ХАБАРИ ДОҒ


2 Берлин
7.10.1949 Кунгураи мардумӣ, ки аз ҳисоби намояндагони ҷамъияти Олмони Шарқӣ ташкил ёфта буд, дар Берлини Шарқӣ ҷамъ шуд ва таъсиси Ҷумҳурии Демократии Олмонро эълон кард. СССР ин кишвари навтаъсисро ба расмият шинохт ва муносибати дипломатиро барқарор кард. Баъди торумор дар ҶБВ иттифоқчиён Олмонро ба 4 минтақаи ишғолӣ тақсим карданд. Дар шарқи кишвар нерӯҳои шӯравӣ ва дар ғарбӣ он нерӯҳои амрикоӣ, англисӣ ва фаронсавӣ қарор гирифтанд.

Берлин-пойтахти Олмон низ тибқи қарорҳои конфронси Потсдам ба 2 қисм тақсим карда шуд. Минтақаи ишғолии шарқӣ, ки Артиши Сурх дар он мустақар шуда буд, Берлини Шарқӣ ном гирифт. Қисмати шарқии Берлин аз он бузургтар буд ва 3 минтақаи ишғолии ғарбӣ, ҳатто дар якҷоягӣ ба масоҳати он намерасиданд. Ба Берлини Шарқӣ 11 округ: Марказ, Пренслауэр-Берг, Фридрихсхайн, Панков, Вайсензее, Хохэншенхаузен, Лихтенберг, Марцан, Холлерсдорф, Трептов, Кёпеник дохил мешуданд. Берлини Ғарбӣ бошад дар асл мисли ҷазираи муҳосирашудае буд, ки аз 4 тараф бо ҳудуди Олмони Шарқӣ иҳота шуда. Ба Берлини Ғарбӣ округҳои шаҳрии Тиргартен, Шарлоттенберг, Вилмерсдорф, Шпандау, Кройцберг, Нойкёльн, Темпелхоф, Шёнеберг, Целендроф, Штеглиц, Веддинг ва Райни-кендорф шомил мешуданд. Сарҳад миёни қисмати шарқӣ ва ғарбии Берлин дар оғоз кушода буд. Хатти тақсимкунанда миёни қисматҳои шарқӣ ва ғарбӣ, ки 44,75 км масофа дошт, аз миёни кӯчаҳо, хонаҳо ва дарёи Шпрея мегузашт. Марзи умумии Берлини Ғарбӣ бо Олмони Шарқӣ бошад 164 км-ро ташкил медод. Барои гузаштан аз 1 қисмат ба қисмати дигар дар шаҳр 81 гузаргоҳи расмӣ фаъолият мекард ва 13 гузаргоҳи дигар низ дар дохили метро мавҷуд буданд... Ниҳоди олии идоракунии Берлин Дафтари комендатураи иттифоқчиён шуд, ки ба он намояндагони СССР, ИМА, Англия ва Фаронса шомил гардиданд.

Аз муҳосира то НАТО
Лек бо эълони "ҷанги сард" муносибати иттифоқчиён низ рӯз ба рӯз батар мешуд. Ин сардӣ дар Олмон аз ҳама беш ба чашм мехурд. Июни с.1948 амрикоиҳо ва англисҳо дар манотиқи таҳти тасарруфашон пули нави немисиро ҷорӣ намуданд. Дар Маскав ба ин амалкарди иттифоқчиёни собиқ розӣ набуданд ва Сталин инро баҳонаи хубе барои тасарруфи Берлини Ғарбӣ пиндошт ва нерӯҳои шӯравӣ онро ба муҳосираи иқтисодӣ гирифтанд. Шаби 23 ба 24.06.1948 низомиёни шӯравӣ кулли роҳҳои иртиботӣ миёни Берлини Ғарбӣ ва манотиқи ғарбии Олмонро бастанд. Интиқоли барқ ва маводи хӯрока низ ба қисмати ғарбии Берлин баста шуд. 3 август Сталин рӯирост аз иттифоқчиёни собиқаш талаб кард, ки Берлини Ғарбӣ ба манотиқи таҳти тасарруфи СССР ҳамроҳ карда шавад, лек иттифоқчиёни собиқ ба ӯ ҷавоби рад доданд. Кишварҳои ғарбӣ барои ҳалли масъалаи Олмон ҷаласаи фавриро дар шаҳри Лондон даъват намуданд ва дар он қарор доданд, дар манотиқи ғарбии Олмон кишвари наве таъсис диҳанд. 1.09.1948 ғарбиён манотиқи ишғолии таҳти тасарруфашонро дар 1 қисмат муттаҳид карда, дар шаҳри Бонн аз намояндагони элитаи Олмони ғарбӣ Шӯрои парлумонӣ таъсис дода шуд. Ин Шӯро ҳуқуқи муваққатии қонунгузориро дар заминҳои Олмони ғарбӣ соҳиб шуд. Ба Шӯро сиёсатмадори машҳури 73-сола Конрад Аденауер роҳбар таъин шуд. Ӯ аз тарафдорони сарсахти ғарбгаро буд ва руҳияи ҷангҷӯёнаи "пруссиягӣ"-ро дуст намедошт. Ба фикри ӯ тамоми бадбахтии Олмон аз ин рӯҳия об мехӯрд. Конрад ҳанӯз с.1945 баъди тасхири Олмон аз ҷониби иттифоқчиён Иттиҳоди христиан-демократиро таъсис дод ва он ба яке аз асоситарин ҳизбҳои сиёсии Олмон табдил ёфт. Муҳосираи Берлини Ғарбӣ қариб 1 сол, то 12.05.1949 идома ёфт, аммо бе натиҷа! Амрикоиҳо ва англисҳо Берлини Ғарбиро тариқи ҳаво аз маҳсулоти мавриди ниёз таъмин мекарданд. Дар ҷавоби амалкарди шӯравӣ кишварҳои Ғарб октябри с.1949 блоки ҳарбӣ-сиёсии НАТО (Ташкилоти Созишномаи Анлантикаи Шимолӣ)-ро таъсис дорданд. 1.05.1949 Шӯрои парлумонӣ Сарқонуни навро дар Олмони Ғарбӣ ҷорӣ кард. Дар асоси он 14.08.1949 овоздиҳӣ ба Парлумони нав-Бундестаг баргузор шуд. Ин парлумон 20 сентябри ҳамон сол кишвари нав-Ҷумҳурии Федеративии Олмонро таъсис дод. Аввалин канцлери кишвари нави немисӣ худи Конрад шуд. Аммо СССР онро ба расмият нашинохт ва зидди он мавқеи тундеро ишғол намуд.
 
