ХАБАРИ ДОҒ

 

Насими инқилоб дар Боку

20.09.1918 миёни истгоҳҳои Перевал ва Ахча-Қуймаи роҳи оҳани Красноводск-Ашқобод 26 комиссари Боку аз ҷониби эссерон ба қатл расонида шуданд. Ин рӯйдод сару садои зиёде дар Русия ба бор овард ва ҳизби эссеронро дар ҳолати бисёр бад қарор дод. Агарчи эссерон айбро ба гардани англисҳо партофтанд, лек тарафи англисӣ мегӯяд, аслан аз ин қазия хабар надоштаанд. Дар Боку ноябри с.1917, баъди 1 ҳафта аз суқути Ҳукумати Муваққат дар Петроград Шӯрои вакилони коргарӣ, деҳқонӣ ва аскарӣ (Шӯрои Боку) таъсис дода шуд. Ба он болшевик Степан Георгиевич Шаумян сарварӣ мекард. Апрели с.1918 ШБ бо ёрии дашнакҳои арманӣ қудратро дар шаҳр ба даст овард. 25.04.1918 дар нишасти ШБ шӯрои комиссарони халқӣ таъсис ёфт, ки аз болшевикону эссерони чап иборат ёфта буд. Ба ШКХ Боку болшевикон С.Шаумян, П.Ҷапаридзе, Я.Зевин, М.Азизбеков, Г.Корганов, Н.Нариманов, И.Фиолетов, А.Каринян, Н.Колесников ва аз эссерони чап-М.Вазиров ва И.Сузартсов шомил шуданд. Ҳукумати нав ба фаъолияти худ сар кард ва моҳи апрел Эъломияи барҳам додани моликияти хусусӣ ба амволи ғайриманқул дар шаҳрҳоро ба тасвиб расонид. Хонаҳои бисёре аз соҳибони қаблиашон гирифта ва ба коргарони бехона дода шуданд. Моҳи июн ШКХ Боку эъломияи милликунонии саноати нафтӣ ва милликунонии Флоти тиҷоратии каспиягиро қабул кард. Дар корхонаҳо вақти кории 8-соата ҷорӣ ва музди меҳнати коргарон зиёд шуд. Дар Боку Донишгоҳи халқӣ ва мактабҳо барои калонсолон ифтитоҳ ёфтанд. 18.06.1918 ШКХ Боку таҳти имзои Мир Ҳасан Вазиров эъломияи мусодиракунии заминҳои помешикҳои калонро ба тасвиб расонида, мусодиракунии заминҳо оғоз шуд.

 

Артиши Қафқозӣ

Амалкарди комиссарони Боку дар ҷомеаи озарӣ хуш пазируфта нашуд ва нерӯҳои зиддиинқилобӣ зидди онҳо шӯриданд. Нерӯҳои туркӣ, озарӣ ва ихтиёриёни доғистонӣ Артиши исломии Қафқозро таъсис дода, ба самти Боку ба ҳуҷум гузаштанд. Комиссарон дар ҷавоб артиши Қафқозиро таъсис дода, ният доштанд бо ин нерӯ Бокуро ҳифз кунанд. Аммо дар авохири моҳи июн нерӯҳои инқилобӣ дар наздикиҳои Гайчай шикаст хӯрда, 3 ҳафта пас туркҳо ба наздикиҳои Боку расиданд. 19 июл аз ш.Саритсин ба кӯмаки комиссарон дастаи пурзӯри Г.Петров расида омад. Ин даста аз 1 эскадрони савора, ротаи баҳрнавардони сурх ва 1 батареяи тӯпӣ иборат ёфта буд. Аммо бо вуҷуди ин комиссарон натавонистанд аз шаҳр дифоъ кунанд ва нерӯҳои Артиши исломии Қафқоз аллакай дар наздикиҳои Боку сангар гирифта буданд. Хавфи вуруди исломиҳо ба шаҳр мухолифони комиссаронро, ки аз сотсиалистони гуногун, эссерони рост, меншевикон ва дашнакҳои арманӣ иборат ёфта буданд, муттаҳид кард. Ин нерӯҳо дар нишасти фавқулоддаи ШБ, ки 25.07.1918 доир шуд, қарор бобати "Даъвати англисҳо ба Боку ва таъсиси ҳукумати нав аз намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сотсиалистӣ"-ро пешниҳод карданд. Қарор бо аксарияти овоз ҷонибдорӣ шуд ва 31 июл ШКХ Боку эълон кард, ки аз ваколатҳои худ даст мекашад. Комиссарон баъди супоридани ҳукумат кӯшиданд ба Астрахан гурезанд, ки он шабу рӯз дар дасти болшевикон қарор дошт. 1 август ҳукумат дар Боку ба дасти Диктатураи муваққати Центрокаспий ва Раёсати Шӯрои Муваққати иҷроияи вакилони коргарӣ ва аскарӣ гузашт. Рӯзномаҳои болшевикии "Известия" ва "Коргари Боку" баста шуданд.

