Январи с.1925 ВМК Бадахшон таъсис ёфта, он низ ба мухторияти тоҷик шомил шуд. Бо вуҷуди ин қисмати азими тоҷикон берун аз марзҳои миллии худ боқӣ монданд. 26.11.1924 дар Тошканд Кумитаи Инқилобии Ҷумҳурии Шӯравии Мухтори Тоҷикистон таъсис дода, Н.Махсум раиси Кумита интихоб шуд. Ба Кумита инчунин Буттабой Дадабоев, Раҳматулло Бобоҷонов, Ш.Шоҳтемур, Абдулло Ёрмуҳаммадов, Ч.Имомов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Аббос Алиев, Нисор Муҳаммади Афғон... шомил шуданд. Пойтахти кишвари навтаъсис деҳаи Душанбе интихоб шуда, инқилобиёни тоҷик баъди чанде дар ин деҳа ҷамъ гардиданд.
Ҷумҳурии шӯравӣ
Соли 1926 дар мухторияти тоҷик аввалин интихоботи вакилони халқӣ доир шуд. Дар интихобот ҳайъати КМИ нав интихоб ва ба КМИ супориш дода шуд, то анҷумани оянда дар асоси Сарқонуни СССР Сарқонуни Тоҷикистони Мухторро таҳия кунад. Декабри ҳамон сол ҳукумати нави Тоҷикистон рӯи кор омад. Н.Махсум раиси КМИ ва Абдуқодир Муҳиддинов раиси ШКХ интихоб шуданд. Муборизаҳо барои Хуҷанд с.1927 аз сари нав авҷ гирифтанд. Дар ин сол ҷидду ҷаҳди роҳбарияти Тоҷикистон самара дод ва Хуҷанд расман округи тоҷикӣ дар ҳайъати Ӯзбекистон шинохта шуд. Ин иқдом ҳамроҳшавии Хуҷандро ба Тоҷикистон ногузир кард. Аммо Сурхандарё расман ҳудуди тоҷикнишин шинохта нашуд. Бо вуҷуди ин ба Душанбе муяссар шуд Маскавро розӣ кунонад барои ҳалли ин масъала, комиссияи махсуси сенафара таъсис диҳад. Комиссия мебоист баҳсро болои Сурхандарё ҳал мекард. Раиси комиссия болшевик Макеев таъин карда шуд, Тоҷикистонро дар он Ҳоҷибоев намояндагӣ мекард ва аз ҷониби Ӯзбекистон дар комиссия Исломов ҳузур дошт. Мутаассифона, комиссия низ ба ҳеҷ натиҷа нарасид. Бо вуҷуди ин кӯшишҳо ҳамоно идома доштанд. Худи мардум низ дар округи Хуҷанд аз бедории миллӣ бархурдор буд ва ҳатто дар Конибодом қатораи Куйбишевро роҳбанд ва аз ин болшевики собиқадор дархост карданд, онҳоро ба Тоҷикистон шомил кунанд. Ахир, Сталин баҳори с.1929 қарор дод Хуҷандро ба Тоҷикистон баргардонад. 17.06.1929 Сталин ба Бюрои ҲК (б) Узбекистон номае ирсол карда, дар он таъкид кард, ки Ҷумҳурии автономии Тоҷикистон аз ҳайъати Узбекистон бароварда шуда, дар заминаи он РСС Тоҷикистон таъсис дода шавад. Дар Тошканд чорае ҷуз итоат надоштанд ва Хуҷанд ба Тоҷикистон ҳамроҳ шуд. Акнун тоҷикон имкон пайдо карданд ҷумҳурии алоҳидаи худро созмон диҳанд. Бо ҳамин, 16.10.1929 Анҷумани III махсуси Шӯроҳои Тоҷикистон Декларатсияи таъсиси РСС Тоҷикистонро қабул кард ва 5 декабри ҳамон сол КМИ СССР ин қарорро расман ба тасвиб расонид ва Тоҷикистон ба ҳайси ҷумҳурии 7-ум ба Иттиҳоди Шӯравӣ шомил шуд. Худи ҳамон рӯз дар Хонаи деҳқон (театри собиқи Маяковский) ҷамъомади ботантанаи мардумӣ доир ва дар он Декларатсия қироату якдилона қабул карда шуд. Феврали с.1931 дар ҳамин бино Анҷумани 4-уми Шӯроҳои РСС Тоҷикистон барпо ва аввалин Сарқонуни Тоҷикистони Шӯравӣ қабул карда шуд.
Насими истиқлол
9.09.1991 иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон бо 1 овоз қарори эълони истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қабул кард ва кишвари мо соҳибистиқлол шуд. Гарчи истиқлолият ба таъбире "аз Маскав" ба бештари кишварҳои пасошӯравӣ тақдим шуд, лек миллати тоҷик низ дар роҳи расидан ба истиқлолияти кишвар талошҳои зиёде намуд. Ин ақида дар зеҳни бисёре аз зиёиён ва фарҳехтагони ин миллати куҳантамаддун нуҳуфта буд ва дар нахустин фурсат дубора буруз кард. Ин гуна фурсат бо бозсозии горбачевӣ фаро расид. Дар нимаи 2-уми солҳои 1980 дар Тоҷикистон бисёре аз зиёиён дар ҷамъиятҳои ғайридавлатӣ ва ҷавонон бошанд, дар ташкилотҳои ҷавонон муттаҳид шуданд. Дар ин ҷамъиятҳо ва ташкилотҳо ба гуфтаи мутахассисин аввалин донаҳои ин ақида пошида шуданд. Маҳз фаъолияти ҷамъиятҳо ба қабули қонуни забон мусоидат ва с.1989 Тоҷикистон забони тоҷикиро забони давлатӣ эълон кард. Пирӯзӣ дар маъракаи забон равшанфикрони тоҷикро ҷуръат бахшида акнун афкори "расидан ба истиқлоли воқеъии Тоҷикистон, албатта дар чаҳорчуби як Иттиҳоди ҷадиди одилона" дар маҳфилҳо ва нишастҳо бештар матраҳ мешуд. Ин талошҳо ҳамоно идома доштанд ва ахир августи с.1991 Эъломияи истиқлолият низ аз ҷониби ҳукумати Маҳкамовӣ пазируфта шуд. Аммо ҳаводиси баъдӣ дар Маскав вазъро комилан дигар кард. 19 август коммунистони собиқадор дар Маскав даст ба табаддулот зада, Горбачевро аз вазифа сабукдӯш карданд. Шикасти ГКЧП дар Маскав аксуламали шадидеро дар саросари Шӯравӣ ба бор овард ва ҷумҳуриҳои собиқ яке пас аз дигаре истиқлолияти давлатии худро эълон мекарданд. Дар Тоҷикистон ҳам ин раванд шиддати бештар касб карда, 9.09.1991 иҷлосияи ғайринавбатии вакилони мардумии ШО қарорро "Оид ба истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба тасвиб расонида, Тоҷикистон кишвари мустақил шуд. Дар рафти иҷлосия раиси Кумитаи ШО оид ба масоили қонунгузорӣ, ҳуқуқ ва муроҷиати шаҳрвандон, Нурулло Ҳувайдулоев тасвияи онро ба вакилон қироат кард. Дар қонун гуфта мешуд, ки "Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба шумор меравад". Ин пешниҳод бо назари мухолифин ҳам мувофиқат мекард ва тарафайн барои даргирии навбатӣ 1 давраи муайян ором гирифтанд. Бо вуҷуди ин Душанбеи расмӣ ҳанӯз худро дар чаҳорчуби 1 кишвари мустақил намедид ва ба иттиҳоди нав умед дошт. Инро баромади телевизионии иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон ва Раиси ШО кишвар Қадриддин Аслонов 14.09.1991 ба хубӣ собит мекунад. Ӯ аз ҷумла таъкид кард: "Тоҷикистони соҳибистиқлол худро берун аз Иттиҳод тасаввур намекунад ва барои тезонидани имзои лоиҳаи нави Иттиҳодӣ пофишорӣ дорад".
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР