Дидори таърихӣ
Баъди референдум Елтсин ба Г.Бубулис, А.Козирев, С.Шахрай ва Е.Гайдар супориш медиҳад, ки вохӯрии ӯро бо Кравчук ва роҳбари Белорус С.Шушкевич тарроҳӣ кунанд. Ахир, 8.12.1991 "наберагони" Ярослави Хирадманд дар деҳаи Вискулии Белорус бо ҳам вохӯрда, бо қарори худ ба мавҷудияти аввалин кишвари Шӯроҳо нуқта гузоштанд. Қарори таърихиро аз ҷониби Русия Елтсин ва Г.Бурбулис аз ҷониби Украина Л.Кравчук ва В.Фокин ва аз ҷониби Белорус Шушкевич ва В.Кебич ба имзо расониданд. РСФСР, Украина ва Белорус, дар қатори Федератсияи Закавказӣ (РСФЗ) аз муассисони аслии СССР дар с.1922 ба шумор мерафтанд. РСФЗ с.1936 ба 3 ҷумҳурӣ-Озарбойҷон, Гурҷистон ва Арманистон тақсимбандӣ шуд, лек ҳамаи ин ҷумҳуриҳо аллакай аз ҳайати СССР баромада буданд. Ва маҳз ин дар қарори қабулнамудаи Елтсин, Кравчук ва Шушкевич нақши вежа дошт. Қарор аз 2 қисм иборат ёфта буд: Аввал: кишварҳои муассис эълом мекунанд, ки кишвари таъсисдодаи онҳо-СССР дигар нест. Ва дуввум: Русия, Украина ва Белорус (боз ҳам ба ҳайси муассисон) Иттиҳоди Кишварҳои Мустақил (СНГ)-ро таъсис медиҳанд.
Президенти бе кишвар
Баъди ба имзо расонидани созишномаи таъсиси СНГ 3 роҳбари славян қарор доданд бо Горбачев ва Ҷорҷ Буш тамос гиранд. Президенти СССР М.Горбачев баъди огоҳӣ аз қазия ба Артиш муроҷиат кард. Мегӯянд, ӯ то охирин лаҳза ҳамвора ба фармондеҳони округҳои ҳарбӣ занг мезад ва аз маршал Шапошников дархости кумак мекард. Аммо ҳарбиён ҷавоб надоданд. Ҳамаи ин қиссаи императори охирини рус Николайи 2-ро дар с.1917 ба ёд меовард. Он замон низ подшоҳ аз қароргоҳи Сарфармондеҳи Олӣ ба артиш барои ёрӣ муроҷеъ шуд, лек ҳарбиён якдилона барои истеъфои ӯ овоз доданд. Нуқтаи охирро дар парокандашавии ҳуқуқии СССР Шӯроҳои олии Русия, Белоруссия ва Украина гузоштанд. Ин 3 парлумон якдилона Созишномаи таъсиси СНГ-ро ба тасвиб расониданд. 21 декабр дар пойтахти Қазоқистон ш.Алмаато вохурии президентҳо доир шуд, ки дар он 8 ҷумҳурии дигар: Арманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон, Молдова ва Туркманистон ба СНГ ҳамроҳ шуданд. Баъди ин президенти СССР М.Горбачев дигар чорае надошт ва аз қудрат канор рафт ва 25.12.1991 эълон кард, ки фаъолияташро дар вазифаи президенти СССР қатъ мекунад. Инчунин бо фармони вежа салоҳияти Сарфармондеҳи олии артиш низ аз ӯ салб карда шуд ва қудрат ба Елтсин афтид. 26.12.1991 бошад сессияи палатаи болоии Шӯрои Олии СССР эъломияи №142-Н-ро оид ба қатъи мавҷудияти СССР қабул кард. СССР дигар субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ набуд ва намояндаи СССР дар доираҳои байналмилалӣ, аз ин ба баъд Русия шинохта шуд. Русия инчунин тамоми қарзҳо ва дороиҳои абарқудрати собиқро соҳиб гардид.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР