Ин маблағ аз тамоми қарзи гирифтаи Русия дар зарфи 20 соли гузашта 1,5 баробар зиёд буд. Агар қарзҳои пешазҷангӣ бештар барои рушди иқтисодии кишвар масраф мешуданд, қарзҳои замони ҷанг танҳо барои ниёзи ҷанг равона буданд ва ҳеҷ суде дар қибол надоштанд. Барои таъмини ин қарзҳо дар солҳои ҷангӣ тақрибан 1 саввумӣ захираи тиллои Русия ба кишварҳои Антанта интиқол дода шуд. Дар арафаи моҳи октябри с.1917 қарзи дохилӣ ва берунии Русия ба 60 млрд. рубл расид, ки ба 17 буҷаи пешазҷангии Русия баробар буд. Аз ин маблағ 16 млрд қарзи бевоситаи беруна буд ва Русия дар сурати "пирӯзӣ" дар Ҷанги ҷаҳонии 1 танҳо ба сармоядорони ғарбӣ мебоист беш аз 4 захоири тиллоии с.1913-ро бипардозад. Дар асл дар арафаи с.1917 кишвари "банкрот" маҳсуб меёфт ва агар аз пардохти қарзи дохилӣ сарфи назар мекард ва тамоми нерӯяшро барои пардохти қарзҳои берунӣ равона менамуд, боз ҳам пуле надошт, ки ӯҳдадориҳояшро адо кунад. Ин кишвар ҳатто агар тамоми захираи тиллояшро ҳам медод, танҳо 25% қарзҳоро адо мекард.
Ҷанги дохилӣ
Дар асл болшевикон аз пардохти қарз саркашӣ накарда буданд. Ҳукумати шӯроҳо тайёр буд зери ҳамаи ӯҳдадориҳои ҳукумати подшоҳӣ, ҳукумати муваққат ва ҳатто ҳукуматҳои Колчак, Деникин ва Врангелро низ имзо намояд, лек дар иваз аз иттифоқчиён мехост барои барқарории хоҷагии халқи дар ҷанг харобшуда ба Русияи шӯравӣ кӯмак кунанд, яъне боз қарз диҳанд. Лек Англия, Фаронса ва ИМА аз додани ҳар навъ қарз даст кашиданд ва Русия ҷанги дохилиро маблағгузорӣ намуда, худашон ҳам ба ин кишвар лашкар кашиданд. Иттифоқчиён аз Маскав хостанд фавран қарзҳояшро пардохт кунад ва тамоми корхонаҳо ва заминро ҳам, ки ҳукумати РСФСР миллӣ кунонида буд, ба соҳибонашон баргардонад. Дар асл кишварҳои Антанта аз ҷанг суди ҳангуфт ба даст оварда буданд ва дар сурати бахшидани қарзҳояшон ҳам ба Русия зараре намедиданд. Танҳо 1 ҷубронпулии ҷангии Олмон, ки болшевикон аз гирифтани он сарфи назар карданд, кулли қарзҳои Русияро чандин кардат мепӯшонд. Танҳо пардохти аввали Олмон ба ин кишварҳо 20 млрд. маркаи тиллоиро ташкил дод. Тақсими мустамликаҳои олмонӣ ва манофеи иқтисодӣ дар Чин низ суди зиёде ба ин кишварҳо овард. Ғайр аз ин қарзхоҳон тамоми моликияти Русияро дар хориҷа мусодира карданд, ки ба танҳоӣ арзиши ҳамаи қарзҳои беруниро дошт. Қазияи қарзҳо ахир то с.1922 идома ёфта, дар конфроси Генуя ҳаллу фасл шуд. Гарчи Фаронса ва ИМА то охир рӯи қарзҳояшон пофишорӣ карданд. Дар Генуя комиссари корҳои хориҷии СССР Литвинов зиёни расонидаи ҷанги дохилиро 50 млрд. рубли тиллоӣ муаррифӣ ва талаб кард кишварҳои Антанта товони ин зарарро ба СССР бипардозанд. Намояндаи Англия дар ин конфронс Ллойд-Ҷорҷ ин маблағро муболиға номид, аммо Чичерин ба ӯ эътироз карда гуфт: "Ҳамаи мо медонем, ки ҳаракати зиддиинқилобӣ дар Русия то дастгириаш аз хориҷа ҳеҷ нерӯе надошт. Ин шумо будед, ки онро шӯълавар кардед. 4.06.1918 намояндагони шумо эълон карданд, ки дастаҳои чехословакӣ дар ҳудуди Русия "Артиши Антанта" мебошанд. Шумо бо Колчак, Деникин ва Врангел созишномаҳо доштед ва онҳоро дастгирӣ мекардед. Дар натиҷаи ин ҳаракати зиддиинқилобӣ Русия 1/3% боигарии миллиашро аз даст дод ва иттифоқчиён дар расонидани ин зиён муқассиранд”.
Меҳрубон
Салимшоев,
Муаррихи СССР