Мебоист зарбаи дигаре дар дохили кишвар зада мешуд ва англисҳо инро ба хубӣ дарк мекарданд. Ин зарбаро танҳо инқилобиён метавонистанд ворид кунанд. Душманони Русия ба ҳар роҳе мебоист миёни мардум ва ҳукумат зиддият меофариданд ва боварии мардумро ба подшоҳ коҳиш медоданд. Бояд гуфт, ки боварӣ ба адолати подшоҳ дар хуну пӯсти мардуми рус ҷо шуда буд ва танҳо хун метавонист ин бовариро коҳиш диҳад.
Мулло Гапон
Аммо барои эътироз баҳонае лозим буд. Дар авохири декабри с.1904 миёни коргарону роҳбарияти заводи Путилови ш.Петербург муноқиша сар зада, он баҳонаи хубе барои тазоҳуроти оянда шуд. Роҳбарияти корхона музди меҳнати коргаронро сари вақт пардохт намекард ва ба гуфтушунид бо коргарон низ розӣ намешуд. Аз коргарон дар ин корхона ташкилоти ғайридавлатии "Маҷлиси коргарони руси Санкт-Петербург" ҳимоят мекард ва яке аз роҳбарони ташкилот рӯҳонии рус Георгий Гапон буд. Ӯ яке аз шахсиятҳои пурасрори "якшанбеи хунин" буд. Дар бораи ӯ маълумоти дақиқ нест. Иддае бар инанд, ки Гапон бо хадамоти пулиси рус рабти зич дошт ва ин намоишро бо дастури онҳо ба роҳ монд, лек гуруҳи дигар ӯро номояндаи инқилобиён ва ҳатто ҷосуси хориҷӣ медонанд. Бо вуҷуди ин ӯ пас аз тирборон шудани намоиши коргарон аз Русия гурехт ва ба Женева рафт. Пеш аз фирор ӯро ба хонаи Максим Горкий оварданд. Мегӯянд, Горкий вақте ӯро дид, сахт ба оғӯш кашида гуфт: "Акнун бояд то охир биравӣ". Ӯ дар хонаи Горкий ба коргарони рус номае навишт ва дар ин нома шоҳро "дарранда" хитоб карда, онҳоро барои идомаи мубориза даъват намуд. Тибқи андешаи баъзе аз муаррихин маҳз Гапон аввалин касе буд, ки барои суқути сохти подшоҳӣ ва барпо кардани ҳукумати муваққат садо баланд кард. Дар Женева, ки бештари инқилобиёни рус он ҷо ҷамъ омада буданд, рӯҳонии гурезаро хеле хуб пешвоз гирифтанд. Он шабу рӯз тамоми рӯзномаҳои аврупоӣ дар бораи рӯҳонии инқилобии рус менавиштанд ва ӯ аз шӯҳрати беандозае бархурдор шуд. Феврали с.1905 бо Ленин дидор дошт ва Илич ба ӯ тавсия дод, ба таърифҳо гӯш надиҳад ва бештар омӯзад. Ахир, ӯ ба сафи эссерон пайваст. Аммо баъди чанде бо онҳо ҳам ихтилофи назар пайдо карда, с.1906 баъди бозгашт ба Русия эссерҳо рӯҳонии инқилобиро ба қатл расониданд.
Подшоҳи бе ирода
Ба шаҳодати бархе Николайи 2 дар оғоз мехост бо намояндагони интихобии коргарон вохӯрад ва талабҳояшонро шунавад. Аммо лоббии англисӣ дар зинаҳои болоии ҳукумати рус ӯро аз ин иқдом мунҳариф карданд. Барои монеъа эҷод кардан ба ин дидор 6.01.1905 ба ҷони шоҳ ҳатто суиқасд ташкил карданд. Он рӯз тупи қалъаи Петропавловск, ки ҳар нисфирӯзӣ бо тири холӣ (холостой) оташ мекушод, бо тири ҷангӣ ҷониби Қасри зимистонӣ тир зад. Албатта дар қаср касе осеб надид, аммо шоҳи бе ирода аз дидор бо коргарон сарфи назар кард. 9 январ бошад Николай умуман дар пойтахт ҳузур надошт. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки агар ӯ бо коргарон вомехӯрд инқилоби Русия шояд сар намезад. Лек подшоҳи вақти Русия ин корро накард ва тирборони намоиши коргарон сароғози рӯйдодҳои инқилобӣ дар ин кишвар шуд.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР