ХАБАРИ ДОҒ


Амалиёти Берлин 23 рӯз, аз 16 апрел то 8.05.1945 идома ёфт ва чун бузургтарин муҳорибаи ҷанги ҷаҳонии 2 ба китоби Гиннес ворид шудааст. Аз 2 ҷониб дар ин амалиёт зиёда аз 3,5 млн сарбоз, 52.000 тӯп ва миномёт, 7750 тонк ва 11 000 ҳавопаймо ширкат доштанд. Дар натиҷаи ин амалиёт Артиши Сурх ба масофаи 100 то 220 км ба Ғарб пешравӣ кард ва бузургтарин гурӯҳи ҳарбии душманро дар таърихи ҷангҳо ба муҳосира гирифта, торумор намуд. Натиҷаи ниҳоии амалиёт ишғоли пойтахти Олмон-шаҳри Берлин гардид. Ба Артиши Сурх дар ин амалиёт маршал Жуков фармондеҳӣ мекард.

Ғалаба ё Сибир
Гитлер мехост бо ҳар роҳу васила Артиши Сурхро аз пешравӣ боз дорад ва бо англисҳову амрикоиҳо сулҳи сепаратӣ бандад. Барои ин кор фюрери олмонӣ тамоми қувваи ҳарбии Олмонро дар муқобили Артиши Сурх қарор дода буд ва фронти ғарбии немисҳо қариб ҳимоя намешуд. 2 гурӯҳи артиши немисӣ «Висла» зери фармондеҳии генерал-полковник Хейнриц ва «Марказ» таҳти фармондеҳии генерал фелдмаршал Шернер мебоист аз ҳуҷуми Артиши Сурхро ба пойтахти Олмон ҷилавгирӣ мекарданд. Шиори асосии немисҳо дар Берлин "Ғалаба ё Сибир" буд. Тарафи олмонӣ барои мудофиаи шаҳр қариб 1 млн сарбозро сафарбар кард, ки онҳо дар 63 дивизия гирд омада буданд. Немисҳо инчунин 1500 тонк, 10400 тӯп ва 3300 тайёраи ҷангиро барои мудофиаи пойтахташон ҷамъ оварда буданд. Ғайр аз ин немисҳо 60 000 (92 баталён) ҷангиёни ихтиёрӣ доштанд, ки моҳи октябри соли 1944 бо фармони Гитлер аз ҳисоби ноболиғон ва мӯсафедон таъсис ёфта буданд. Ин ҷангиён, ки бо "фаустпатрон" (гранатомёти имрӯза) мусаллаҳ буданд, дар ҷанг, дар майдони кушод арзиши чандоне надоштанд, аммо дар шароити шаҳр метавонистанд барои тонкҳо хатари ҷиддӣ эҷод кунанд. Немисҳо бо тамоми қувва аз пойтахташон дифоъ карданд. Хоса, эсэсчиён ва ноболиғони ихтиёрӣ муқовимати сахт нишон доданд. Аз 3 ду қисми нерӯҳои эсесро дар Берлин хориҷиён - фашистони ифротӣ ташкил медоданд. Ҳатто охирин нафаре, ки бо мукофоти олии Рейх (Салиби ритсарӣ) мукофотонида шуд, шаҳрванди фаронсавӣ Эжен Вало буд.

Садди охирин
Жуков барои амалиёти Берлин нерӯҳои 3 фронтро (дар ҷамъ 19 армия) истифода кард. Нерӯҳои фронтҳои 1 ва 2-и Белорус ва фронти 1-и Украина. Ин нерӯҳо 16 апрел ба амалиёти худ оғоз карданд ва баъди ҷангҳои шадид 21 апрел дастаҳои Артиши Сурх ба қисмати шарқӣ ва ҷанубу шарқии Берлин зада даромаданд. Ҷанг дар дохили шаҳр оғоз шуд. Немисҳо Берлинро ба 1 қалъаи мустаҳкам табдил дода, барои ҳар истеҳкоми пойтахташон девонавор меҷангиданд ва аскарони сурх бо ҷангҳои шадид ва талафоти калон пеш мерафтанд. 22 апрел дар қароргоҳи Гитлер нишасти фармондеҳони олмонӣ барпо шуд ва дар он қарор дода шуд, ки армияи 12-и генерал Венкро аз фронти ғарбӣ гирифта ба муқобили нерӯҳои Артиши Сурх фиристанд. Ин охирин кӯшиши фармондеҳии олмонӣ барои таъсир расондан ба натиҷаи амалиёти Берлин буд. Аммо ин кӯшиш низ бе натиҷа анҷом гирифт. 25 апрел Берлин пурра ба муҳосира гирифта шуд. 28 апрел нерӯҳои Артиши Сурх ба наздикии Рейхстаг, маркази рейхи 3-ум наздик шуданд. 30 апрел бо талафоти калон аскарони сурх бинои Вазорати корҳои дохилии Олмонро ишғол карданд. Роҳ ба сӯи рейхстаг боз шуд. 30 апрел, соати 21:30 қисмҳои Артиши сурх қисмати асосии бинои Рейхстагро ишғол карданд. Немисҳо муқовимати сахт нишон медоданд ва танҳо шаби 1 май гарнизони Рейхстаг пурра таслим шуд. 1 май дар дасти немисҳо танҳо маҳалли Тиргартен боқӣ монда буд. Инҷо канцелярияи императорӣ қарор дошт, ки дар ҳавлии он бункери Гитлер ҷой гирифта буд. Шаби 1 май ба штаби армияи 8-и генерал Чуйков, сардори штаби генералии артиши пиёданизоми олмонӣ, генерал Кребс ҳозир шуд ва ба Чуйков хабар дод, ки Гитлер худкушӣ кард. Кребс инчунин пешниҳоди бастани сулҳи муваққатиро ба фармондеҳии шӯравӣ расонид. Жуков хабари худкушии Гитлерро ба Сталин расонд ва пешниҳоди немисҳоро низ ёдовар шуд. Сталин ба сулҳи муваққатӣ розигӣ надод ва талаби таслими бе чуну чарои немисҳоро намуд. Ҳукумати нави олмонӣ талаби фармондеҳии шӯравиро дар мавриди таслими бе чуну чаро рад кард ва ҷанг аз нав идома ёфт. Аммо немисҳо дигар қудрати муқовимат бо Артиши Сурхро надоштанд ва 2 май тариқи радио ба ҷониби шӯравӣ муроҷиат карда, ба таслим розӣ шуданд. Шаби 8 ба 9 май байни сарфармондеҳи олии Олмон фелдмаршал Кейтель ва маршали шӯравӣ-Жуков созишнома дар боби таслими бе чуну чарои Олмон ба имзо расид. Дар рафти амалиёти Берлин Артиши сурх 70 дивизияи пиёда ва 23 дивизияи тонкии душманро торумор карда, 480 000 сарбози олмониро ба асорат гирифт. Талафоти Артиши сурх низ дар ин амалиёт зиёд буд. Дар рафти амалиёт 78 291 ҷанговари шӯравӣ ба ҳалокат расида, 274184 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Зиёда аз 600 нафар иштирокчиёни ин амалиёт бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ гардиданд.


Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter