Сталин ба ҳозирин гуфт, ки доҳӣ мумкин аст, ҳар лаҳза бимирад. Калинин низ гуфт, ки марги доҳӣ набояд барои ҳизб амри ғофилгирона бошад ва бояд фикри дафни ӯро кард. “Маросими дафн, - гуфт Калинин, - бояд тавре амалӣ гардад, ки дунё назирашро надида бошад”. Сталин аз ӯ ҷонибдорӣ карда гуфт, ки баъзе рафиқон аз музофот зидди сӯзонидани ҷасади доҳияанд ва мегӯянд, илми имрӯз қудрат дорад ба василаи мумиё тани мурдаро мӯҳлати зиёд нигаҳ дорад, то шуури меҳнаткашон ба ин фикр, ки Ленин дигар дар миёни мо нест, одат кунад. Аммо Тротский зидди пешниҳоди Сталин баромад: "Пештар турбати Сергей Радонежский ва Серафим Саровский вуҷуд доштанд, акнун турбати Владимир Илич. Ман бисёр мехостам бо ин рафиқон, ки ба гуфтаи Сталин пешниҳод мекунанд, Ленинро мумиёӣ кунем, ошно шавам. Онҳо бо марксизм ҳеҷ рабте надоранд”. Бухарин низ зидди пешниҳод баромад. Ба андешаи ӯ, мумиёкунии Ленин таҳқири хотираи ӯст ва ин ақида комилан зидди ҷаҳонбинии доҳист. Аммо зиддияти ҳаммаслакон ба Сталин таъсир нарасонд. Дар ин вохӯрӣ қарор доданд тани мумиёии доҳиро барои абад нигаҳ доранд. Яке аз касоне, ки зидди мумиёикунонии Ленин баромад, Надежда Крупская, зани доҳӣ буд. Ӯ вақте хабари мумиёикуниро шунид, дар рӯзномаи “Правда” бо эътироз ба коргарону деҳқонон муроҷиат кард: "Рафиқон коргарон ва деҳқонон! Ман аз шумо 1 хоҳиши бисёр калон дорам. Ғаму андӯҳи худро ба парастиши берунии шахсияти Илич равона накунед. Аз ӯ обида насозед. Мехоҳед номи Ленинро зинда нигаҳ доред? Бо номи ӯ боғчаи кӯдакон, хонаҳои истиқоматӣ, мактабҳо, китобхонаҳо, бемористонҳо... бунёд кунед". Аммо ба ҳарфҳои Крупская низ дигар касе эътино намекард. Дар ҳол баъди марги Ленин, 22.01.1924 табиб Абрикосов тани Ленинро барои 6 рӯз то маросими дафн мумиёӣ кард, аммо баъди чанде КИМ СССР қарор дод: Тобути Ленинро дар дахмаи махсус нигаҳдорӣ, дахмаро барои зиёрати мардум дастрас кунанд ва марқадро назди девори Кремлин дар майдони Сурх бунёд кунанд.
Мумиёикунӣ
10.03.1924 олимон А.И.Абрикосов, В.П.Воробев, А.Дешин, Л.Вейсброд, Н.Савелев барои муоинаи доҳӣ вориди марқад шуданд. Ҳангоми муоина яке аз табибон ба шиками Ленин 1 кг намак рехт, Савелев бо ёрии шпритс ба дохили лабони доҳӣ равғани турунҷ андохт. Мумиёикунии навро профессорон Воробев ва Збарсикий анҷом дод. Тани ӯро аввал дохили ванна, ки бо маҳлули сефоизаи формалдегид пур карда шуда буд, андохтанд. Тамоми моҳи апрел Воробев ҷойҳои сиёҳшудаи пӯсти доҳиро дар рӯ ва танаш сафед кард. Сипас танашро дохили ваннаи бо спирти 20% пуркардашуда ворид ва баъд ба ванна глитсирин ҳамроҳ карданд. Охирҳои апрел кор қариб ба охир расид ва акнун мебоист танро барои мондан дар ҳавои кушод омода кард. Ин кор то моҳи июл идома ёфт. Ҳар рӯз Иличи мумиёишударо чанд соат дар ҳавои кушод нигаҳ медоштанд. 4 рӯз қабл аз анҷоми расмии корҳо ба толори ёдбудӣ комиссияи хос - коршиносони патологоанатом даъват карда шуд. Онҳо зарфи 4 рӯз бо диққат тани Ленинро таҳқиқ карда ба хулосае омаданд, ки онро мешавад барои намоиши умумӣ қарор диҳанд. Баъди чанде марқадро "Мавзолей" ном гузоштанд. Мақбараи нави доҳӣ дар оғоз чӯбӣ буд ва с.1930 онро аз санги хоро сохтанд. Мавзолей дар қатори толори ёдбудӣ боз зали мошинӣ ва электронӣ дорад, ки ҳарорати якхелаи мақбара ва тозагии ҳавои онро таъмин мекунад. Солҳои тӯлонӣ ҳолати тани Ленинро Озмоишгоҳи сохторҳои биологӣ назорат мекунад. Кормандони Озмоишгоҳ дар 18 моҳ 1 бор муоинаи пурраи тани доҳиро анҷом медиҳанд. Тани доҳиро 2 ҳафта дар маҳлули махсус тар карда, сипас аз нав пӯшонида боз ба толори ёдбудӣ бармегардонанд. Мағзи сари доҳӣ бошад ҷудо аз тани ӯ дар сейфи хоси Донишкадаи мағз нигаҳдорӣ мешавад. Ин Донишкада махсус барои омӯзиши мағзи сари доҳӣ таъсис шуд. Баъдан мағзи сари Сталин, Киров, Орҷоникидзе, Горкий ва як қатор нобиғаҳои дигари аввалин кишвари Шӯроҳо ба ин Донишкада барои омӯзиш фиристода шуданд. Ногуфта намонад, ки то кунун Ленинро дар Мавзолей зиёда аз 120 млн. одам зиёрат кардаанд.
Меҳрубон
Салимшоев,
Муаррихи СССР