Танҳо бо ин тафовут, ки матросҳо маъмулан бештар менӯшиданд. Низомномаи баҳрии Петри I мизони истеъмоли шаробро барои 1 матрос 4 қадаҳ (чарка) шароб дар ҳафта муайян карда буд ва аз с.1761 бошад ин миқдорро боз ҳам зиёд карданд ва то 1 чарка дар рӯз расониданд. Ҳаҷми 1 қадаҳ-чарка 160 гр шароб буд. Аммо дар авохири асри XIX аз ин вазъият табибони рус изҳори норозигӣ карданд. Он ҳангом даъват ба Артиш тағйир ёфт ва табибон мушоҳида карданд, ки деҳқонбачаҳои "ҳушёр" ба артиш даъват шуда, аз он ҷо шаробхор бармегарданд. Табибон ба ҳукумат пешниҳод карданд, ки додани шаробро дар артиш комилан манъ кунанд. Аммо генералитети рус зидди пешниҳод баромад. Генералҳо бар ин назар буданд, ки миқдори шароби ба аскарон медода зиёд нест ва оқибаташ ба хайр аст. Ин вазъ то с.1908 идома ёфт. Дар ин сол ниҳоди ҳарбии Русия баъди таҳлили шикасти артиш дар ҷанг зидди японҳо шаробхории сарбозонро яке аз авомили шикаст эълон кард ва фармон дод, дигар ба аскарон шароб надиҳанд.
Тӯҳфаи Ворошилов
Баъди расидани болшевикон ба қудрат вазъияти шаробхорӣ дар Русия тағйир ёфт. Русияи болшевикӣ дар қиёс бо Русияи подшоҳӣ кишвари "ҳушёртар" шуд. Хосса, дар оғози солҳои 1930 истеъмоли шароб дар СССР назар ба давраи подшоҳӣ ба карат камтар шуда буд. Барои мисол, с.1936 истеъмоли шароб аз ҷониби 1 нафар 3,6 литрро дар сол ва с.1913 бошад ин миқдор 8,1 литрро ташкил медод. Соли 1935 дар СССР солона 320 млн. литр шароб истеҳсол шуд ва с.1913 бошад миқдори истеҳсоли шароб дар Русия 432 млн литрро ташкил медод. Дар баробари ин с.1936 Сталин пешниҳод намуд истеҳсоли арақро боз ҳам камтар ва ба ҷои он шароби ангурӣ истеҳсол кунанд. Дар натиҷа с.1940 дар СССР 300.000 тонна ангур коркард ва 135 млн. литр шароби ангурӣ истеҳсол карда шуд.
Бори дуввум масъалаи шароб дар артиш, ҳангоми ҷанги Финляндия буруз кард. Ҷанг дар оғоз барои СССР номуваффақ ҷараён дошт. Артиши Сурх талафоти азим медод ва ин талафот на фақат аз дасти сарбозони финӣ буд. Сармои қаҳратуни Карелия низ дар талафоти Артиши Сурх саҳми босазое дошт. Маҳз дар ҳамин шабу рӯз фармондеҳии шӯравӣ ба ёди шаробдиҳии собиқ дар артиш уфтод. Комиссари халқии мудофиа Климент Ворошилов барои рафъи ин мушкил ба Сталин муроҷиат ва аз ӯ хоҳиш кард, ки ба хотири вазъи истисноии Карелия ба сарбозон, барои гарм шудан додани 100 гр арақ ва 50 гр равғани хукро иҷозат диҳад. Сталин пешниҳоди ӯро пазируфта, додани шароб ба сарбозон аз сари нав оғоз шуд. Дар баробари ин, меъёри арақ барои тонкчиён 2 баробар зиёд карда шуд ва дар ҷоми летчикҳо бошанд, ба ҷои арақ коняк мерехтанд. Ин шаробдиҳиро "100 грамми наркомӣ" ном ниҳоданд. Бо вуҷуди ин бо анҷоми ҷанги шӯравию финн додани шароб дар Артиши Сурх дубора қатъ шуд.
Артиши мастон
Бо оғози ҶБВ авзоъ боз ранги дигар гирифт. Вазъи муташанниҷ дар фронт роҳбарияти СССРро маҷбур кард, аз таҷрибаи ҷанги фин истифода барад. Аммо ин бор сабаби ҷорӣ кардани шароб на сардӣ, балки “куштан”-и тарси сарбозон буд. 22.08.1941 Сталин зери қарори махфии Кумитаи давлатии мудофиа таҳти №ГКО -562 "Оид ба ҷори кардани шароб ба таъминоти артиши амалкунанда" имзо гузошт. Дар ин қарор гуфта мешуд, ки аз 1.09.1941 додани арақи 40°-ро дар ҳаҷми 100 гр дар 1 рӯз ба тамоми аскарон ва афсарони нерӯҳои хатти аввал оғоз кунанд. 25.08.1941 ҷонишини Комиссари халқии мудофиа, генерал-лейтенант Андрей Хрюлов фармони №0320 "Оид ба додани 100 грамм арақ ба аскарони хатти аввали ҷанг"-ро намуд ва сарбозон акнун ҳар рӯз 100 гр арақ менӯшиданд. Шаробхории оммавӣ то июни с.1942 идома ёфт. 6.06.1942 бо фармони Сталин додани оммавии шароб ба сарбозон қатъ шуд. Сталин шахсан ба ин қазия дахл кард ва акнун арақ танҳо ба сарбозоне дода мешуд, ки дар амалиётҳои ҳуҷумкунанда ширкат меварзиданд. Ба дигарон бошад шароб танҳо дар рӯзҳои ид дода мешуд. Лек тирамоҳи с.1942 вазъ дар фронт боз муташанниҷ ва додани машрубот ба сарбозон бори дигар тағйир дода шуд. 100 грамми оммавӣ боз ҷорӣ карда шуда, ба сарбозони дар ақибгоҳ буда ва маҷрӯҳон бошад 50 гр арақ мерехтанд. Дар фронти Қафқоз бошад ба ҷои 100 гр арақ, 200 гр портвейн ё 300 гр шароби хушк (сухое вино) мерехтанд. Тибқи оморҳо, с.1942 Артиши Сурх ҳар моҳ 45 “цистерна”-и роҳиоҳанӣ арақ истеъмол мекард. Барои мисол аз 25 ноябр то 31.12.1942 фронти Карелия 364.000 литр арақ ва фронти Сталинград 407.000 литр арақ дар ҳалқ рехтааст. Сарбозони фронти Қафқоз бошанд дар ин муддат 1 млн. 200.000 литр виноро нӯшиданд. Ин вазъ то апрели с.1943 идома ёфта, 30 апрел Сталин боз фармони навро таҳти №3272 ба имзо расонида, бори дигар ба шаробхории оммавии сарбозон нуқта гузошт. Истеҳсоли машрубот низ ба маротиб афзуд. Дар солҳои 1942-44 дар СССР 26 корхонаи нави истеҳсоли шароб сохта шуд ва муомилаи маҳсулоти машруботӣ дар с.1945 35,1%-и муомилаи нақдиро ташкил дод. Баъди ғалаба бар Олмон додани шароб дар Артиши Сурх манъ карда шуд ва танҳо ба экипажҳои киштиҳои зериобӣ ҳангоми ба шино баромадан ҳар рӯз 100 гр винои хушк медоданд.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР