ХАБАРИ ДОҒ


Миллатгароии гурҷӣ
Санаи 08.08.2008 Артиши таҷҳизёфтаи Гурҷистон бо фармони Михаил Саакашвили сарҳади Осетияи Ҷанубиро убур кард ва пойтахти ин кишвари кучак-шаҳри Цхинвалро мавриди таҷовуз қарор дод. Баъзе мунаҷҷимон ҳатто рӯзи ҳуҷумро ҳам санаи наҳс муаррифӣ карданд. Ин 5-умин ҷанги гурҷиву осетин буд, ки бо амри тақдир ҳамаги 5 рӯз тӯл кашид. Инчунин ҷанги осетину гурҷӣ аввалин муноқишаи миллӣ дар Гурҷистони пасошӯравӣ буд, ки ба ҷанги тамомайёр миёни ин 2 халқият хотима ёфт. Сарчашмаҳои даргирии гурҷиҳо бо 2 халқияти хурди кишварашон-осетинҳо ва абхазҳо таърихи тӯлонӣ дорад. Апрели с.1922 ҳукумати шӯравӣ дар қисмате аз Гурҷистон Вилояти мухтори Осетияи Ҷанубиро таъсис дод. Мегӯянд, осетинҳо дар барқарории ҳукумати Шӯравӣ дар Гурҷистон нақши асосӣ бозиданд ва Маскав туҳфае ба ин халқият кард. Замони Сталин ҳама ҷо ором буд ва гурҷиву осетин бо ҳам ҳеҷ мушкиле надоштанд. Кишвари кучаки осетинҳо 6,5% ҳудуди Гурҷистонро (3,84 ҳазор км кв.) ташкил медод ва дар он осетинҳо, гурҷиҳо, русҳо ва яҳудиён канори ҳам сукунат доштанд. Вазъият баъди дамидани боди бозсозӣ якбора тағйир ёфт.

Дар Гурҷистон авохири солҳои 1980 нерӯҳои миллигаро бо сарварии Звиад Гамсахурдия сари қудрат омада, эълон карданд ҳеҷ мухториятеро дар қаламрави Гурҷистон ба расмият намешиносанд. Ин сиёсат миллатҳои кучаки ин кишвар-осетинҳо, абхазҳо ва аҷарҳоро дар баробари гурҷиҳо қарор дод. Дар ҷавоб осетинҳо с.1989 вилояти мухтори худро Ҷумҳурии мухтор эълон карда, аз тобеъияти Тбилисӣ берун рафтанд. Декабри с.1990 ҳукумати Гурҷистон мухторияти осетиниро чи дар шакли вилоят ва чи дар шакли ҷумҳурӣ лағв ва қаламрави Осетиёи ҷанубиро ба 6 ноҳияи маъмурии Гурҷистон тақсим кард. Муаррихон даргириии осетину гурҷиро ба 5 марҳила тақсим намудаанд. Аввалин марҳила ҷанги идеологӣ муаррифӣ шуда, дар ин давра 2 тараф даъвоҳо ва талаботҳои байниҳамдигариро муайян карданд. Миёни 2 тараф дар пиёда кардани ин даъвоҳо ҷанги идеологӣ оғоз шуд. Гурҷиҳо ҳатто дар сатҳи давлатӣ таблиғ мекарданд, ки осетинҳо мардуми таҳҷоии ин манотиқ нестанд ва аз Қафқози Шимолӣ ба Гурҷистон омадаанд. Осетинҳо бошанд мавзӯи "бародарии аланӣ"-ро ба миён гузошта, худро бо осетинҳои шимолӣ тавъам карданд. Аҳолии Осетия Ҷанубӣ ҳам тибқи саршумории аҳолии с.1989 98,5 ҳазор нафарро ташкил медод, ки аз инҳо 63,2 ҳазораш осетинҳо, 28,5 ҳазор гурҷиҳо, 2100 нафар русҳо ва 900 нафар яҳудиён буданд.

Ҷанги қонунҳо
Марҳилам дуввум ҷанги қонунҳо буд, ки 2 сол идома дошт ва солҳои 1989-1991-ро дарбар мегирад. Сентябри с.1989 дар Гурҷистон лоиҳаи қонунҳои нав ба тасвиб расиданд. Дар қонуни нави гурҷиҳо мухторияти осетинҳо ғайриқонунӣ карда шуд. Осетинҳо баъд аз ин 10.11.1989 сессияи вакилони Вилояти Мухтори Осетияи Ҷанубиро даъват карда, Вилояти мухторро ба Ҷумҳурии мухтор, албатта дар қаламрави Гурҷистон тағйири ном доданд. Дар Тифлис ин иқдоми осетинҳоро хуш қабул накарданд ва баъди 6 рӯз, 16.11.1989 Раёсати Шӯрои Олии РСС Гурҷистон қарори Шӯрои вилоятии Осетияи ҷанубиро бекор ва баъди 1 ҳафта миллигароҳои гурҷӣ роҳпаймоии зиддиосетиниро ба сӯи Цхинвал оғоз карданд. Миллигароён бо байрақу шиорҳои зиддиосетинӣ вориди шаҳр ва аввалин хун дар рафти ин даргирӣ рехта шуд. Баъдан иттифоқи дигаре рух дод, ки дар рафти ҷанги қонунҳо нуқтаи охирро гузошт. 11.12.1990 Шӯрои Олии Гурҷистон бо қарори худ мухторияти Осетияи Ҷанубиро лағв кард. Қариб дар якҷоягӣ бо ин қарор ҳукумати марказии СССР ҳам даст ба иқдом зада, дар мухторияти Осетияи Ҷанубӣ вазъияти фавқулоддаро ҷорӣ намуд. Гурҷиҳо дар ҷавоб ба муҳосираи иқтисодии Осетияи ҷанубӣ оғоз карданд. Ин марҳиларо ҷанги 3-ум ё оғози даргирии мусаллаҳона миёни осетину гурҷиҳо медонанд. Ин ҷанг январи с.1991 оғоз шуд ва то июли с.1992 идома дошт. 6.01.1991 нерӯҳои ВКД шӯравӣ аз пойтахти Осетияи ҷанубӣ берун омаданд ва ба шаҳр дастаи 6000-нафараи милисаҳои гурҷӣ ворид шуд. Гурҷиҳо кӯшиданд бо зӯр осетинҳоро ором кунанд, аммо корашон аз ҳамон оғоз омад накард. Ҷангиёни осетин тавонистанд гурҷиҳоро аз Цхинвал берун кунанд. Дар ин давра гурҷиҳо 3 маротиб, моҳҳои феврал-марти с.1991 ва июни с.1992 кӯшиданд пойтахти осетинҳоро тасхир кунанд, аммо ҳар бор тирашон хато хӯрд. Осетияи шимолӣ ҳам вориди ҷанг шуд ва ҷангиёни зиёде аз шимол ба Цхинвал омаданд. Дар анҷоми ҷанги 3-ум ҳам осетинҳои шимолӣ нақши ҳалкунанда доштанд. Майи с.1992 Осетияи шимолӣ интиқоли газро ба Гурҷистон аст ва гурҷиҳо ба музокироти сулҳ розӣ шуданд. 24.06.1992 дар ш.Догамиси Русия Елсин бо сарвари Гурҷистон-Э.Шеварднадзе дидор кард. 14 июл ба Осетияи ҷанубӣ нерӯҳои сулҳовар, ки аз 1 баталёни гурҷӣ, 1 баталёни осетинӣ ва 1 баталёни рус иборат буданд, ворид шуданд ва тарафҳо барои риояи сулҳ комиссияи муштаракеро таъсис доданд.

Иттиҳоди қочоқчиён
Тобистони с.1992 даргирии низомии гурҷиҳо бо осетинҳо хотима ёфта, тарафҳо ба оромие расиданд. Дар Осетияи ҷанубӣ гурҷиҳо бо осетинҳо якҷо мезистанд ва бо имзои созишномаи сулҳ муносибаташон аз нав маъмулӣ шуд. Абхозҳо гурҷиҳоро пурра аз сарзаминашон берун карданд, лек осетинҳо ба гурҷиҳои таҷҳоӣ кордор нашуданд. Ин оромӣ то майи с.2004 идома ёфт. Забони гурҷӣ дар Осетияи ҷанубӣ ба ҳайси забони ақалияти қавмӣ расмият ёфта, аз Цхинвал автобуси мусофирбар ҳар рӯз ба пойтахти Гурҷистон мерафт, бозорҳои якҷоя фаъол буданд. Рақами мошинҳо низ дар ҳар 2 кишвар расмият дошт. Асоси иқтисодии Осетияи ҷанубиро қочоқ ташкил медод ва бештари мардум аз ҳар 2 ҷониб ба бизнеси қочоқ машғул буданд. Аз ҳама аҷиб ба шарофати бизнеси қочоқ ин 2 мардум то ҳадде боз ба ҳам наздик шуданд. Инчунин дар барқарории сулҳ миёни осетинҳо ва гурҷиҳо дар ин давра роҳбари Осетияи шимолӣ Александр Дзасохов нақши вежа дошт. Ӯ корманди пешинаи ҳизбӣ буд ва Шеварднадзеро аз замони шӯравӣ хуб мешинохт. Ин вазъ баъди пирӯзии "инқилоби лолаҳо" дар Гурҷистон, ки тирамоҳи с.2003 сар зад, якбора дигаргун шуд. Дар натиҷаи инқилоб, миллигароёни гурҷӣ бо сарварии Саакашвилӣ сари қудрат омаданд. Ӯ дар интихобот 97% овозро ба даст овард. Ҳукумати нав боз ҳамон сиёсати Гурҷистони ягонаро пеш гирифта мухторияти осетинҳо, абхазҳо ва аджарҳоро эътироф намекард. Бо вуҷуди ин, ӯ тавонист аджарҳоро ба арсаи қонунии Гурҷистон баргардонад, аммо абхазҳо ва осетинҳо ҳеҷ намехостанд ба Гурҷистони нав ҳамроҳ шаванд. Бо ҳамин, 31.05.2004 Тифлис бо баҳонаи мубориза бо қочоқ, нерӯҳои вежаи пулиси Гурҷистонро дар ҳайати 300 нафар вориди Осетияи ҷанубӣ кард. Аммо ин бор низ гурҷиҳо шикаст хурда, ақиб нишастанд. Баъди ин ӯ мутаваҷҷеҳ шуд, ки артишаш қобилияти чандони ҷангӣ надорад ва наметавонад ҷангиёни осетинро шикаст диҳад. Ҳукумати Гурҷистон аз ИМА ва кишварҳои ғарбӣ кумак хост. Баъдан, дар Гурҷистон ислоҳоти васеи ҳарбӣ оғоз ва январи с.2008 аллакай дорои артиши муҷаҳҳаз бо силоҳу стандартҳои НАТО шуд. Фюрери гурҷӣ артишро касбӣ эълон карда, ба ҳарбиён дастур дод, ки амалиёти низомиро зидди Абхазия ва Осетияи ҷанубӣ тарҳрезӣ кунанд. Ба гуфтаи вазири собиқи мудофиаи Гурҷистон Ираклий Окруашвилӣ, ин гуна нақша дар ҳақиқат вуҷуд дошт: "Дар оғоз Абхазия дар нақшаҳои мо авлавият дошт, лек с.2005 назарҳо иваз шуданд ва мо қарор додем ҳам Абхазия ва ҳам Осетиёи ҷанубиро тасарруф кунем. Тибқи нақшаи нав артиши гурҷӣ мебоист бо 1 амалиёти дутарафа ҳам Абхазия ва ҳам Осетиёи ҷанубиро ишғол мекард". Дар Осетиёи ҷануби гурҷиҳо мебоист зуд пешравӣ карда нақби кӯҳии Роғ ва шаҳраки Ҷаваро ишғол мекарданд. Аммо ба гуфтаи вазир, амрикоиҳо ҳамон вақт ба мо гуфтанд, ки дар ҳолати ҷанг наметавонанд кӯмакамон кунанд. Онҳо тавсия мекарданд ҷангро оғоз накунем. Аммо фюрери гурҷӣ тан надод ва августи с.2008 амалиёти "Саҳрои пок"-ро оғоз кард. Амалиёт 5 рӯз тӯл кашид ва Гурҷистон қариб буд пойтахташро аз даст диҳад.

Меҳрубон Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter