ХАБАРИ ДОҒ


ё бузургтарин дуздии қарни ХХ

28.11.1943 дар пойтахти Эрон-шаҳри Теҳрон вохӯрии таърихии "Сегонаи калон"-роҳбарони СССР, Бритониё ва ИМА доир шуд. Сталин, Черчилл ва Рузвелт бори аввал бо ҳам дидор намуда, қисмати баъдиҷангии Олмон ва Аврупоро ҳаллу фасл намуданд.

Гарчи ин дидор дар шароити комилан махфӣ омода мегашт, хадамоти ҷосусии Олмон миёнаҳои моҳи октябр аз он дарак ёфт. Ахборро оид ба ин дидор ҷосуси ботаҷрибаи олмонии миллаташ албан-Эдиас Безна дарёфт намуд. Ӯ, ки бо лақаби Цицерон маъруф буд, ба ҳайси ёвари сафири Бритониё дар Туркия фаъолият мекард. Ӯ Берлинро аз ин дидори таърихӣ огоҳ кард ва сардори Раёсати амнияти Рейхи 3-ум Эрнст Калтенбруннер таъҷилан ба Фюрер нақшаи амалиёти ояндаро пешниҳод намуд. Амалиёт "Ҷаҳиши дароз" ном гирифт ва пиёда кардани он ба зиммаи тахрибкори маъруфи олмонӣ, сардори гурӯҳи махсуси СС Отто Скорценӣ вогузор карда шуд. Ӯ яке аз беҳтарин тахрибкорони Олмон буда, чанде қабл роҳбари Итолиё Бенито Мусоллиниро аз асорат наҷот дода буд. Бенито дар қалъаи дастнорасе нигаҳдорӣ мешуд, аммо ҷанговарони Отто тавонистанд бо муваффақият ӯро дуздида ба Олмон биёранд. Нақшаи аввалини немисҳо дар Эрон низ аз дуздии роҳбарияти "Сегонаи калон" иборат ёфта буд. Ба андешаи Эрнст қатли роҳбарони СССР, Бритониё ва ИМА ҷангро мутаваққиф намекард, лек асорати онҳо метавонист мардуми ин кишварҳоро ваҳшатзада ва ноумед гардонад. Немисҳо нақша доштанд Сталинро тавассути Туркия ба Берлин интиқол диҳанд ва он ҷо дар дохили қафас-дур аз назари умум нигаҳ доранд. Дар бобати Рузвелт назарҳо дар Берлин мутафовит буданд. Баъзе пешниҳод мекарданд, ки ӯро маҷбур кунанд, то кишварашро ба таслим шудан водорад ва баъзеи дигар хостори қатли ваҳшиёнаи ӯ буданд. Аз ҷумла, Эрнст пешниҳод намуд Рузвелтро ба наҳангон бихӯронанд ва ин корро навор бардоранд. Дар мавриди Черчилл бошад немисҳо ҳама ҳамақида буданд. Роҳбари Бритониё мебоист дар ҷои ҳодиса ба қатл мерасид. Аммо худи Отто зидди рабудани Сталин, Рузвелт ва Черчилл буд. Ӯ пешниҳод намуд, ин 3 танро дар сафорати СССР дар Теҳрон тавассути тайёраи пур аз бомб, ки онро сарнишини фидоӣ идора мекард, ба ҳалокат расонанд. Аммо Фюрер ва Отто ин фикри тахрибкорро рад карданд. Билохира, немисҳо қарор доданд тавассути қабристони арманиҳо ба сафорати СССР дар Теҳрон ворид шаванд. Ин нақшаро худи ҷосусони олмонии дар Эрон фаъол ба Берлин пешниҳод намуданд. Немисҳо дар Эрон шабакаи густардаи ҷосусӣ доштанд. Он шабу рӯз дар ҳудуди ин кишвар тақрибан 6500 ҷосуси олмонӣ фаъолият дошт. Немисҳо бо ҳукумати шоҳи собиқ Ризохон равобити зич дошта, ҷосусҳояшон ҳатто дар болотарин зинаҳои ҳукуматии Эрон низ мавҷуд буданд. Нақшаи аввал мебоист тавассути штурбанфюрер Франс Майер амалӣ мешуд. Майер ҳамчун армании пир дар қабристони арманиҳо ба ҳайси қабркан кор мекард ва мебоист аз дохили қабре ҷониби сафорат роҳи зеризамини канда, дастаи тахрибкоронро тариқи он вориди сафорати СССР мекард. Аммо ин нақша ҷомаи амал напӯшид. Садди роҳи ин армании дигар, ҷосуси шӯравӣ Геворк Вартанян гардид. СССР низ дар Эрон шабакаи ҷосусии густардае барпо карда буд ва асоси ин шабакаро мардуми арманитабори ин кишвар ташкил медоданд. Ба яке аз гурӯҳҳои ҷосусии шӯравӣ дар Эрон Геворк-ҷавони 19-сола сарварӣ мекард. Маҳз гурӯҳи ӯ дар хунсо кардани амалиёти "Ҷаҳиши дароз" нақши калидӣ гузошт. Ӯ ва ҳамгурӯҳонаш тавонистанд макони Майер ва радистони немисро ошкор кунанд. Аз Маскав барои пешгирии амалиёти немисҳо зиёда аз 3000 корманди НКВД ба Теҳрон эҳзор карда шуданд ва баъди чанде Майер ва шариконаш дастгир гардиданд. Бо дастгир шудани Майер немисҳо аз нақшаи роҳи зеризаминӣ даст кашида, нақшаи худро тағйир доданд. Ин бор қабилаи қашқойҳо мебоист нақши калидӣ мебозид. Яке аз ҷосусони дигари олмонӣ Шюнеман бо сардори қабилаҳои қашқой гуфтушунид анҷом дод ва тибқи он дастаҳои қабоили қашқой мебоист дар рӯзи муайян вориди Теҳрон шуда, ба биноҳои ҳукуматӣ ҳуҷум мекарданд. Дар натиҷа дар шаҳр бесарусомонӣ эҷод мегашт, тахрибкорони немис аз вазъият истифода бурда ба сафорат ҳамла мекарданд. Лек ин нақша низ амалӣ нашуд, чун аз Берлин долларҳои ваъдагиро наоварданд. Қашқойҳо бошанд бе доллар розӣ нашуданд ба Теҳрон ҳамла кунанд. Гурӯҳи Геворк низ баъди чанде қароргоҳи асосии ҷосусонро дар наздикиҳои шаҳри Қум ошкор карда, дар аввалҳои моҳи ноябр НКВД наздики 400 ҷосуси олмониро қапид. Аз 22 то 27 ноябр нерӯҳои шӯравӣ 14 гурӯҳи парашютчиёни немисро, ки бо сардории Рудолф фон Холтен-Пфлуг ва власовчӣ Владимир Шкварёв дар наздикиҳои Қум ва Қазвин партофта шуда буданд, дастгир карданд. Ҳамин тариқ амалиёти "Ҷаҳиши дароз" ё бузургтарин дуздии асри ХХ ба нокомӣ дучор шуд.
Нишасти роҳбарони "Сегонаи калон" дар Теҳрон масоили зиёдеро мавриди баррасӣ қарор дод, ки асоситаринаш ифтитоҳи фронти 2-ум ва қисмати баъдиҷангии Олмон буд. Дар бобати ин фронт Черчилл пофишорӣ мекард, ки он дар нимҷазираи Балкан поярезӣ шавад, аммо Сталин талаб мекард англисҳо ва амрикоиҳо дар шимоли Фаронса амалиёти ҷангиро зидди немисҳо оғоз кунанд. Черчилл ба ҳар роҳ мехост аз вуруди нерӯҳои шӯравӣ ба Аврупои Ҷанубу Шарқӣ ҷилавгирӣ кунад. Сталин ва Рузвелт иқдоми Черчиллро ба хубӣ фаҳмиданд ва гуфтушунид қариб ба нокомӣ анҷомид. Дар яке аз лаҳзаҳо Сталин ба ғазаб омада ба Молотов хитоб кард: "Бархез! Меравем, мо дар хона кори зиёд дорем!". Аммо Черчилл, ки нақша надошт нишасти Теҳронро баҳам занад, Сталинро боздошт ва пешниҳодашро пазируфт. Дар бобати ояндаи Олмон низ тарафҳо назари гуногун доштанд. Рузвелт пешниҳод намуд Олмонро ба 5 кишвари мустақил тақсим кунанд. Черчилл низ дар ин амр ӯро дастгирӣ намуд, аммо Сталин зидди ин пешниҳод баромад. Маҳз ба хотири пофишории Сталин немисҳо баъди ҷанг дорои кишвари соҳибистиқлол шуданд. Инчунин дар ин нишаст Иттиҳоди Шӯравӣ ӯҳдадор шуд, баъди шикасти Олмон ба ҷанг бо Япония ҳамроҳ шавад ва ба ин ваъдааш вафо кард.

Меҳрубон Салимшоев,
Таърихнигори СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter