Декрети таърихӣ
Аслан таърихи ҳавонавардии шӯравиро бисёре аз муаррихон аз декрети Ленин "Оид ба парвозҳои ҳавоӣ дар фазои РСФСР", ки моҳи январи с.1921 ба имзо расид, медонанд. Болшевикон ба нақлиёти ҳавоӣ диққати зиёд медоданд ва декрети Ленин ба таъсиси қонунии иртиботи ҳавоӣ дар қаламрави аввалин кишвари Шӯроҳо замина гузошт. Моҳи июли с.1923 дар СССР аввалин хатти доимии ҳавоӣ, дар масири Маскав-Нижний Новгород ифтитоҳ ёфт. Дар Маскав тасмим гирифтанд роҳҳои ҳавоии кишварро то 45 000 км афзоиш диҳанд. Тибқи нақша болшевикон ният доштанд дар муддати кӯтоҳ ба маҳсулоти ватанӣ гузаранд ва аз тайёраҳои хориҷӣ даст кашанд. Кишвари Шӯроҳо мебоист нақлиёти ҳавоии мусофирбари кишварҳои дигарро биёбад, гарчи он шабу рӯз хадамоти ҳавоии мусофирбари СССР дар вазъияти ногуворе қарор дошт. Хадамоти ҳавоӣ дар хатсайрҳояш ҳамагӣ 60 тайёра дошт ва дар кишвар ҳамагӣ 42 майдони ҳавоӣ мавҷуд буду халос. Дар хадамот 50 ҳавонавард, 45 механик, 47 моторист ва 64 корманди техникӣ фаъолият мекарданд. Тибқи нақшаи кашида, дар Маскав ният доштанд то с.1933 теъдоди тайёраҳоро ба 277 адад расонанд. Дар баробари ин теъдоди ҳавонавардон ва кормандони дигари техникӣ низ бояд меафзуд. Аввалин ширкати ҳавоӣ низ таъсис дода шуд, ки "Добролет" ном гирифт. То с.1929 "Добролет" аллакай дар 9 хатсайри умумииттиҳодӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, ки масоҳати умумиашон 12 146 км буд, хизматрасонӣ мекард.
Аввалин парвоз
Тоҷикистон дуввумин ҷумҳурии Иттиҳодӣ шуд, ки дар он хатсайрҳои ҳавоӣ созмон ёфтанд. Сабаби асосии таъсиси нақлиёти ҳавоӣ баъди РСФСР дар Тоҷикистон пеш аз ҳама шароити кӯҳистонии кишвар будӣ. Он шабу рӯз роҳҳои мошингард дар кишвари тозатаъсиси мо қариб, ки набуданд ва нақлиёти ҳавоӣ воситаи асосии расидан ба гӯшаву канорҳои дурдасти кишвар маҳсуб меёфт. Иртиботи ҳавоии Душанбе бо навоҳии зиёди ҷумҳурӣ пеш аз пайдо шудани алоқаи автомобилӣ ва роҳҳои оҳан барқарор шуда буд. Дар оғози с.1924 ба сохтмони аввалин хатсайри доимамалкунандаи берунӣ бо масири Душанбе-Бухоро оғоз карданд. Аввалин майдони ҳавоӣ дар Душанбе, дар хиёбони имрӯзаи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) дар қисмати Домпечат то Вазорати молия сохта шуд. Майдони ҳавоӣ аз 1 хатти парвоз ва чанд анбор барои захираи сӯзишворӣ иборат ёфта буд. Ахир, 3.09.1924 аввалин парвоз аз Бухоро ба Душанбе ба вуқӯъ пайваст. Ин парвоз бо тайёраи Ю-13, ки онро ҳавонавардон Рашидбек Аҳриев ва Петр Комаров идора мекарданд, амалӣ шуд. Ю-13 (Юнкерси немисӣ) аввалин тайёраи хатсайрҳои Тоҷикистон гашт. Ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ ба таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон робитаи зич дошт ва роҳбарияти ҷумҳурии навтаъсис ҳам бо яке аз тайёраҳои аввалин ба Душанбе омаданд. Ин хатсайр барои ҷумҳурии тозатаъсиси мо, ки набуди роҳҳо мушкилоти асосиаш буд, нақши муҳим дошт. Барои мисол, хатти роҳи оҳан танҳо 5 сол баъд, с.1929 аз Термиз ба Душанбе кашида шуд. Соли 1929 бо сабаби васеъшавии пойтахт масъалаи кӯчонидани майдони ҳавоӣ ба миён омад. Хатти парвози майдони ҳавоӣ тибқи нақшаи рушди шаҳр дар маркази он қарор гирифта буд ва 8.09.1929 бо қарори шӯрои шаҳрии Душанбе барои сохтмони майдони ҳавоии нав дар заминҳои деҳаи Шоҳмансур ҷои нав ҷудо карда шуд. Майдони ҳавоии нав тобистони с.1930 ифтитоҳ ёфт ва с.1931 ба Душанбе 2 тайёраи F-13 (истеҳсоли ширкати немисии Юнкерс) барои кор дар Тоҷикистон оварда шуданд. Маҳз аз ҳамин сана кори доимии майдони ҳавоии Душанбе сар шуд. Ин тайёраҳо аз Душанбе ба самти Хуҷанд, Кӯлоб, Ғарм, Данғара ва Панҷ мепариданд. Соли 1932 бо дарёфти тайёраҳои нави баландпарвози Р-5 ва ПР-5 парвозҳо ба самти Хоруғ ва Шаҳритус ба роҳ монда шуданд. Якумин парвозро аз Душанбе ба Хоруғ летчик А.Баранов анҷом дод. Ногуфта намонад, хатсайри ҳавоии Душанбе-Хоруғ яке аз мушкилтарин хатсайрҳои ҳавоӣ дар дунё будӣ ва ҳатто дар сахттарин солҳои ҶБВ низ парвозҳо дар ин хатсайр мутаваққиф нашуданд. Моҳи марти с.1933 ба Душанбе 25 тайраи нави ПО-2 оварда шуданд, июни ҳамон сол бошад дар майдони ҳавоии Душанбе аввалин тайёраи филизини "Сталь-2" нишаст. Дар навбати баъди хатсайрҳои Душанбе-Фархор, Душанбе-Ҳоит-Тоҷикобод-Ҷиргатол ифтитоҳ ёфтанд. Соли 1935 бошад Душанбе аллакай бо бештари навоҳии дурдаст роҳи иртиботи ҳавоиро барқарор намуда буд. Соли 1940 Раёсати Тоҷикистонии мусофирбари ҳавоӣ таъсис дода шуд, ки ширкати ҳавопаймои давлатии "Тоҷикистон" ном гирифт. РСС Тоҷикистон бошад с.1940 аз рӯи теъдоди хатсайрҳои ҳавоӣ ва ҳаҷми интиқоли мусофирон ва боркашонӣ дар СССР ҷои 1-ро ишғол кард. Лек парвозҳо дар оғоз аз замин назорат намешуданд ва летчикҳо худашон мебоист масири заруриро пайдо мекарданд. Аммо бо афзоиши теъдоди тайёраҳо ва хатсайрҳои парвоз бехатарии парвозҳо бе назорат аз замин мушкил шуд. Ин мушкилро танҳо таъсиси хадамоти махсуси назоратӣ метавонист ҳал кунад. Баъди анҷоми ҶБВ 20.05.1945 дар ҷумҳурӣ аввалин хадамоти назорати парвозҳо бо номи "Хадамоти ҳидояти ҳаракати ҳавоӣ" таъсис дода шуд. Соли 1945 раёсати Тоҷикистонии Флоти Ҳавоӣ инчунин тайёраҳои нави Ю-52 ва Ли-2-ро дарёфт намуд, ки бо ин хатсайри Душанбе-Маскав низ ба кор сар кард. Нақлиёти ҳавоӣ ба яке аз муҳимтарин соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар табдил ёфт. Летчикҳои тоҷик иртиботи нақлиётии доимии пойтахтро бо ҳама навоҳии кӯҳистонии кишвар-Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Бартанг, Яғноб... таъмин мекарданд, ки садҳо маротиба роҳро барои мусофирони навоҳии кӯҳистонии Бадахшон, водии Вахш, Қаротегин ва Ҳисор кӯтоҳтар намуд. Солҳои 1950-1960 бошад хадамоти ҳавоии Тоҷикистон яке аз рушдкардатарин соҳаҳои хоҷагии халқ ба шумор мерафт. Ҳавонавардони тоҷик дар он солҳо аз рӯи самаранокии истифода аз тайёраҳои Як-40 ва Ан-28 ҷои аввалро дар Иттиҳоди Шӯравӣ ишғол мекарданд.
Меҳрубон Салимшоев,
Таърихнигори СССР