Зиндон ва раҳоӣ

4 август нерӯҳои англисӣ таҳти фармони полковник Клод Бейфилд Стокс вориди Боку шуданд. Комиссарони Боку бошад ҳамроҳи дастаи Петров 16 август савори киштӣ ба самти Астрахан ҳаракат карданд, лек киштиҳои ҳарбии Диктатура онҳоро дарёфта, дубора ба Боку баргардониданд. Рӯзи дигар 35 нафар аз роҳбарияти ШКХ Боку ба ҳабс гирифта шуда, ба зиндони Баилов интиқол ёфтанд. Ҳукумати нав комиссаронро барои кӯшиши фирор, сарфи маблағҳои давлатӣ, баровардани амволи ҳарбӣ ва хиёнат айбдор карданд. Дастаи ӯ низ худи ҳамон рӯз халъи силоҳ карда шуд. 7 сентябр Комиссияи тафтишотии фавқулодда комиссарон-Шаумян, Корганов, Ҷапаридзе, Костандян, Осепян, Ионеся, Амиров, Полухин, Тер-Саакянс, Нуриҷанян ва Петровро ба он муттаҳам кард, ки пролетариати Бокуро дар лаҳзаи хатари марговар тарк ва мардумро ба қиём зидди ҳукумати нав даъват кардаанд. 11 сентябр тафтишот ба охир расида, кори ҷиноии комиссарони Боку ба комиссияи ҳарбӣ-тафтишотӣ ирсол шуд. Аммо кори ҳукумати нав низ омад накард. 13 сентябр англисҳо Бокуро тарк ва намояндагони ҳукумати нави сотсиалистӣ низ дунболи онҳо аз шаҳр фирор карданд. Ба Боку нерӯҳои турку озарӣ ворид шуданд. Бо вуҷуди ин, 1 рӯз қабл аз ин ҳодисаҳо Анастас Микоян, ки вакили ШБ буд, аз роҳбари диктотурӣ-эссер Велунтс иҷоза гирифт, комиссаронро аз шаҳр хориҷ кунад. Шаби 14 сентябр, вақте нерӯҳои туркӣ-озарӣ ба шаҳр наздик мешуданд, комиссарҳо аз зиндон озод карда шуданд (гурехтанд).

Қатл

Лек бо амри тақдир комиссарони Боку аз киштии болшевикон дер монданд ва савори охирин киштие шуданд, ки аз Боку берун меомад. Ин киштӣ "Туркман" ном дошт ва дар он дашнакҳо бо роҳбарии Татевос Амиров қарор доштанд. Киштӣ бо сабаби камбуди сӯзишворӣ ё бо дархости дашнакҳо, ба ҷои Астрахон ба Кисловодски Туркманистон раҳсипор шуд. Красноводск он шабу рӯз ба ҳукумати муваққати Ашхобод тобеъ буд ва тавассути эссерон идора мешуд. Дар Красноводск эссерон комиссаронро бори дигар ҳабс карданд. Ҳини кофтукоби онҳо аз ҷайби комиссар Корганов рӯихати комиссарони дар зиндони Боку буда ёфт шуд. Дар ин рӯйхат исми 25 нафар комиссар дарҷ шуда буд. Эссерони Красноводск онро чун рӯйхати роҳбарияти ШКХ Боку пиндоштанд, гарчанде дар он ҳама роҳбарон вуҷуд надоштанд ва афроди тасодуфӣ низ буданд. Маҳз ба ин хотир як қатор болшевикони собиқадор аз қабили Анастас Микоян, Ҷапаридзе, Туманян... ҷон ба саломат бурданд. Дар рӯйхат 25 исм буд ва эссерон номи қумандони дашнакҳо-Т.Амировро низ ба он ҳамроҳ намуданд. Ахир, 20 эссерон комиссарони Бокуро бо қатора аз Красноводск берун оварда, ба самти Ашхобод интиқол доданд. Аммо дар байни роҳ миёни истгоҳҳои Перевал ва Ахча-Қуйма комиссарони Бокуро ба қатл расониданд. Сентябри с.1920 ҷасади онҳо пайдо ва ба Боку интиқол дода шуданд. Онҳоро дар пойтахти Озарбойҷон бо тантана ба хок супорида, макони дафнро "майдони 26 комиссари Боку" ном гузоштанд.

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter