Ба Иттиҳоди сегона Олмон, Италия ва Япония дохил мешуданд ва он зидди Англия, Фаронса ва ИМА равона шуда буд. Ба андешаи бархе аз муаррихин, агар СССР ба ин иттиҳод ҳамроҳ мешуд ҷанги ҷаҳонии 2 ранги комилан дигар мегирифт. Иттиҳоди сегона бо ҳамроҳшавии СССР ба иттиҳоди 4-гона табдил меёфт ва он шабу рӯз дар ҷаҳон нерӯе боқӣ намемонд, ки зидди ин иттиҳод тавонад истодагарӣ кунад. СССР розӣ буд бо пазируфтани шарту шуруташ аз ҷониби Олмон ба иттиҳод пайвандад, лек фюрери олмонӣ аллакай тасмими худро гирифта буд ва шартҳои Сталинро рад кард. Мушкилоти доғи ин гуфтушунид масъалаи Финляндия, Булғористон ва Руминия буд. Молотов аз Гитлер хост, ин кишварҳо ва инчунин гулугоҳҳои Босфор ва Дарданел дар Баҳри сиёҳ ба ҳавзаи нуфузи СССР дохил гарданд ва дар иваз кишвараш чун аъзои баробарҳуқуқ ба Иттиҳоди сегона мепайвандад, аммо Гитлер ин талаби СССРро рад кард. Фюрери олмонӣ дар нишаст гуфт, ки Британия дар кӯтоҳтарин муддат торумор хоҳад шуд ва ба Молотов ваъда дод, ки СССРро дар тақсими мероси ин императорӣ саҳим мегардонад. Ӯ ба Молотов иброз намуд: "Ман Сталинро шахси бузурги таърихӣ меҳисобам ва худам ҳам ният дорам, ки вориди таърих гардам. Бинобар ин дидори мо бояд ҳарчи зудтар сурат бигирад". Аммо ӯ аз ҳилаи Гитлер пай бурд ва дар Маскав хатароти эҳтимолии Олмонро барои СССР шахсан ба Сталин ва аъзои Бюрои сиёсӣ гӯшзад кард. Гитлер бошад моҳи декабр тасмими ниҳоии худро гирифт ва фармони ҳуҷум ба СССР ва нақшаи Барбароссаро ба имзо расонд. Бо вуҷуди ин, Иосиф Сталин баҳори с.1941 дубора ба Гитлер пайғом дод, ки СССР розӣ аст ба Иттиҳоди сегона пайвандад, аммо Гитлер ба ин дархост ҳеҷ ҷавобе надод. Англисҳо низ аз гуфтушуниди Молотов бо Гитлеру Риббентроп огоҳ буданд ва рӯзҳои қарор доштани Молотов дар Берлин нерӯҳои ҳавоии Англия паёпай ба пойтахти Олмон ҳамла мекарданд. Баъдан Черчилл ба Сталин гуфта буд: “Мо медонистем, ки он шабу рӯз ҷаноби Молотов дар Берлин ҳузур дорад ва бо ин роҳ кӯшидем, ба самъи шумо расонем, ки ҳоло зиндаем...”.
Гуфтушуниде, ки метавонист ҷаҳонро дигар кунад
12.11.1940 вазири корҳои хориҷии СССР Вячеслав Молотов бо даъвати ҳамтои олмонии худ-Иоахим Риббентроп озими Берлин гардид. Ӯ дар Берлин бо Риббентроп ва Адолф Гитлер гуфтушуниди дурӯза дошт ва мақсади асосии он ҳамроҳ шудани Иттиҳоди Шӯравӣ ба Иттиҳоди сегона буд.
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар