Дар баробари солҳои 1954-55 дар СССР комиссияҳои гуногун оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноии шаҳрвандони шӯравӣ, ки замони Сталин беасос айбдоршуда буданд, фаъолият мекарданд. Комиссияҳо дар рафти кори худ камбудиҳои зиёдеро ошкор ва аввалҳои феврали с.1956 натиҷаҳои кори худро ба Раёсати КМ ҲК пешкаш кард. Дар рафти кори худ ин комиссиюн муайян карданд, ки ҷазодиҳии оммавӣ, ҷаъли аснод, шиканҷа, нобудкунии беамони фаъолони ҳизбӣ, бевосита аз ҷониби Сталин таъйид шуда буданд. 9.02.1956 Раёсати КМ маърузаи комиссияро шунид. Маърузаи комиссия миёни роҳбарияти СССР аксуламали гуногун ба бор овард. Ҳини суханрониҳои тарафайн дар роҳбарияти олии СССР 2 шиққи ба ҳам зид шакл гирифт.
Молотов, Ворошилов, Каганович зидди интишори маъруза оид ба шахспарастӣ дар Анҷумани ХХ баромаданд, лек аъзои боқимондаи Раёсат аз Хрушев ҷонибдорӣ карданд. Бо ҳамин маводи ҷамънамудаи комиссиюн асоси маърузаи ӯ шуданд. Маъруза "Оид ба шахспарастӣ ва пасомадҳои он" ном гирифта, 13.02.1956 Пленуми КМ ҲК қарор дод дар рафти кори Анҷуман нишасти махфии вакилонро доир карда, маърузаи ӯ он ҷо қироат шавад. Зоҳиран Хрушев хеле шитоб мекард. Анҷуман 8 моҳ пеш аз мӯҳлати таъингардида баргузор карда шуд. 14.02.1956 дар Кремл аввалин ҷаласаи Анҷумани ҲКИШ доир шуд.
Душманони халқ
Маърузаи Хрушев дар ҷаласаи махфии Анҷуман 15 феврал қироат карда шуд. Пеш аз баромади ӯ масъулини Анҷуман ба вакилони ҳузурдошта номаи маъруфи Ленин "Мактуб ба Анҷуман"-ро, ки доҳӣ онро с.1922 пеш аз Анҷумани ХIII РКП(б) навишта буд ва дар он хатароти Сталинро барои ҳизб гӯшзад мекард, тақсим карданд. Албатта бисёриҳо аз ин нома огоҳ буданд, аммо то кунун он рӯи чоп наомада буд ва бисёриҳо онро бори аввал медиданд. Нақши бисёр муҳим дар маърузаи Хрушев фошкунии истилоҳи маъруфи сталинӣ "душманони халқ" ба шумор мерафт. Ӯ ошкор гуфт, ки ин истилоҳ ғайриқонунӣ буда, нисбати мухолифони сиёсӣ қобили қабул нест ва таъкид кард, ки ҳатто дар авҷи муборизаи идеологӣ зидди тротскийчиён, зиновевчиён ва бухаринчиён зидди онҳо ин истилоҳ ба кор бурда намешуд. Аммо баъдан, вақте сотсиализм асосан сохта шуд ва душманони синфӣ торумор карда шуданд, ин истилоҳ нисбати шаҳрвандони оддии шӯравӣ ба кор баста шуд. Бо вуҷуди ин, Хрушев тавони муқобила бо аксарияти аъзои Раёсати КМ ҲКро надошт ва худаш низ солҳои тӯлонӣ ҷузъи ин аксарият буд ва тамоми гуноҳро танҳо сари Сталин бор кард. Барои равшантар шудани матлаб чанд намуна аз суханронии Хрушевро аз маърӯзаи маъруфаш пешкашӣ хонандагони гиромӣ мегардонем:
-Рафиқон! Шахсиятпарастӣ сабаби тахаллуфи ошкор аз демократияи ҳизбӣ, мудирияти ақим, анвоъи инҳирофот, рӯпӯшкунии камбудҳо ва чаппа нишон додани воқеиятҳо буд. Баъзе аз рафиқон мумкин аст аз мо бипурсанд: аъзои Бюрои сиёсӣ куҷо буданд? Чаро онҳо худ ба мавқеъ бар зидди шахспарастии фардӣ наистоданд? Ва чаро алъон ин кор анҷом мешавад? Аввал аз ҳама, аъзои Бюрои сиёсӣ дар замонҳои мухталиф нигоҳҳои мухталифе нисбат ба ин масоил доштанд. Дар ибтидо, бисёре фаъолон аз Сталин пуштибонӣ мекарданд, чаро ки яке аз қавитарин марксистҳо буд ва мантиқи ӯ, қудрати ӯ ва иродаи ӯ, таъсири бузурге бар кори ҳизб дошт. Пас аз марги Ленин ва ба хусус дар солҳои аввал, Сталин фаъолона барои ленинизм алайҳи душманони назарияи ленинӣ ва касоне, ки мунҳариф мешуданд, меҷангид. Дар он замон ҳизб бояд бо касоне, ки саъй мекарданд кишварро аз масири саҳеҳи Ленин хориҷ кунанд, мубориза мекард. Ҳизб бояд бо Тротскийчиҳо ва ростиҳо ва буржуозҳои миллатчӣ мубориза мекард. Ин мубориза ғайриқобили иҷтиноб буд. Баъдтар аммо Сталин шурӯъ ба мубориза бо мардуми содиқи Шӯравӣ кард. Талош барои мухолифат бо иттиҳомҳо ва муҳокимаҳои бепоя ба саркӯби мухолиф мунҷар мешуд.
-Рафиқон! Барои он ки хатоҳои гузаштаро такрор накунем, Кумитаи Марказӣ мухолифати қатъии худро бо шахспарастии фардӣ эълом мекунад. Мо мӯътақидем, ки Сталин беш аз ҳад ситоиш шуда буд. Бо ин вуҷуд, ӯ бешак дар гузашта хадамоти бузурге барои ҳизб, табақаи коргар ва ҷунбиши байналмилалии коргарон анҷом додааст.
-Рафиқон! Ленин борҳо ба ин мавзӯъ, ки фурӯтанӣ бахши зотии руҳияи як болшевики ҳақиқист, таъкид карда буд. Ленин худ таҷаллии шукӯҳмандтарин фурӯтаниҳо буд. Наметавонем муддаъӣ шавем, ки аз ҳама лиҳоз аз ин улгуи ленинӣ пайравӣ кардаем. Мо бояд ин хаторо ҷуброн кунем. Аммо ин кор бояд бо оромиш анҷом шавад. Набояд иҷоза диҳем, ки ин мавзӯъ ба хориҷ аз ҳизб дарз кунад, хоса, набояд ба расонаҳо ворид шавад. Лиҳозо, ин масъаларо дар ҷаласаи махфии Анҷуман баррасӣ мекунем. Мо набояд муҳимот ба зоғаи душман бирезем ва либоси чиркини худро дар муқобили чашмони онҳо бишӯем!!!
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР