Маҳз ин теъдод дар мурофиаи Нюрнберг аз сӯи мақомоти СССР ироа шуд. Аммо тибқи маълумоти дигар наздики 1,5 млн одам қурбонии муҳосираи немисҳо шуданд. Танҳо 3%-и ин теъдод аз бомбаҳо ва оташи душман фавтида, 97% бошад аз гуруснагӣ мурдаанд. Меъёри нон, ки ба мардум дода мешуд, 125 гр буд. Ба коргарон бошад 250 гр нон медоданд. Дар айёми муҳосира тақрибан 1,5 млн одам, тақрибан нисфи сокинони шаҳр ба дигар манотиқ кӯчонида шуданд. Барои огоҳ кардани мардум аз ҳуҷуми нерӯҳои ҳавоии душман дар кӯчаҳои Лениград 1500 балангӯяк насб карда буданд. Радиои шаҳрӣ низ дар ин самт хизмати босазое намуд. Дар радио метрономҳои хос насб карда, онҳоро тапиши дили Ленинград меномиданд. Аввалин зимистони муҳосира аз ҳама хисорати сахт ворид кард. Ин зимистон бисёр хунук омад ва дараҷаи ҳаво то 32,1*С поин рафт. Он сол (1942) сармо то моҳи май идома ёфта, дар ин муддат сокинони шаҳр аз гармову шабакаи обрасон маҳрум буданд. Дар муддати асорат дар Ленингард теъдоди калламушҳо хеле афзуда, онҳо ба захираҳои хӯрокаи шаҳр таҳдиди ҷиддӣ мекарданд. Ҳазорон калламӯш дар кӯчаҳои шаҳр даву тоз карда, аз одамон ҳам сари тарс надоштанд. Барои мубориза бо калламушҳо баъди рахнаи муҳосира ба шаҳр пеш аз ҳама 4 қатора гурба ворид карданд. Гурбаҳоро январи с.1943 аз Ярославл ба Ленинград интиқол доданд ва маҳз ин ҳайвонҳои хонагӣ шаҳрро аз таҷовузи калламушҳо наҷот бахшиданд. Барои ин қаҳрамонӣ ба 2 гурба аз ин гурӯҳ дар кӯчаи “Малая Садовая”-и Ленинград ҳатто ҳайкал ҳам гузошта шуд.
872 рӯзи даҳшат
18.01.1943 Артиши шӯравӣ муҳосираи 872-рӯзаи Ленинградро қисман рахна кард. Ленинград 8.09.1941 ба муҳосира гирифта шуд. Ягона роҳи иртиботии шаҳр бо соири манотиқи кишвар-кӯли Ладога шуд ва онро "роҳи ҳаёт" ном гузоштанд. Дар ин муддат дар Ленинград тибқи баъзе маълумот 630.000 одам аз гуруснагӣ ва сармо мурд.
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар