ХАБАРИ ДОҒ

Ваҳдати мухолифин ва ҳукумат

  • Чоршанбе, Фев 27 2019


"Гуфтугӯ дар танҳоӣ"
24.02.1989 дар ш.Душанбе гирдиҳамоии мардумӣ барои мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ барпо ва маҳз он ба қабули "Қонуни забон" дар Тоҷикистон мунҷар шуд. Тибқи ин Қонун забони тоҷикӣ забони давлатии РСС Тоҷикистон эълон карда шуд. Қонуни забонро шояд аз ҳама қонуни машҳури РСС Тоҷикистон мешавад номид. Дар қалби кишвари шӯравӣ тоҷикон яке аз аввалинҳо шуда, ба фарҳанги миллии худ рӯ оварданд. Албатта эҳёи ин фарҳанг роҳи тӯлонӣ дошт. Баъзе аз муаррихин оғози ин равандро ба солҳои 1960 ва бо ба сари қудрат омадани Турсунбой Улҷабоев рабт медиҳанд. Ӯ 5 сол ба РСС Тоҷикистон роҳбарӣ карда, бо чанд тан аз ҳаммаслакони наздикаш тавассути Хрушев аз вазифа сабукдӯш шуд. Ӯ воқеан барои ҶШС Тоҷикистон хизмати зиёд кардааст. Дар асл тамоми дастовардҳои РСС Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсоли барқ маҳз дар давраи вай тарроҳӣ ва баъдан тавассути роҳбарияти баъдӣ амалӣ шуданд. Ӯро дар шакли бисёр таҳқиромез аз кор гирифтанд ва ин сиёсати ҳукумати баъдиро тағйир дод. Ҷаббор Расулов, ки Улҷабоевро ҷойгузин кард, ба диди муаррихин, шахси бисёр ростқавл ва хоксор буд, лек танҳо иҷрокунандаи фармони Маскав буд ва аз худ ҳеҷ истиқлоле намоиш намедод. Дар замони роҳбарияти Расулов дар ҷомеаи тоҷик равандҳои номатлуби зиёд сурат гирифтанд ва яке аз ин равандҳо танг кардани забони тоҷикӣ дар соҳаҳои гуногун буд. Корхонаҳои саноатии кишвар низ ба ҷои тайёр кардани нерӯи кории худӣ мутахассисони аз Русия омадаро ба кор мегирифтанд ва мардуми маҳаллӣ дар канор боқӣ мемонд.

Албатта зиёиёни кишвар бедор буданд ва дар толорҳои театрии он шабу рӯз моноспектакли Маҳмудҷони Воҳид, "Гуфтугӯ дар танҳоӣ" шуҳрати зиёде касб карда буд ва мардум ин намоишномаро як навъ бозгашт ба асли худ қабул мекарданд ва рушди забон яке аз асоситарин вежагиҳои ин асл ба шумор мерафт. Таркиши дигари фарҳангӣ нашри китоби академик Б.Ғафуров-"Тоҷикон" шуд. Ин китоб ба хотири номаш дар ҷумҳурӣ бисёр гарм истиқбол шуд ва ба ҳама собит кард, ки таърихи Осиёи Миёна бо таърихи тоҷикон сахт гиреҳхурда аст ва бе ин қавм ин сарзамин таърихе надорад.

Кишвари бе мушкил
Дар ҳудуди собиқ Иттиҳод, аз ҷумла Тоҷикистон, солҳои тӯлонӣ бо сабаби суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ, қариб ҳеҷ мушкиле дар муносибати миёни миллатҳо эҳсос намешуд. Вазъ замони омадани Горбачев, хоса, миёнаи 2-уми солҳои 1980 ба куллӣ тағйир ёфт. Ҷомеаи шӯравӣ дар оғоз демократикунонӣ ва ошкорбаёниро фоли нек гирифтанд ва қариб дар саросари СССР миллатҳо яке пас аз дигаре бедор мешуданд. Миллати тоҷик низ дар ин раванд истисно набуд. Ҷолиб ин ҷост, ки қабули қонуни забон шояд аз камтарин мавориде бошад, ки ҳукумату мухолифинаш дар якҷоягӣ пиёда карданд. Тоҷикистони с.1989 кишваре буд, ки забони тоҷикӣ қариб комилан аз саҳнаи сиёсии кишвар берун шуда буд ва иддаи зиёде аз намояндагони ин миллат аз таъриху фарҳанги худ бехабар монда, фарҳанги русиро ба ҳайси улгу ихтиёр карданд. Хушбахтона зиёиёни кишвар бонги хатар заданд ва миллат тавонист ин мушкилро бе ҳеҷ бесуботие пушти сар кунад.
Дар Осиёи Миёна аввалин бонги изтироб руйдодҳои Алма-ато шуданд, ки декабри с.1986 дар пойтахти Қазоқистон ба вуқӯ пайвастанд. Яке аз норозигии эътирозгарон дар Қазоқистон масоили забонӣ буд ва як қатор ҷумҳуриҳо қарор доданд ҳарчи зудтар худро аз ин хатар эмин гардонанд ва қонуни забонро қабул кунанд. Ба амри тақдир тоҷикон дар ин марҳила пешсафи майдон буданд. Дар оғози с.1989 гурӯҳи анбӯҳи ҷавонон назди бинои Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ҷамъ шуда, аз ҳукуматдорон талаб намуданд, ки "фарҳанги куҳани Тоҷикистонро эҳё кунанд". Ин кор дар шароити онрӯзаи Тоҷикистон ғайри мумкин менамуд ва роҳбарияти вақти кишвар ҳатто тасаввурот надошт ба ин навъ эътирозҳо чи гуна бояд посух диҳад. Ахир, масъулин ҷавононро ором карданд ва гирдиҳамоӣ пароканда шуд. Шояд ба шарофати ҳамон ҷавонон РСС Тоҷикистон имрӯз ифтихори инро дорад, ки аввалин шуда қонуни забонро дар қаламраваш қабул кард ва забони миллӣ забони расмии кишвар эълон шуд. Роҳбари он шабу рӯзи кишвар Қаҳҳор Маҳкамов қабули қонуни забонро "қадами нахустин барои эҳёи фарҳанги миллӣ дар сатҳи давлатӣ" номида буд ва яке аз дастовардҳои муҳими ҳукумати худаш медонист. Ҳатто дар ҷое зид будани худро барои қабули он баён мекунад, аммо бо вуҷуди ин, фаъолони ҷомеъа тавонистанд ӯро қонеъ кунанд. Аммо бархе мунаққидони ҳукумати Маҳкамов, мисли А.Соҳибназар қабули қонунро аз ҷониби ҳукумати вақти Душанбе як ҳадяи Маскав ба коммунистони тоҷик муаррифӣ мекунад. Соҳибназаров мегуфт: "Пеш аз ирсоли қонун барои муҳокима ба Шӯрои Олӣ Қаҳҳор Маҳкамов ризояти Маскавро ба даст оварда буд ва ин қонун як навъ муоҳидаи сиёсӣ миёни Маскаву Душанбе ба шумор мерафт...”.

Қонуни №150
Баъди ин ирсоли Қонун ба Шӯрои Олӣ назди ин ниҳод комиссияи вежаи забон таъсис дода шуд. Ин комиссия мебоист қонуни забонро кор карда мебаровард Сабаби таъсиси комиссияро ҳукумат "муроҷиат аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ, олимон, шоирон, инчунин шаҳрвандони алоҳида, дар хусуси ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ" арзёбе мекард. Комиссия аз 42 нафар иборат ёфта буд, ки миёни аъзои он ғайритоҷикҳо низ шомил буданд. Бештари аъзои комиссияро роҳбарони донишгоҳҳои олии кишвар, деканҳои факултаҳо, роҳбарони кафедраҳо, шоирон ва нависандагон ташкил медоданд. Таҳиякунандаи аслии қонуни забон аз ҷониби комиссия академик Муҳаммадҷон Шакурӣ буд. Худи Шакурӣ мегуфт: “Таҳияи қонун ба зиммаи ман вогузор шуд. Онро омода кардам, аммо нусхаи мо танҳо баъди баррасии тӯлонӣ ва ворид кардани тасреҳу иловаҳои зиёд пазируфта шуд ва дар натиҷа забони тоҷикӣ дар РСС Тоҷикистон мақоми забони давлатиро соҳиб шуд”. Яке аз тарафҳои ҷолиби дигари ин қонун ҳазфи калимаи РСС дар санади ниҳоӣ шуд ва аз Тоҷикистон чун Ҷумҳурии Тоҷикистон ном бурда мешуд. Инчунин бори нахуст дар ин қонун аз "ҳуруфи арабӣ" ёдоварӣ мешуд ва омӯзиши он дар макотиби олӣ ва миёнаи кишвар ҳатмӣ шуд. Умуман, ин қонун с.1989 як кӯшиши ёфтани ҳадди миёна буд. Душанбеи расмӣ мехост дар қатори тақвияти ҷойгоҳи забони "миллати таҳҷоӣ" мавқеи забони русиро низ коста нагардонад. Барои мисол, Қонун кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва роҳбарикунанда, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои тандурустӣ, маданӣ, муссисаҳои савдо ва соҳаи хизматрасониро муваззаф мекард, дар қатори забони давлатӣ, забони русиро ҳам дар ҳаҷме, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои касбиашон зарурист бидонанд. Инчунин Қонун дар Анҷуманҳо ва конфронсҳо ба иштирокчиёне, ки забони давлатиро намедонистанд, кафолати тарҷума медод. Мутахассисони хориҷӣ, ки ба кишвар меомаданд, тибқи Қонун 4 сол вақт доштанд, то забони давлатиро омӯзанд. Дар матбуоти кишвар низ Қонун муҳокимаи зиёд шуд. Яке аз рӯзномаҳо, ки ин қазияро пайгирӣ мекард, "Вечерний Душанбе" буд. Дар саҳифаҳои ин рӯзнома баҳси доғе миёни тарафдорон ва муътаризони ин Қонун ба вуқӯъ пайваст. Танҳо дар 2 моҳ - май ва июни с.1989 идораи ин нашрия 673 нома аз шаҳрвандони гуногун дарёфт кард ва муаллифон дастмузди худро ба “Фонди рушди забони тоҷикӣ", ки он шабу рӯз таъсис шуда буд, ирсол мекарданд. Билохира, ин Қонун таҳти №150 22.07.1989 аз ҷониби Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон қабул ва забони тоҷикӣ мақоми давлатиро соҳиб шуд. Дар он шароит барои Тоҷикистон ин рӯйдод пирӯзӣ маҳсуб меёфт, гарчи ҳаводиси баъдӣ дар кишвари мо шаҳди онро талх карданд.

Меҳрубон  Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter