ХАБАРИ ДОҒ

 

Импичмент

Аввали октябри с.1993 дар ш.Маскав ҳаводисе сар заданд, ки ба задухӯрди мусаллаҳона оварда расонид ва боиси рехтани хуни мардум шуд. Дар натиҷа, тибқи ахбори расмӣ беш аз 150 тан ва тибқи сарчашмаҳои мустақил беш аз 1000 кас ҳалок шуд. Дар Русия баъди таъсиси мансаби президентӣ дар с.1990 як навъ дуҳокимиятӣ ба амал омад. Тибқи Сарқонуни Русия ҳокимияти олӣ дар ин кишвар ба Анҷумани вакилони мардумӣ тааллуқ дошт. Бештари вакилон дар Шӯрои Олии Руссия фаъолият карда, дар оғоз аз Елсин ва ҷонибдоронаш тарафдорӣ карданд. Ҳини аз миён бардоштани М.Горбачев вакилон дар канори Елсин қарор гирифтанд ва ин дуҳокимиятӣ дар кишвар чандон ба назар намерасид. Лек баъдан вазъ дигар шуд. Сиёсати иқтисодии Елсин норизогии тарафдорони дирӯзаашро ба миён овард ва вакилон бо сарварии Руслан Хасбулатови чечен зидди президенти Русия шӯриданд. Даргирии тарафайн декабри с.1992 дар Анҷумани 7-и вакилон оғоз шуд. Дар ин Анҷуман онҳо ва роҳбарияти Шӯрои Олӣ давлати Егор Гайдарро зери танқиди сахт қарор доданд. Анҷуман номзади "ислоҳотчии" Елсинро ба вазифаи Раиси нави давлат рад кард ва президент дар ҷавоб масъаларо ба референдуми умумихалқӣ кашид ва аз вакилони мардумӣ хост, бигзор худи мардум қазоват кунад. 20.03.1993 Елсин тариқи ТВ ба мардум муроҷиат ва эълон кард, ки Қонуни асосиро лағв ва дар идоракунии кишвар "тартиботи хос"-ро ҷорӣ мекунад. Баъди 3 рӯз Суди конститутсионӣ назари худро ироа кард ва амалкарди Елсинро хилофи Сарқонун номид. 28 март ба қазия Анҷумани вакилон ҳамроҳ шуда, пешниҳоди Президент "оид ба баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати президент ва вакилони мардумӣ"-ро рад ва дар навбати худ барои аз вазифа гирифтани президент овоздиҳиро роҳандозӣ намуданд. Аммо кӯшиши онҳо барои эълони "импичмент" (нобоварӣ) амалӣ нашуд. Барои сабукдӯш кардани президент аз вазифа 617 вакил овоз дод, аммо барои қабули ин қарор 689 овоз лозим буд.

 

Фармони тақдирсоз

Елсин 1.09.1993 бо фармони худ муваққатан Александр Рутскойро аз вазифаи витсе-президентӣ барканор кард. Ӯро ба ришвахорӣ муттаҳам карданд ва то анҷоми тафтишот президент ҳақ дошт ӯро аз вазифа сабукдӯш кунад. Лек тафтишот нишон дод, ки ришва нагирифтааст ва ҳуҷҷатҳои зидди ӯ ҳама сохтаанд. Вакилон фармони Елсинро сахт маҳкум ва ӯро ба дахли системаи судӣ муттаҳам карданд. Аммо Елсин ба ҳеҷ ваҷҳ ақиб нишастанӣ набуд ва 21 сентябр фармони тақдирсози №1400 "Оид ба ислоҳоти марҳила ба марҳилаи конститутсионӣ дар Федератсияи Русия"-ро ба имзо мерасонад. Маҳз ин фармон боиси беназмиҳо ва задухӯрди мусаллаҳона миёни тарафайн шуд. Тибқи фармон Анҷумани вакилон ва Шӯрои Олии Русия мебоист фаъолияти худро қатъ мекарданд Елсин Парлумон ва Шӯрои Олиро ба он муттаҳам кард, ки ҳамеша ба кори давлат монеа мекарданд ва мехостанд ба ин роҳ президентро аз миён бардоранд. Лек вакилон дар ин хусус диди гуногун доштанд. Фармони №1400 тибқи моддаи 121.6 Сарқонуни Русия президент ғайриқонунӣ буд ва Елсин ҳақ надошт Анҷуман ва Шӯрои Олиро бипароканад ва ин амалаш автоматӣ ӯро аз президентӣ сабукдӯш мекард. Тибқи Сарқонун қудрат дар кишвар мебоист ба дасти Рутской мегузашт. 

Тирамоҳи гарм

Елсин ҳанӯз аз августи с.1993 "тирамоҳи гарм"-ро дар назар гирифта буду он шабу рӯз зуд-зуд аз қисмҳои ҳарбӣ дар наздикии Маскав дидан мекард, маоши афсаронро ҳам 3 баробар афзуд. Дар аввалҳои сентябр бо фармони худ мошини хидматии алоқаи фаврӣ доштаи раиси Суди конститутсионӣ-Валерий Зоркинро гирифт ва бинои Суд ҳам аз муҳофизон поксозӣ шуд. Он вақт қасри Калони Кремл низ, ки бинои кории вакилон будӣ, бо баҳонаи таъмир баста, вакилон маҷбур шуданд ба "Қасри сафед" кӯчанд. 23 сентябр навбати "Қасри сафед" фаро расид. Пас аз он, ки вакилон талаби ҳукуматиҳоро рад карда, биноро тарк накарданд, ҳукумат гармӣ, об, барқ ва телефонро дар бино баст. Нерӯҳои давлатӣ Қасрро ба муҳосира гирифтанд ва ҳаводис лаҳза ба лаҳза бесуботтар мешуд. Муаррихин мегӯянд, чанд рӯз пеш аз ин ҳаводис Елсин дар бӯстонсарои ҳукуматӣ дар Завидово бо вазири мудофиа Павел Грачев ва директори Хадамоти амният Михаил Барсуков вохӯрда, ташвиши худро аз авзои баамаломада матраҳ кард. Дар ин дидор Грачев гуфт: "Миша, натарс. Ман бо десантчиён корро тамом мекунам".

Даргирии қарибулвуқӯъро патриархи Русия Алексии 2 хост пешгирӣ кунад ва 1 октябр тарафҳои зидро гирди ҳам оварда, Протоколи оташбасро ба имзо расониданд. Тибқи он Елсин мебоист нерӯҳояшро аз Қаср дур мебурд ва мудофеони Қаср ҳам силоҳҳояшонро месупориданд. Лек ситоди мудофиаи Қаср Протоколро напазируфт ва қарор дод, истодагариро идома диҳад. 3 октябр дар Маскав беназмиҳои оммавӣ оғоз шуданд. Ҷонибдорони парлумон хатти муҳосираи Қасрро рахна ва дастаи генерал Алберт Макашов бошад шаҳрдории Маскавро тасарруф кард. Дар саросари шаҳр тазоҳуроти тарафдорони Шӯрои Олӣ доир гардид ва вақте митингчиён ба наздикии Останкино наздик шуданд, ҳадафи ҳамлаи нерӯҳои давлатӣ қарор гирифтанд. Дар натиҷа 46 нафар кушта шуданд. Баъди хунрезӣ дар назди манораи ТВии Останкино Елсин Грачевро розӣ кард ва субҳи 4 октябр нерӯҳои ҳукуматӣ бинои Қасри Сафедро тасхир намуданд ва Парлумони Русия пароканда карда шуд.

 

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter