Артиши Сурхро ғофилгир кард. То соати 12-и рӯз немисҳо 1200 ҳавопаймои СССРро нест карданд. То охири рӯз ин талафот ба 1811 ҳавопаймо расид, ки бештарашон ба фронти Ғарбӣ тааллуқ доштанд. Немисҳо тавонистанд, дар рӯзи аввали ҷанг бартарии комилро дар ҳаво ба даст оранд. Гурӯҳи армияҳои Шимол дар самти Ленинград ба амалиёт шуруъ кард ва қувваи асосии зарбазани ин гурӯҳ (гурӯҳи 4-и тонкӣ) ба самти Даугавпилс ҳуҷум мекард. Кӯшиши фармондеҳии фронти Шимолу Ғарбӣ барои задани зарбаи ҷавобӣ (бо нерӯи 2 корпуси мехониконидашуда, тақрибан 1000 тонк) дар наздикии шаҳри Расейная ба нокомӣ анҷомид ва 26 июн гурӯҳи 4-и тонкии немисҳо аз Двинаи Ғарбӣ дар наздикии Даугавпилс убур кард. 27 июн қисмҳои АС ш.Лиапеяро ба немисҳо таслим карданд ва 1 июл армияи 18-и немисҳо Ригаро ишғол намуд ва ба Эстонияи ҷанубӣ ворид шуд. Дар ин ҳангом гурӯҳи 3-и тонкии гурӯҳи армияҳои «Марказ» муқовимати артиши шӯравиро дар назди ш.Алитус шикаста, 24 июн Вилнюсро ишғол кард ва ба ақибгоҳи фронти Ғарбии шӯравӣ баромад. Ҳамин тариқ, аз ҳама вазъияти ногувор дар фронти Ғарбӣ ба вуқуъ пайваст. Дар рӯзи якум армияҳои ин фронт (армияи 3 дар назди Гродно ва армияи 4 дар наздикии Брест) талафоти хеле калон доданд. Зарбаҳои ҷавобии корпусҳои мехоникондашудаи ин фронт 23-25 июн натиҷа надоданд. Гурӯҳи 3-и тонкии немисҳо армияи 3 ва 10-и ин фронтро аз шимол ва гурӯҳи 2-и тонкӣ аз ҷануб ба иҳота гирифтанд. 28 июн немисҳо Минскро гирифта, нерӯҳои асосии фронти Ғарбӣ ба муҳосира афтиданд. Марҳилаи якуми амалиёти Барбароссаро натиҷабандӣ карда, 3.07.1941 сардори штаби генералии артиши олмонӣ генерал Галдер дар дафтарчаи хотиравиаш чунин қайд кард: “Умуман, гуфтан мумкин аст, ки вазифаи шикаст додани нерӯҳои пиёданизоми шӯравӣ дар назди Двинаи Ғарбӣ ва Днепр амалӣ шуд. Аз ин рӯ, бе муҳобот гуфтан мумкин аст, ки амалиёт зидди Русияи шӯравӣ дар 14 рӯз бо пирӯзии мо анҷомид”. Бале, он шабу рӯз касе бовар намекард, ки СССР баъди ин зарбаи мудҳиш ба по мехезад. Воқеан, ҳеҷ давлате дар дунё баъди ин гуна шикаст натавониста буд пойдорӣ кунад, аммо СССР дар муддати хеле кӯтоҳ ба ҳамаи дунё собит кард, ки мешавад баъди зарбаи сахт низ ба худ омад ва муқовимат кард.

Меҳрубон Салимшоев,

Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter