ХАБАРИ ДОҒ


"Тартиботи махсус"
Дар авохири моҳи сентябр ва аввапи моҳи октябри с.1993 дар ш.Маскав ҳаводисе рӯй дод, ки бо ҷанги президенти Русия-Борис Елсин ва Шӯрои Олии ин кишвар маъруф аст. Он ба ҷанги мусаллаҳона дар Маскав оварда расонид, ки дар натиҷа тибқи ахбори расмӣ беш аз 150 тан ва тибқи сарчашмаҳои мустақил зиёда аз 1000 кас фавтид.

Дар Русия баъди таъсиси мансаби президентӣ дар с.1990 1 навъ дуҳокимиятӣ ба амал омад. Тибқи Сарқонун ҳокимияти олӣ дар Русия ба Анҷумани вакилони мардумӣ тааллуқ дошт. Бештари вакилон дар Шӯрои Олии ФР фаъолият мекарданд ва дар оғоз аз Елсин ва ҷонибдоронаш тарафдорӣ намуданд. Ҳини аз миён бардоштани Горбачев вакилони мардумии Русия дар канори Елсин қарор гирифтанд ва ин дуҳокимиятӣ дар кишвар чандон ба назар намерасид, лек баъдан авзоъ тағйир ёфт. Сиёсати иқтисодии Елсин норизогии тарафдорони дирӯзаашро ба миён овард ва вакилон бо сарварии Руслан Имронович Хасбулатови чечен зидди Елсин шӯриданд. Даргирии тарафайн декабри с.1992 дар Анҷумани 7-уми вакилони мардумӣ сар шуд. Дар Анҷуман вакилон ва роҳбарияти Шӯрои Олӣ давлати Егор Гайдарро зери танқиди сахт қарор доданд. Анҷуман номзади "ислоҳотчии" Елсинро ба вазифаи раиси нави давлат рад кард ва Президенти Русия дар ҷавоб масъаларо ба референдуми умумихалқӣ кашид ва аз вакилони мардумӣ хост, қазоватро ба мардум вогузоранд ва бигзор худи мардум тасмим бигирад. 20.03.1993 Елсин тариқи ТВ ба мардум муроҷиат ва эълон кард, ки Сарқонуни кишварро лағв намуда, дар идоракунии кишвар "тартиботи махсус"-ро ҷорӣ мекунад. Баъди 3 рӯз Суди конститутсионии Русия назари худро гуфт ва амалкарди президентро хилофи Сарқонун номид. 28 март ба қазия Анҷумани вакилони мардумӣ ҳамроҳ шуда, пешниҳоди президент "оид ба баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати президент ва вакилони мардумӣ"-ро рад карда, дар навбати худ барои аз вазифа гирифтани президент овоздиҳиро роҳандозӣ намуд. Аммо кӯшиши вакилон барои эълони "импичмент" амалӣ нашуд. Барои сабукдӯш кардани президент аз вазифааш 617 нафар овоз дод, аммо барои қабули ин қарор 689 овоз лозим буд. Моҳи апрел раъйпурсии умумихалқии Елсин барпо шуда, дар он бештари шаҳрвандони Русия аз Ӯву давлаташ тарафдорӣ карда, талаб намуданд, ки дар кишвар интихоботи пеш аз мӯҳлати вакилони мардумӣ доир шавад. Дар ҷавоб тарафдорони вакилони халқӣ 1 май ба майдон баромаданд, лек тазоҳурот аз ҷониби ОМОН пароканда ва маҳз дар ин рӯз аввалин хун рехта шуд.

Фармони тақдирсоз
Аммо даргирии Шӯрои Олӣ бо сарварии Руслан, витсе-президент Александр Рутской ва Елсин акнун шиддати бештаре касб кард. Елсин 1.09.1993 бо фармони худ мувақаттан Рутскойро аз вазифааш барканор кард. Ӯро ба ришвахорӣ айбдор карданд ва то анҷоми тафтишот президент ҳақ дошт ин корро бикунад. Аммо тафтишот нишон дод, ки Рутской ришва нагирифтааст ва ҳамаи ҳуҷҷатҳо зидди ӯ сохтаанд. Вакилони мардумӣ фармони Елсинро сахт маҳкум ва ӯро ба дахолат ба системаи судии кишвар муттаҳам карданд. Аммо Елсин ба ҳеҷ ваҷҳ ақиб нишастанӣ набуд. Елсин 21 сентябр фармони тақдирсози №1400 "Оид ба ислоҳоти марҳила ба марҳилаи конститутсионӣ дар Федератсияи Русия"-ро ба имзо расонд ва маҳз ин фармон боиси бесарусомониҳо ва задухӯрди мусаллаҳона миёни тарафайн шуд. Тибқи ин фармон Анҷумани вакилони мардумӣ ва Шӯрои Олии ФР мебоист фаъолияти худро қатъ мекард. Ӯ Парлумону Шӯрои Олиро ба он муттаҳам кард, ки онҳо ҳамеша ба кори давлат монеъ шуда, мехостанд ба ин васила президентро аз миён бардоранд. Аммо вакилони мардумӣ дар ин бобат назари мутафовут доштанд. Тибқи моддаи 121.6-и Сарқонуни ФР президент ҳақ надошт, ки Анҷуману Шӯрои Олиро пароканда кунад ва ин амалкардаш ба таври автоматӣ ӯро аз вазифа сабукдӯш мекард. Тибқи Сарқонун қудрат дар кишвар мебоист ба дасти Рутской мегузашт.

Президент ва Патриарх
Елсин ҳанӯз аз моҳи августи с.1993 "тирамоҳи гарм"-ро дар назар гирифта буд. Ӯ он шабу рӯз зуд-зуд аз қисмҳои ҳарбӣ дар наздикии Маскав дидан мекард ва маоши афсаронро ҳам 3 баробар бардошт. Дар аввалҳои сентябр ӯ бо фармони худ мошини алоқаи фавридоштаи хидматии раиси Суди конститутсионии ФР-Валерий Зоркинро аз дасташ гирифт ва бинои Суди конститутсионӣ ҳам аз муҳофизон поксозӣ шуд. Дар ҳамон ҳангом қасри калони Кремл низ, ки бинои кории вакилони мардумӣ будӣ, бо баҳонаи таъмир баста шуд ва вакилон маҷбур шуданд ба "Қасри сафед" бикӯчанд. 23 сентябр навбати "Қасри сафед" фаро расид. Баъд аз он, ки вакилон талаби ҳукуматиҳоро рад карда, биноро тарк накарданд. Ҳукумат гармӣ, об, барқ ва телефонро дар бино қатъ кард. Нерӯҳои давлатӣ Қасри сафедро ба муҳосираи пурра гирифта, ҳаводис лаҳза ба лаҳза тундтар мешуд. Муаррихон мегӯянд, чанд рӯз қабл аз ин ҳаводис Елсин дар бӯстонсарои ҳукуматӣ дар Завидово бо вазири мудофиа Павел Грачев ва директори Хадамоти бехатарӣ-Михаил Барсуков вохӯрд. Дар ин дидор Барсуков пешниҳод намуд, миёни воҳидҳои ба пойтахт воридшаванда машқҳои ҳарбӣ гузаронанд, то онҳо дар пойтахт мушкилӣ накашанд. Аммо Грачев ҳарфи ӯро буррида гуфт: "Миша, натарс, ман бо десантчиёнам корро тамом мекунам". Елсин низ аз Грачев тарафдорӣ карда гуфт: "Павел хубтар медонад. Ӯ таҷрибаи Афғонистонро омӯхтааст". Даргирии қарибулвуқӯъро патриархи Русия Алексийи 2-ум хост пешгирӣ кунад. Алексий тавонист 1 октябр тарафҳои зидро гирди ҳам орад. Тарафҳо Протоколи оташбасро ба имзо расониданд. Тибқи он Елсин мебоист нерӯҳояшро аз Қасри сафед дур мебурд ва мудофеони Қаср ҳам силоҳҳояшонро месупориданд. Аммо ситоди мудофиаи Қасри сафед ин Протоколро напазируфт ва қарор дод, истодагариро идома диҳад. 3 октябр дар Маскав бенизомиҳои оммавӣ сар шуданд. Тарафдорони парлумон хатти муҳосираи Қасри сафедро рахна ва дастаи генерал Алберт Макашов бошад шаҳрдории Маскавро тасарруф кард. Дар саросари шаҳр тазоҳуроти тарафдорони Шӯрои Олӣ доир шуд ва вақте ба маркази ТВии Останкино наздик шуданд, ҳадафи ҳамлаи нерӯҳои давлатӣ қарор гирифтанд. Дар натиҷа 46 кас кушта шуданд. Баъди хунрезӣ дар назди манораи Останкино Елтсин Грачевро розӣ кард ва субҳи 4 октябр нерӯҳои ҳукуматӣ бинои Қасри Сафедро тасхир намуданд ва Президент бар Парлумон пирӯз шуд.

Меҳрубон Салимшоев,
таърихнигори СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter