Ҳар захме, ки аз берун ба мо мерасад, ҳар дарде, ки аз дарун мубталои мо мешавад, дар ҳар гӯшае аз ин иттиҳод бе посух намемонад. Мо ҳама ба 1 тани ягона табдил меёбем ва тамоми Иттиҳод ба по мехезад".
Ҳамин тариқ таъсиси абарқудрати нав заминагузорӣ шуд (мутаассифона, дар Иттиҳоди оянда ин принсипи асосӣ комилан ба фаромӯшӣ рафт). Сипас Сталин ба минбар баромада, дар бобати таъсис ёфтани давлати нав бо номи СССР маърӯза кард. Ӯ баъди эълони Созишномаи ташкили Иттиҳод пешниҳод кард, ки Анҷумани Шӯроҳо онро бе ҳеҷ баррасӣ, бечунучаро қабул кунанд. Бешниҳоди М.В.Фрунзе вакилон созишномаро чун асос пазируфтанд, аммо барои комил кардани ҳуҷҷатҳо онро ба комиссияи Анҷуман баргардонданд. Фрунзе дар баромади худ гуфт: “Чаро касе бояд ба ҷои вакилон фикр кунад? Бигзор онҳо низ дар ин кор ширкат варзанд, мардум онҳоро маҳз барои ин кор ба Маскав фиристодааст”. Қабули қарори қатъӣ ба Анҷумани 2-юми Шӯроҳо вогузошта шуд. “Ин роҳ ба назар мерасад, ки дуртар аст, лек вакилон бояд таваҷҷӯҳ дошта бошанд кореро, ки мо оғоз кардем бениҳоят муҳим аст. Корест, ки бояд ҳама паҳлӯҳояш санҷида шаванд, то натиҷаи хуб ба даст биёрем”, мегуфт Фрунзе.
Асоси ҳуқуқӣ
Сардори вакилон аввалин шуда ба созишнома имзо гузоштанд. Аз тарафи РСФСР М.И.Калинин, аз сӯи Украина М.В.Фрунзе ва Г.И.Петровский аз ҷамоҳири Қафқоз М.Г.Цхакая, аз Белоруссия А.Г.Червяков бо имзоҳои худ ба давлати нав-Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР) асоси ҳуқуқӣ бахшиданд. Вакилон КМИ (ВЦИК)-и СССРро интихоб карданд. КМИ аз 371 аъзо ва 138 номзад иборат ёфт. Бештари онҳоро болшевикони собиқадору маъруф ташкил медоданд. Мисли Л.Б.Красин, Г.М.Кржижановский ва Н.Крупская, аввалин комиссарони халқӣ-Шлихтер (хоҷагии халқ), И.Сталин (корҳои миллатҳо), Н.Симашко (тандурустӣ), Дзержинский (раиси ВЧК ва комиссари роҳҳои оҳан), А.Д.Цурюпа (хӯрокворӣ) аъзои КМИ шуданд. Ҳатто Бела Кун барпокунандаи ҳизби коммунисти Венгрия, аъзои КМИ СССР шуд. Тобистони с.1923 сессияи КМИ аввалин Конститутсияи СССРро қабул кард. Тибқи он, ниҳоди олии ҳукумат дар қаламрави Иттиҳод Анҷуман (съезд)-и Шӯроҳо ба ҳисоб мерафт. Вакилон дар анҷуманҳои шӯроҳои ҷамоҳир интихоб мешуданд, аммо болшевикон дар интихоб боз ба коргарон бартарият қоил шуданд. Аз коргарон 1 вакил аз 25 000 интихобкунанда ва аз деҳқонон бошад, 1 вакил аз 125 000 интихобкунанда интихоб мешуданд. Дар ин Сарқонун ҳуқуқҳои сиёсӣ низ каме маҳдуд карда шудад. Аз 2 то 9%-и аҳолии аз 18-сола боло ба интихобот роҳ дода намешуданд. Инчунин комиссариатҳои халқии умумииттиҳодӣ ташкил дода шуданд, ки бо сиёсати хориҷӣ, мудофиа, алоқа, нақлиёт ва банақшагирӣ сарукор доштанд. Масоили марзҳои СССР ва Ҷумҳуриҳо ва масъалаи қабул ба Иттиҳод низ пурра бар зимаи ҳукумати марказӣ вогузор шуд. Дар дигар масоил ҷамоҳири шӯравӣ худмухтор буданд. 31.01.1924 Анҷумани 2-юми Шӯроҳои СССР лоиҳаи Сарқонунро қабул кард ва СССР расман по ба ҳастӣ ниҳод.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР