ХАБАРИ ДОҒ


11.11.1905 дар шаҳри Севастопол сотсиал-демократони рус исёни зидди ҳукуматиро оғоз намуданд.

Ба ин балво хеле зуд баҳрнавардон (матросҳо), коргарони бандари Севастопол ва аскарони полки Брестии мустақар дар шаҳр ҳамроҳ гардиданд. Шӯришгарон худи ҳамон рӯз Шӯрои вакилони аскарон ва матросҳоро таъсис доданд. Ин Шӯро тасмим гирифт, ки дар тамоми Флоти баҳрисиёҳии рус шӯриш бардорад ва лейтенанти ба касе ноошно-Петр Петрович Шмидтро фармондеҳи Флот таъйин кунад.

Фарзанди адмирал
Шмидт 5.02.1867 дар шаҳри Одессаи Украина ба дунё омад. Падараш контр-адмирали флоти баҳрии Русия буд ва амакаш бошад рутбаи адмирали флотро соҳиб буд. Шмидт низ касби баҳрнавардиро интихоб намуд ва с.1886 омӯзишгоҳи баҳрнавардии Петербургро хатм карда, бо рутбаи мичман ба флоти Балтик роҳӣ шуд. Петр аз ҳамон оғоз бо пояҳои ҳукумати подшоҳии Русия мушкил пайдо кард ва миёни афсарони ҳамхизматаш чун "либерал" маъруф шуд. Падараш мекӯшид, ки Шмидтро чун ашрофзодаи асил тарбият кунад, аммо ӯ роҳи дигарро интихоб кард. Ҳатто дар издивоҷ хилофи майли падар рафтор карда, 1 фоҳишаро ба занӣ гирифт. Соли 1889 ӯ бо сабаби бад будани вазъи саломатиаш аз хизмат дар флоти баҳрӣ сарфи назар кард. Аммо Петри ҷавон баҳрнавардиро дӯст медошт ва баъди чанде бо насиҳату роҳнамоии амакаш дубора дар флот барқарор карда шуд. Соли 1889 бошад ӯро аз флоти ҳарбӣ ба флоти тиҷоратӣ мегузаронанд ва ӯ ба ҳайси капитани киштии тиҷоратӣ то с.1904 хизмат кард ва бо оғози ҷанги русу япон ӯро дубора ба флоти ҳарбӣ сафарбар карданд.

Роҳбари шӯриш
Инқилоби аввали рус дар с.1905 дар зиндагии Шмидт таъсири амиқе гузошт. Моҳи октябр подшоҳ Николайи 2 манифести махсусеро дарҷ кард ва дар он ба мардуми кишвараш 1 қатор озодиҳоро дод. Ӯ манифести шоҳро ба хурсандӣ истиқбол кард ва дар аввалҳои моҳи ноябр ба Севастопол омада, бо амри тақдир рӯбарӯи рӯйдодҳо қарор гирифт. 10 ноябр дар шаҳр гирдиҳамоии мардумӣ доир гардид ва Шмидт низ дар он ширкати бевосита дошт. Гирдиҳамомадагон ҷониби зиндони шаҳр равона шуда, он ҷо зери тирборони нерӯҳои ҳукуматӣ қарор гирифтанд. Дар натиҷа 8 тан кушта ва теъдоди зиёди дигаре маҷрӯҳ шуд. Рӯзи дафни қурбониён гирдиҳамоии нав, ки теъдоди иштирокчиёни он ба 40.000 нафар мерасид, доир гардид. Ӯ дар ин гирдиҳамоӣ сухан ронд ва ин аввалин ошноии мардум бо роҳбари ояндаи шӯриш буд. Баъди суханрониаш лейтенантро дар ҳол ҳабс карданд. Аммо дар шаҳр аллакай шӯриш оғоз шуда буд. Ва шаби 11 октябр шӯришгарон аввалин Шӯрои Севастополии вакилони коргарон, матросҳо ва аскаронро созмон доданд. Рӯзе баъд намояндагони Шӯро Шмидтро аз ҳабс озод намуда, аз ӯ тақозо карданд, ки роҳбарии шӯришро ба зимма гирад.

Фармондеҳи "Очаков"
Шмидт розӣ шуд ва ба киштии ҷангии "Очаков", ки ҳайъати асоси шӯришгарон дар он қарор доштанд, омада, роҳбарии ҳарбии шӯришро ба ӯҳда гирифт. Ӯ 14 ноябр ба Николайи 2 номае ирсол ва аз ӯ талаб намуд, ки озодиҳои ваъдакардаашро иҷро кунад. 15 ноябр киштии "Очаков" бо нерӯҳои ҳукуматӣ ба ҷанг даромад, аммо баъди задухӯрди якунимсоата шӯришчиён торумор шуданд. Ӯ ва роҳбарони дигари шӯриш ба ҳабс гирифта шуданд. Додгоҳи ҳукуматӣ Шмидт ва як қатор роҳбарони дигари шӯришро ҳукми қатл дод ва 6.03.1906 лейтенанти инқилобӣ дар ҷазираи Березан парронда шуд. Ба қатли ӯ ҳамдарси омӯзишгоҳӣ ва дӯсти кӯдакиаш Михаил Стравкин фармондеҳӣ мекард. Худи Стравкинро бошад баъди 17 сол болшевикон пайдо карда, ба қатл расонданд. Номи Шмидт баъди инқилоби Февралӣ бори дигар вирди забонҳо шуд ва ӯро бо фармони адмирал Колчак дубора бо тантана гӯру чӯб карданд. Бо ғалабаи болшевикон бошад ӯ ба яке аз қаҳрамонони ҳаракати инқилобӣ табдил ёфт.

Меҳрубон Салимшоев,
таърихнигори СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter