Яке аз иштирокчиёни суиқасд аскари қаторӣ Спиридонов назди Бонч-Буревич омада гуфт, ки ӯ дар суиқасд зидди Ленин ширкат дорад ва ба ӯ фармон додаанд доҳиро бикушад. Чекистон 22.01.1918 иштирокчиёни суиқасдро низ қапиданд. Бори саввум ба ҷони доҳии болшевикон 16.08.1918 суиқасд сурат гирифт. Ин бор Ленинро мехостанд дар маҷлиси ташкилоти ҳизбии ш.Маскав ба қатл расонанд, аммо дар лаҳзаи охирин иҷрокунанда аз раъяш даст кашида, ин кӯшиш ҳам ба нокомӣ анҷомид.
Қотилаи нобино
Бо вуҷуди суиқасдҳо доҳӣ бе “телех” мегашт ва пешниҳодоти ҳаммаслаконашро оид ба андешидани чораҳои муҳофизатӣ рад мекард. Ленин 30 август бояд дар заводи Михелсон баромад мекард ва субҳи ҳамон рӯз дар Петроград яке дигар аз болшевикони маъруф Моисей Уритский, ки роҳбарияти ЧКро дар ин шаҳр ба ӯҳда дошт, ба қатл расид. Ҳаммаслаконаш доҳиро аз суханронӣ боздоштанӣ шуданд ва марги Моисейро далел меоварданд, аммо ӯ ба касе гӯш надод. Баъди баромад, доҳӣ сӯи мошинаш равон шуда, маҳз дар ҳамин лаҳза аз тӯдаи коргарон 3 тир ҷонибаш парронда шуд. Баъди чанде коргарон дар кӯчаи Серпуховои Калон, аз истгоҳи наздиктарини трамвай Фанни Капланро қапиданд ва маҳз ӯ гунаҳгори асосии суиқасд ба ҷони доҳӣ дониста шуд. Номи аслии зан Фейга Хаимовна Ройтблат буда, дар оилаи яҳудитабори камбағал ба дунё омадааст. Фейга хеле зуд ба ҳаракати инқилобӣ пайваста, аллакай дар 16-солагӣ бо ҷурми суиқасд ба ҷони генерал-губернатори ш.Киев Владимир Сухомлинов ба Сибир бадарға шуд. Ӯ танҳо баъди ғалабаи инқилоби Февралӣ дар қатори маҳбусони сиёсии дигар озод карда шуд. Ӯ дар Сибир саломатиро аз даст дода, қариб нобино шуда буд. Баъди озодӣ аз тарафи Ҳукумати муваққат барои беҳтар кардани сиҳатиаш ба осоишгоҳи Евпатория фиристода шуд. Он ҷо ӯ бо бародари хурдии Ленин, Дмитрий Улянов ошно шуд. Дмитрий дар ин осоишгоҳ вазифаи табибиро ба ӯҳда дошт. Мегӯянд, миёни Каплан ва бародари доҳӣ равобити ошиқона ба вуқӯъ пайваст ва маҳз бо тавсия ва кӯшиши Дмитрий Фаннии нобино барои дармони чашмонаш ба бемористони шаҳри Харков равона карда шуд. Табобат дар Харков биноии Капланро пурра барқарор накард, аммо ӯ акнун кам-кам одамонро фарқ мекард.
Нақшаи "Шоҳи сурх"
Баъди дастгирӣ Каплан дахолати худро ба ин ҳодиса рад кард ва танҳо баъди пурсуҷӯи чекистон ба гунаҳкории худ иқрор кард. Аммо бисёриҳо бар инанд, ки Каплан бо сабаби нобиноиаш наметавонист дар ин суиқасд ширкат кунад. Инҳо ақида доранд, ки суиқасдро ба ҷони доҳӣ кормандони ВЧК Лидия Коноплева ва Георгий Семёнов амалӣ карданд. Дар раъси суиқасдчиён бошад Яков Свердлов меистод. Масалан, нависанда Аркадий Ваксберг мегӯяд, ҳеҷ далеле ба иштироки Каплан дар ин суиқасд нест ва аз он тараф ба диди ӯ доҳии инқилоб ба ҳаммаслаконаш ва аз ҳама бештар ба Свердлов халал мерасонд ва онҳо хостанд аз ӯ халос шаванд. Муҳаққиқи дигар В.Е.Шамбаров менависад: "Аз марги Ленин аз ҳама бештар Яков Свердлов манфиат медид". Свердловро ҳаммаслаконаш "Шоҳи сурх" лақаб ниҳода буданд ва ӯ сахт ҷоҳталаб буд. Ба гуфтаи Тротский Ленин дар оғоз зидди интихоби Свердлов ба мансаби Раиси КМИ буд. Ленин аз ҷоҳталабии ӯ огоҳ буд ва мекӯшид ба ҳар васила садди роҳаш шавад. Свердлов дар мансаби Раиси КМИ ҳар қарори муҳимро шахсан ва бе ҳузури Ленин ва дигар роҳбарони ҳизби болшевикӣ қабул карда, аз роҳ дур кардани доҳӣ ба "Шоҳи сурх" имкон медод ҳокимияти шахсии худро ҷорӣ кунад. Баъди суиқасд ба ҷони Ленин, Свердлов аввалин шуда ба Кремл омада ба иқрори занаш, ҳамон бегоҳ утоқи кории доҳиро соҳиб шуд. Шоҳи сурх дар зарфи чанд рӯз ҳам ШКХ, ҳам КМИ ва ҳам ВЧКро ба худ тобеъ кард. Капланро бошад бо фармони шахсии Свердлов аз зиндони ВЧК гирифта, ба Кремл оварданд. Пурсуҷӯи баъдии Капланро бошад муфаттиши ба "Шоҳи сурх" содиқ мегузаронид. Пурсуҷӯи муттаҳам низ чандон тӯл накашид. Баъди чанде Свердлов эълон намуд, ки кучактарин шакке дар дахли Каплан ба суиқасд надорад ва ин зани қариб нобиноро бо фармони даҳонии "Шоҳи сурх" 3.09.1918 соати 4 нисфирӯзӣ дар Кремл ба қатл расониданд. Фармонро коменданти Кремл Павел Малков ба иҷро даровард ва ҷасади Капланро бошад, дохили бушкаи қатронӣ карда, оташ заданд.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР