ХАБАРИ ДОҒ


3.12.1945 президенти ИМА Гарри Трумэн нақшаи "Троян"-ро имзо кард. Тибқи он ИМА мебоист 1.01.1950 ҷанги атомиро алайҳи СССР оғоз мекард. Моҳи декабри с.1945 дар Маскав машварати вазирони корҳои хориҷии давлатҳои иттифоқчӣ доир шуд. Котиби давлатии ИМА Бирнс, ки дар ин нишаст ширкат карда буд, баъди бозгашт ба ИМА гуфт, вақти дидор бо Сталин итминон пайдо кардам сулҳи дарозмуддат дар Аврупо фаро хоҳад расид.

Аммо ӯ Бирнсро сахт танқид карда гуфт: "Барои мо сулҳ бо Иттиҳоди Шӯравӣ лозим нест". Ногуфта намонад, ки Трумэн-президенти нави ИМА аз оғози сари қудрат расидан нақшаи ҷанги навро зидди СССР дар сар мепарварид. Ҳанӯз ҳини бозгашт аз конфронси Потсдам дар киштии "Аугуста" ӯ ба сарфармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Аврупо генерал Эйзенхауэр фармон дода буд, нақшаи ҷангро алайҳи СССР омода кунад. Аввалин бахши "Троян" амалиёти "Дропшот" буд. Нақшаи "Дропшот" с.1949 вақте Трумэн дубора ба курсии раисиҷумҳури ИМА нишаст, омода карда шуд. Тибқи ин нақша амрикоиҳо мебоист дар давраи аввал 300 бомбаи атомии 50 килотонна ва 200 000 тонн бомбҳои оддиро болои 100 шаҳри СССР мепартофтанд. Аз инҳо 25 бомби атомӣ мебоист болои Маскав, 22 бомб болои Ленинград, 10 бомб ба болои Свердловск, 8 бомби атомӣ болои Киев, 5 бомб болои Днепропетровск, бо ҳамин болои чанд шаҳри дигар партоб мешуданд. Тибқи ҳисобу китоби амрикоиҳо дар натиҷа наздики 60 млн аҳолии аввалин кишвари Шӯроҳо мебоист мемурд. Роҳбарияти ИМА нақшаи амалиётро 19.12.1949 тасдиқ намуд. Онҳо он шабу рӯз дар масоили силоҳи атомӣ яккатози майдон буданд ва мутахассисонашон фол мезаданд, ки СССР танҳо дар с.1954 ё 1955 метавонад ба сохтани бомби атомӣ даст ёбад. Лек дар Маскав ҳам хатарро эҳсос карда, олимони шӯравӣ шабу рӯз дар ин самт заҳмат мекашиданд. Ахир, дар авохири моҳи августи с.1949 ба олимони шӯравӣ бо сарварии И.Курчатов ва Ю.Харитонов муяссар шуд, аввалин бомби атомиро омода кунанд. Он РДС-1 ном гирифт. Озмоиши бомб 29.08.1949 дар Семипалатински Қазоқистон доир шуд. РДС-1 22 килотонна вазн дошт ва озмоиши он бо муваффақият анҷомид. Бомби шӯравӣ барои амрикоиҳо ғайричашмдошт шуд ва нақшаи ҷанги атомиро вайрон кард. Соли 1957 бошад СССР озмоиши аввалин мушаки байниқитъавии худро, ки қодир буд силоҳи атомиро интиқол диҳад, доир намуд. Мушаки шӯравии Р-7 қудрат дошт 1 бомбаи атомии 3 мегатоннаро ба масофаи 8800 км бубарад. Дар ҳоле, ки масофа аз Петропавловск-Камчатски то Лос-Анҷелес 6600 км ва аз Маскав то Вашингтон бошад 7850 км-ро ташкил медод. Ҳамин тариқ амрикоиҳо мутаваҷҷеҳ шуданд, ки ҳамлаи атомиашон бе ҷавоб нахоҳад монд ва аз "Троян" пурра даст кашиданд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter