Роҳбарияти ҷамоҳири шӯравии ОМ низ даст ба кор шуданд ва дар натиҷа 1 муборизаи тезутунди гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ сар зад. Роҳбарияти Ҷумҳурии Халқии Бухоро ва Хоразм қариб ба пуррагӣ дар мавқеи пантуркистӣ қарор доштанд ва мехостанд ба русҳо намоиш диҳанд, ки дар ОМ 1 миллати бузурги турк сукунат дорад ва таъсиси ҷумҳуриҳои миллӣ ба нафъи мардум нест. Ин роҳбарони ҷадид, ки бештарашон аз ҳизби ҷавонбухориён буда, бо кӯмаки сарбозони сурх ба қудрат расида буданд, ҳоло мехостанд аз вазъ истифода бурда, кишварҳои қудратмандтаре барои худ бисозанд. Вале ин кӯшиши дар зоҳир одилона 1 монеаи ҷиддӣ дошт ва он ҳам ба куллӣ нодида гирифтан ва инкори мавҷудияти 1 миллат. Шигифтовар ин буд, ки роҳбарони дастаи аввали ҳизби ҷавонбухориён мисли Файзулло Хоҷаеву Фитрат намояндаи миллати тоҷик буданд, лек мавҷудияти тоҷикро дар ин сарзамин инкор карданд. Комиссияи Зеленский қарор дод, ки дар ОМ 3 ҷумҳурии шӯравӣ-Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистонро таъсис диҳад ва Тоҷикистон чун вилояти мухтор мебоист ба ҳайъати Узбакистон ворид мешуд. Худи ин тақсим аз оғоз сурати аҷибу ғарибе гирифт. Тамоми миллатҳо дар тақсимот ширкат варзида, намоянда доштанд, ба ҷуз Тоҷикон. Ба Тоҷик ҳатто гурӯҳаки хурдеро ҳам қоъил нашуданд. Танҳо баъди дахолати инқилобиёни қисмати шарқии Бухоро, мисли Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов... тоҷикон соҳиби гурӯҳи тахассусӣ шуданд. Раиси КМИ Бухорои Шарқӣ-Н.Махсум баъди омадан ба Тошканд, бо натиҷагириҳои комиссия ошно шуд ва зуд ба КМ РКП (б) - ниҳоди олии ҳукуматии болшевикон бо мактуб муроҷиат карда, аз КМ талаб намуд, қарори комиссияро аз нав бинад. Ӯ аз Маскав дархост намуд, ба Тоҷикистон низ бо ҳамон шарт ва усуле, ки ба Ӯзбекистон ва Туркманистон дода шуда буд, имкони таъсиси ҷумҳурии алоҳидаро фароҳам оваранд. Инчунин аз Маскав дархост мекард, манотиқе мисли Ӯротеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Сох, Риштон, Учқӯрғон ва 1 қатори дигар ба Тоҷикистон ҳамроҳ карда шаванд. Махсум навишта буд, ки вазъи ҷуғрофиёӣ ва шумораи аҳолии Тоҷикистон ба шароити таъсиси ҷумҳурии шӯравии мустақил 100% мутобиқанд ва таъсиси кишвари мустақили тоҷикон ба нафъи заҳматкашони минтақа аст. Сталин бо мактуб ошно шуд, аммо вазъият танҳо каме тағйир кард. Дар Маскав ба Тоҷикон иҷоза доданд, Ҷумҳурии мухторро таъсис диҳанд.. Моҳи августи с.1924 дар ҳайъати РСС Ӯзбекистон вилояти мухтори Тоҷикистон таъсис дода шуд. Аммо 14.10.1924 сессияи 2-уми КМИ СССР қарори пешинаро лағв карда, дар ОМ РСС Туркманистон, РСС Ӯзбекистон ва Республикаи мухтори Тоҷикистонро дар ҳайати Узбекистон таъсис дод. Республикаи автономии Қазоқистон ва вилоятҳои мухтори Қароқалпоқ ва Қарақирғиз бошанд ба РСФСР шомил шуданд. Лек ин ҷо низ адолат риоят нашуда, ба мухторияти тоҷикон танҳо навоҳии дурдасти Бухорои Шарқӣ ва кӯҳистони Зарафшон шомил карда шуданд. Ба ҳайъати Тоҷикистони мухтор вилоятҳои Душанбе, Ҳисор, Қаротегин (Ғарм, Дарвоз, Ванҷ), Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Панҷакент, Ӯротеппа ва Сариосиё дохил шуданд. Январи с.1925 ВМК Бадахшон таъсис дода шуд. Он низ ба мухторияти тоҷик даромад. Бо вуҷуди ин қисмати азими тоҷикон берун аз марзҳои миллии худ боқӣ монданд.
Ситораи ҳафтум
26.11.1924 дар Тошканд Кумитаи Инқилобии Ҷумҳурии Шӯравии Мухтори Тоҷикистон таъсис ёфта, Н.Махсум раиси Кумита интихоб шуд. Ба Кумита инчунин Буттабой Дадабоев, Раҳматулло Бобоҷонов, Ш.Шотемур, Абдулло Ёрмуҳаммадов, Ч.Имомов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Аббос Алиев, Нисор Муҳаммади Афғон... шомил шуданд. Пойтахти кишвари навтаъсис деҳаи Душанбе интихоб гардид ва инқилобиёни тоҷик баъди чанде дар ин деҳа ҷамъ шуданд. Роҳбарияти Тоҷикистони мухтор аз рӯзҳои аввали дар Душанбе мустақар шудан ба Ӯзбекистон аз талаботи ҳудудӣ гуфт ва Маскавро ҳам дар иҷрои ин талаботҳо довар қарор дод. Роҳбарони Тоҷикистон, хоса, Н.Махсум ва А.Ҳоҷибоев тавонистанд шахсан бо Сталин мулоқот кунанд ва ӯ ахир ба таъсиси РСС Тоҷикистон розӣ шуд. Он шабу рӯз Душанбе аз Тошканд тақозо мекард, округи Хуҷанд, шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд бо округҳояшон-Деҳнав, Сариосиё ва 1 қатор манотиқи дигар ба Тоҷикистон баргардонида шаванд. Соли 1926 дар мухторияти тоҷик аввалин интихоботи вакилони халқӣ доир шуд. Дар он ҳайъати КМИ нав интихоб карда шуд ва ба КМИ супориш дода шуд, то анҷумани оянда дар асоси Сарқонуни СССР Сарқонуни Тоҷикистони Мухторро таҳия кунад. Декабри ҳамон сол ҳукумати нави Тоҷикистон рӯи кор омад. Н.Махсум раиси КМИ ва Абдуқодир Муҳиддинов раиси ШКХ интихоб шуданд. Муборизаҳо барои Хуҷанд с.1927 аз нав авҷ гирифта, кӯшиши роҳбарияти Тоҷикистон самара дод ва Хуҷанд расман округи тоҷикӣ дар ҳайъати Узбекистон шинохта шуд. Ин иқдом ҳамроҳшавии Хуҷандро ба Тоҷикистон ногузир кард. Сурхандарё расман ҳудуди тоҷикнишин шинохта нашуд, лек бо вуҷуди ин ба Душанбе муяссар шуд Маскавро розӣ кунонад, ки барои ҳалли ин масъала комиссияи махсуси сенафара таъсис диҳад. Комиссия мебоист баҳсро болои Сурхандарё ҳал мекард. Раиси комиссия болшевик Макеев таъин карда шуд. Тоҷикистонро дар он А.Ҳоҷибоев намояндагӣ мекард ва аз ҷониби Узбакистон Исломов ҳузур дошт. Албатта комиссия ба ҳеҷ натиҷа нарасид. Бо вуҷуди ин кӯшишҳо ҳамоно идома доштанд. Худи мардум низ дар округи Хуҷанд аз бедории миллӣ бархурдор буд ва ҳатто дар Конибодом қатораи Куйбишевро манъ карда, аз ӯ хостанд, то онҳоро ба Тоҷикистон гардонад. Ахир, Сталин баҳори с.1929 қарор дод, Хуҷандро ба Тоҷикистон баргардонад. 17.06.1929 Сталин ба Бюрои ҲК (б) Узбекистон номае ирсол ва дар он таъкид кард, ки Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон аз ҳайъати Узбекистон бароварда шуда, дар заминаи он РСС Тоҷикистон таъсис дода шавад. Дар Тошканд чорае ҷуз итоат надоштанд. Хуҷанд ба Тоҷикистон ҳамроҳ шуд. Акнун Тоҷикон имкон ёфтанд, ки ҷумҳурии алоҳидаи худро созмон диҳанд. Бо ҳамин, 16.10.1929 Анҷумани III махсуси Шӯроҳои СССР Декларатсияи таъсиси РСС Тоҷикистонро ба тасвиб расонида, Тоҷикистон ҷумҳурии 7-уми СССР шуд. Худи ҳамон рӯз дар Хонаи деҳқон (Театри собиқи Маяковский) ҷамъомади ботантанаи мардумӣ доир шуда, дар он Декларатсия қироат ва якдилона қабул карда шуд. Феврали с.1931 бошад дар ҳамин бино Анҷумани 4-уми Шӯроҳои РСС Тоҷикистон доир шуда, дар он аввалин Сарқонуни РСС Тоҷикистон қабул карда шуд.
Меҳрубон Салимшоев,
таърихнигори СССР