Аз ГДР то девори Берлин
Таъсиси Олмони Ғарбӣ (ФРГ) дастони Маскавро дар масъалаи Олмон боз кард. Акнун намешуд СССРро ба азҳампошии Олмон айбдор кард. Дар минтақаи ишғолии шӯравӣ аз с.1945 фаъолияти нерӯҳои сиёсии чапгаро роҳандозӣ шуд ва коммунистон дар миёни онҳо нақши асосӣ доштанд. Соли 1946 ҳизби коммунисти Олмон бо ҳизби сотсиал-демократ муттаҳид карда шуд ва Ҳизби ягонаи сотсиалистии Олмон (СЕПГ) таъсис ёфт. 7.10.1949 дар Берлини Шарқӣ Кунгураи халқӣ ба кор сар кард ва баъди чанде таъсиси Ҷумҳурии Демократии Олмонро (ГДР) эълон намуд. Президенти кишвари шарқии немисҳо, пешвои СЕПГ Вилгелм Пик шуд. Роҳбарияти ҳар 2 Олмон аз оғози таъсиси кишварҳояшон мавқеи душманонаро зидди ҳам ишғол карда, доимо якдигарро бо ҷурмҳои гуногун айбдор мекарданд. Дар аввали даҳаи с.1950 сиёсати номуваффақи иқтисодии роҳбарияти Олмони Шарқӣ буҳрони сахти иқтисодиро ба вуҷуд овард. Коргарони зиёде аз Олмони шарқӣ ба ғарби кишвар мегурехтанд. Сарҳад бо Берлини Ғарбӣ боз буд ва бештари фирориён аз ин роҳ истифода мекарданд. Соли 1957 ҳукумати Олмони Ғарбӣ бо роҳбарии Конрад "назарияи Хилштейн"-ро роҳандозӣ кард. Тибқи он Олмони Ғарбӣ ба таври автоматӣ бо ҳар кишваре, ки  ГДР-ро ба расмият мешинохт муносибати дипломатиашро қатъ мекард. Ҳукумати Олмони Шарқӣ бошад баъди сари кор омадани Валтер Улбрихт барои пешгирии фирори оммавии немисҳои шарқӣ ба ғарб аз Маскав тақозо мекард иҷозат диҳад марзро бо Берлини ғарбӣ бандад. Аммо Маскав дар оғоз ба ин кор ризоият намедод. Авзоъ тобистони с.1961 боз ҳам муташанниҷ шуд. Ҳазорон нафар коргарони немис ба воситаи Берлини ғарбӣ ба ФРГ гуреханд. Ахир, 5.08.1961 дар дидори Генсекҳои аҳзоби коммунистии кишварҳои сотсиалистӣ, роҳбарияти ГДР иҷозаи бастани марзро бо Берлини ғарбӣ дарёфт кард. 7 август дар нишасти Бюрои сиёсии СЕПГ коммунистони немис қарор доданд марзро миёни Берлини шарқӣ ва ғарбӣ банданд. Дар оғоз сарҳад бо симчӯб маҳкам карда шуд. Аммо симчӯб чандон боваринок набуд ва баъди чанде қарор дода шуд, миёни 2 Берлин девори баланде созанд. Сохтмони девори Берлин 13.08.1961 оғоз шуд. Моҳи сентябри с.1961 дарозии девор ба 3 км расонида шуд. Онро дар Олмони шарқӣ "Девори муҳофизатии зиддифашистӣ" номиданд. Тадриҷан масоҳати девор низ меафзуд ва билохира масоҳати он ба 45,1 км расонида шуд. Тамоми иртибот миёни Берлини шарқӣ ва қисмати ғарбии он қатъ шуд. Ин девор қариб 40 сол пойтахти немисҳоро табартақсим кард ва танҳо с.1990 бо ризоияти Горбачев аз миён рафт. 

Меҳрубон Салимшоев,
таърихнигори СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter