ХАБАРИ ДОҒ



Ҳодисаи Майнила
Ҷанги шӯравию фин, ки 30.11.1939 сар шуд ва дар таърихи мо бо "ҷанги зимистона" маъруф аст, даргирии аввал миёни ин 2 кишвар набуд. Бори аввали миёни Русияи шӯравӣ ва Финландия дар с.1918 ҷанг ба вуқӯъ пайваст. Он ҳангом ҳукуматдорони Финляндия, ки тоза ба истиқлолият даст ёфта буданд, хостанд ҳудуди Карелияи Шарқиро ба тасхир дароранд. Бори 2-ум с.1921 даргириҳо миёни 2 кишвар сар шуданд, ки то с.1922 идома дошт.

Дар натиҷа финҳо натавонистанд Карелияро тасхир кунанд, лек навоҳии Печенг-қисмати ғарбии нимҷазираи Рибачий ва қисмати бештари нимҷазираи Средний ба ҳайъати Финляндия мулҳақ шуданд. Соли 1932 бошад миёни 2 кишвар созишномаи сулҳ ба имзо расид, ки тибқи он тарафҳо ӯҳдадор шуданд ба якдигар ҳуҷум накунанд. Лек ноябри с.1939 СССР созишномаро ба сурати якҷониба лағв кард ва ҷанги 3-ум миёни СССР ва Финляндия оғоз шуд. Сабаби асосии ҷанги нав миёни 2 кишвар масоили марзӣ шуд. Сталин мекӯшид дар арафаи ҷанги ҷаҳонии нав дар Аврупо марзи давлатиро аз Ленинград дуртар барад. Он шабу рӯз марзи давлатии СССР бо Финляндия ҳамагӣ дар 18 километрии Ленинград мегузашт ва дар сурати сар задани ҷанг Ленинградро хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Маскав дар ивази кӯчонидани сарҳад ба финҳо навоҳии дигари фарохеро дар Карелияи Шарқӣ пешниҳод кард, аммо дар Хелсинки ин пешниҳодро рад карданд ва ҷанг ногузир шуд. Баҳонаи бевоситаи ҷанг ҳаводис дар назди деҳаи Майнила шуд. 26 ноябр дар наздикиҳои ин деҳа гурӯҳи сарбозони шӯравӣ мавриди тирборон қарор гирифт. Дар натиҷа 3 тан сарбоз ва 1 афсари шӯравӣ фавтида, 7 каси дигар захмӣ шуданд. Ҷузъиёти ҳодиса то ҳол аён нест. Баъзе бар инанд, ки тарафи шӯравӣ худаш ин тирборонро тарроҳӣ намуда буд. Бо вуҷуди ин, баъди 2 рӯз СССР созишномаи сулҳро лағв ва 30 ноябр амалиёти ҳарбиро зидди Финляндия оғоз намуд.

Хатти Монергейм
Асоситарин садд дар роҳи ҳуҷуми Артиши Сурх дар Карелияи Шарқӣ хатти мудофиавии Карл Маннергейм будӣ. Ин хат дар худи Финляндия бо хатти Энкел (аввалин сардори Ситоди генералии Финляндияи мустақил) маъруф буд ва маҳз Энкел с.1920 дастури сохтмони онро содир карда буд. Финҳо бо ин роҳ мехостанд аз воридшавии Артиши Сурх ба дохили кишварашон пешгирӣ кунанд. Сохтмони хатти мудофиавӣ с.1924 бо истеъфои Энкел мутаваққиф шуд ва Карл с.1932 ҳини боздиди он дастур дод сохтмонашро идома диҳанд. Хатти Маннергейм дар ғарб ба халиҷи Фин бархӯрда, дар шарқ то кӯли Ладога тӯл мекашид ва аз 6 хатти мудофиавӣ иборат ёфта буд. Артиши Сурх 2 моҳи дароз заҳмат кашид, то ин хатро рахна кунад ва ҳангоми рахнаи он талафоти сангине дод. Ҷанги зимистона чанд истилоҳоти ҷадидеро ба ҷаҳониён тақдим кард, ки миёни онҳо "путки Сталин" ва "коктейли Молотов" аз ҳама маъруфанд. Маҳз дар рафти ҷанги шӯравию фин аскарони сурх барои мубориза бо тонкҳои душман аз шишаҳои бо маводи сӯзанда пуркардашуда истифода мебурданд, ки баъдан бо "коктейли Молотов" маъруф шуданд. Инчунин барои мубориза бо дотҳои финӣ Артиши Сурх бори аввал дар ҷанги зимистона аз тӯпҳои вазнини Б-4 истифода кард. Ин тупҳо дотҳо ва дзотҳои финиро бо 1 тир ба хок яксон мекарданд ва миёни аскарони финӣ бо лақаби "путки Сталин" маъруф шуданд.

Меҳрубон Салимшоев,
таърихнигори СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter