ХАБАРИ ДОҒ


50 сол - 50 медал
Варзиш дар ҷанги сард миёни СССР ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нақши боризеро ифшо мекард. Ҳар 2 қудрат мекӯшид дар баланд бардоштани обрӯ аз ин абзори муҳим истифода кунад. Қувваозмоии варзишгарони шӯравӣ бо рақиб ҳамеша олуда ба сиёсат буда, ғалаба ё бохт дар майдони варзиш бештар чун ғалаба ва бохти кишвар талаққӣ мешуд.

Яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои ин қувваозмоӣ бозиҳои Олимпӣ буда, дар ин масир бозиҳои Олимпии с.1972 дар Мюнхени Олмон нақши вежа доранд. Дар ин Бозиҳо дастаи яккачини СССР ба варзишгарони ИМА ғалабаи пурра ба даст овард. Дар маҷмӯъ варзишгарони аввалин кишвари Шӯроҳо дар Мюнхен соҳиби 50 медали тилло ва амрикоиҳо бо 33 медал ҷои 2-ро соҳиб шуданд. Он сол СССР 50-солагии таъсиси худро бояд ҷашн мегирифт ва дастаи яккачини Олимпӣ бо 50 медал СССРро табрик гуфт. Аз ҳама медали охир дар баскетбол рост меомад ва ин медал воқеан ба 1 тарзи ҳайратангез ба даст омад.

Бозии миллӣ
Дар ин навъи варзиш он шабу рӯз амрикоиҳо дар дунё беҳамто буданд. Баскетбол ба навъе бозии миллии ИМА буду равнақи бесобиқае дошт. Кӯдакони амрикоӣ ҳанӯз аз замони мактаб бо баскетбол ошно мешуданд. Дар ҳар 1 мактаб 2-3 толори баскетболбозӣ вуҷуд дошт. Зинаи 2-ро донишҷӯён ташкил мекарданд. Ҳар Донишгоҳ тими баскетболи худро дошт ва миёни онҳо мусобиқаҳои бузург барпо мешуд. Баъди гузаштан аз ин зина баскетболбозони болаёқаттарин ба НВО-лигаи ҳирфаии баскетбол мегузаштанд. Бозиҳои Олимпии ҷаҳонӣ дар баскетбол нақши бисёр вежа дошта, амрикоиҳо дар ин самт пештози майдон буданд. Дастаи яккачини ИМА оид ба баскетбол аз замони шурӯи бозиҳои Олимпии с.1936 ва вуруди баскетбол ба доираи бозиҳои олимпӣ ҳамеша ҷои 1-ро ишғол мекарданд. Касе то ҳол натавониста буд амрикоиҳоро дар бозиҳои Олимпӣ шикаст диҳад. Ва дар тамоми ин муддат рақиби аслии онҳо баскетболбозони шӯравӣ буданд. Дастаи баскетболи СССР солҳои 1952, 1956, 1960 ва 1964 дар финал бо амрикоиҳо қувва озмуд ва шикаст хӯрд. Соли 1959 ба баскетболбозони СССР муяссар шуд амрикоиҳоро дар Чемпионати ҷаҳон шикаст диҳанд. Аммо дар ин мусобиқа бозингарони беҳтарини амрикоӣ ширкат надоштанд. Дастаи олимпии ИМА одатан аз донишҷӯёни ин кишвар таъсис меёфт ва ҷавонтарин дастаи баскетбол дар таърихи бозиҳои Олимпӣ буд. Синну соли бозингарон аз 20-21 сол зиёд набуд. Бозиҳои Олимпӣ дар идомаи ҳаёти варзишии донишҷӯён аҳамият дошт ва бозингарони касбии НВО низ аз ҳамин ҷо маълум мешуданд. Он шабу рӯз тими миллии баскетболи ИМА яке беҳтаринҳо дар ҷаҳон буд. Барои мисол, дарозтарин бозингар Томми Бёрлсон бо қадди 223 см дар ин тим бозӣ мекард. Тими миллии баскетболи ИМА бо вуҷуди ин, ки беҳтарин баскетболистони амрикоӣ (бозингарони НВО) дар он ширкат надоштанд, тавонист 7 мусобиқаи Олимпиро пай дар пай бубарад.

Квази профессионалҳо ё тими бузург
Рақиби асосии амрикоиҳо дар бозиҳои Олимпии с.1972 боз ҳам дастаи яккачини шӯравӣ буданд. Ҳар 2 тим ҳам инро дарк карда буданд. Аммо дастаи яккачини СССР аз амрикоиҳо чанд фарқ дошт. Тибқи қоидаҳои ҷорӣ дар бозиҳои Олимпӣ танҳо варзишгарони ҳаваскор (любител) ва ғайрикасбӣ метавонистанд ширкат кунанд. Аввалин кишвари Шӯроҳо аз қавоид ба нафъи худ суистифода ва варзишгарони ҳирфаиро ба ташкилотҳои варзишӣ ва нерӯҳои мусаллаҳ шомил мекард. Онҳо ба ҳайси ҳаваскор дар мусобиқаҳои Олимпӣ ширкат меварзиданд. Баскетболбозони тими яккачини шӯравӣ аз рақибони амрикоиашон ба синну сол низ бузургтар буданд. Ин тим аз беҳтарин бозингарони Иттиҳод иборат ёфта, дар мусобиқаҳои зиёд ширкат варзида буданд. Бозингарон низ аз гӯшаву канори СССР гирдоварӣ мешуданд. Дар тими он соли СССР 1 литвагӣ, 2 гурҷӣ, 1 ӯзбекистонӣ, 2 белорус ва 1 украинӣ бозӣ мекарданд. Ёвари мураббии тими миллии ИМА Ҷон Бах тими миллии СССРро "тими бузург" номида буд. Аммо назари баъзеи дигар мутафовит буд. Журналисти амрикоӣ Франк Сарацено баскетболистони шӯравиро "квази профессионалҳо" (нимакасбӣ) номидд. Дар СССР аз с.1966 то с.1970  дастаи яккачини баскетболро мураббии ЦСКА Александр Гомелский сарварӣ мекард. Аммо баъди нокомӣ дар чемпионати ҷаҳони с.1970 ҷои ӯро мураббии дастаи Спартаки Ленинград Владимир Кондрашен ишғол кард. Ин мураббӣ равоншиноси хубе буд ва бо он шӯҳрат дошт, ки метавонист бо нерӯи кам ба мақсади гузоштааш даст ёбад. Дар Маскав бо ҷиддият ба бозиҳои Олимпӣ тайёрӣ диданд. Бозингарони тими миллӣ ба Волгоград бурда шуда, он ҷо ба бозиҳо тайёрӣ медиданд. Мегӯянд, интихоби Волгоград (Сталингради собиқ) ҳам беҳуда набуд ва бозингаронро зуд-зуд ба ҷойҳои муҳими муҳорибаи Сталинград бурда, дарси ватандорӣ медоданд. Бо вуҷуди ин дар Маскав ба ҷои дуюми тими миллӣ тан дода буданд ва ҳеҷ кас умедвор набуд, ки тими миллии СССР тавонад амрикоиҳоро шикаст диҳад.

3 сонияи тақдирсоз
Медали тиллои баскетбол охирин медали тамоми бозиҳои Олимпӣ шуд. Тими миллии ҳар 2 кишвар бе ҳеҷ мушкил ба финал расиданд. Тими миллии СССР дар ҷамъ 49 медал дошта, аз тими миллии ИМА аллакай пеш гузашта буд, лек медали 50-ум барои баскетболбозони шӯравӣ он шабу рӯз бисёр рамзӣ буд. СССР соли 1972 50 сола мешуд ва агар онҳо ин медалро мегирифтанд пирӯзиашон бозтоби дигар пайдо мекард. 2 рӯз қабл аз бозӣ бошад бозиҳои Олимпӣ ба муддати 2 рӯз мутаваққиф шуданд. Ҷангиёни фаластинӣ дастаи яккачинӣ Исроилро гаравгон гирифтанд. Баъди безараргардонии ҷангиён маросими ёдбуди варзишгарони кушташудаи исроилӣ доир шуд, аммо бо фармони Маскав дастаи яккачини СССР дар ин маросим ширкат накард. Маскав он шабу рӯз Исроилро ғосиб медонист ва ба варзишгаронаш иҷозат надод дар маросими ёдбуд ширкат варзанд. СССР ба навъе худашро аз ҳама канор кашид. Бозии таърихӣ шаби 9.10.1972 дар Мюнхен доир шуд. Баскетболистони шӯравӣ қариб то охири бозӣ пешсаф буданд, аммо ба амрикоиҳо муяссар шуд дар дақиқаҳои охирини бозӣ пеш бароянд. Амрикоиҳо бо ҳисоби 49 :50  ба пеш гузаштанд, ки ҳуштаки довар садо дод ва тими миллии ИМА ба ҷашнгирии пирӯзӣ даромад. Дар ин вақт ногаҳон намояндаи кумитаи Олимпӣ вориди майдон шуда, гуфт, ҳуштаки довар каме зуд садо дод ва то охири бозӣ ҳанӯз 3 сонияи дигар боқист. Баъди баррасиҳои мавзӯъ сухани намояндаи кумитаи Олимпӣ рост баромад ва 3 сонияи дигар ба бозӣ илова шуд. Маҳз ин 3 сония барои баскетболистони СССР ҳалкунанда гаштанд. Дар муддати 3 сония варзишгарони шӯравӣ қисмати бозиро тағйир доданд. Дар 2 ҳаракат Иван Едешко ва Александр Белов тӯбро ба ҳалқаи амрикоиҳо гузоштанд ва бо ҳисоби 50-51 ба пеш гузаштанд. Асосгузорони баскетбол дар ҳоли шок афтода, аз гирифтани медали нуқра ҳам сарфи назар карда, бо нишони эътироз бозиҳои Олимпиро тарк карданд.

Меҳрубон
Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter