ХАБАРИ ДОҒ

Вилояти лағвшуда

Октябр дар таърихи Тоҷикистони шӯравӣ моҳи бисёр муҳим аст. Маҳз дар ин моҳ таъсиси 2 ҷумҳурии шӯравии тоҷикон рост меояд. 14.10.1924 тоҷикон соҳиби ҷумҳурии шӯравии мухтор гардиданд ва 16.10.1929 бошад Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон таъсис ёфт. Пас аз ғалабаи болшевикон дар Осиёи Миёна (ОМ) Ҷумҳуриҳои Халқӣ-Шӯравии Бухоро ва Хоразм таъсис дода шуданд. Дар шимоли инҳо бошад Ҷумҳурии Шӯравии Мухтори Туркистон қомат афрохта буд, лек ин вазъ роҳбарияти болшевикиро қонеъ намекард ва сентябри с.1924 ба ниҳодҳои олии ҳокимияти давлатӣ дар ОМ аз Маскав дастур дода шуд, ки тақсимоти миллӣ-маҳаллиро дар минтақа амалӣ гардонанд. Бо ин мақсад 27.10.1924 Сессияи 2-уми КМИ СССР қарори тақсимоти миллӣ-маҳаллиро ба тасвиб расонид ва барои пиёда кардани ин тақсимот комиссияи вежае таъсис дод. Ба ин комиссия яке аз болшевикони собиқадор Исаак Зеленский роҳбарӣ мекард.

Роҳбарияти Ҷумҳуриҳои Шӯравии ОМ низ даст ба кор шуданд ва дар натиҷа муборизаи тезутунди гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ сар зад. Роҳбарияти Ҷумҳурии Халқии Бухоро ва Хоразм қариб ба пуррагӣ дар мавқеи пантуркистӣ қарор дошта, мехостанд ба русҳо нишон диҳанд, ки дар ОМ 1 миллати бузурги турк сокин аст ва таъсиси ҷамоҳири миллӣ ба нафъи мардум нест. Ин роҳбарони ҷадид, ки бештар аз ҳизби ҷавонбухориён ва бо кӯмаки сарбозои сурх ба қудрат расида буданд, ҳоло мехостанд бо истифода аз вазъ кишварҳои нерумандтаре барои худ бисозанд. Вале ин кӯшиши дар зоҳир одилона 1 монеаи ҷиддӣ дошт ва он ҳам ба куллӣ нодида гирифтан ва инкори мавҷудияти 1 миллат. Аз ҳама шигифтовар ин буд, ки роҳбарони дастаи аввали ҳизби ҷавонбухориён мисли Файзуллоҳ Хоҷаев, Абдурауфи Фитрат намояндаи миллати тоҷик буданд, лек ҳастии тоҷикро дар ин сарзамин инкор карданд.

Дар натиҷа с.1924 дар ОМ 3 ҷумҳурии шӯравӣ-Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон ба вуҷуд омаданд ва Тоҷикистон тибқи ин табартақсим дар оғоз мебоист чун вилояти мухтор ба ҳайъати Узбакистон ворид мешуд. Аммо баъди дахли инқилобиёни тоҷик, чун Н.Махсум, Ш.Шотемур, Ч.Имомов... Маскав ба тоҷикон иҷоза дод, дар қисмати шарқии Бухоро ҷумҳурии мухтори миллии худро таъсис диҳанд. 

Бо ҳамин, 14.10.1924 сессияи 2-уми КМИ СССР қарори пешинаашро лағв карда, дар ОМ РСС Туркманистон, РСС Узбекистон ва Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистонро дар ҳайати Узбакистон таъсис дод. Лек ин ҷо низ адл риоят нашуд ва ба мухторияти тоҷикон танҳо навоҳии дурдасти Бухорои Шарқӣ ва кӯҳистони Зарафшон шомил карда шуданд. Ба ҳайъати Тоҷикистони автономӣ вилоятҳои Душанбе, Ҳисор, Қаротегин (Ғарм, Дарвоз, Ванҷ), Кӯлоб, Қурғонтеппа, Панҷакент, Ӯротеппа ва Сари-Осиё дохил шуданд. Январи с.1925 ВМК Бадахшон таъсис ва он низ ба мухторияти тоҷик шомил шуд. Бо вуҷуди ин қисмати азими тоҷикон берун аз марзҳои миллии худ монданд. 26.11.1924 дар Тошканд Кумитаи Инқилобии ҶШМ Тоҷикистон таъсис ва Н.Махсум раиси ин Кумита интихоб шуд. Ба Кумитаи инқилобии Тоҷикистон инчунин Буттабой Дадабоев, Раҳматулло Бобоҷонов, Ш.Шотемур, Абдулло Ёрмуҳаммадов, Ч.Имомов, А.Ҳоҷибоев, А.Алиев, Нисор Муҳаммади Афғон... шомил шуданд. Пойтахти кишвари навтаъсис деҳаи Душанбе интихоб ва инқилобиён баъди чанде дар ин деҳ ҷамъ гардиданд.

Ситораи ҳафтум

С.1926 дар мухторияти тоҷик аввалин интихоботи вакилони халқӣ доир шуд. Дар ин интихобот ҳайъати КМИ нав интихоб ва ба КМИ супориш дода шуд, то анҷумани оянда дар асоси Сарқонуни СССР Сарқонуни Тоҷикистони Мухторро таҳия кунад. Декабри ҳамон сол ҳукумати нави Тоҷикистон рӯи кор омад. Н.Махсум раиси КМИ ва Абдуқодир Муҳиддинов раиси ШКХ интихоб шуданд. Муборизаҳо барои ш.Хуҷанд с.1927 аз сари нав авҷ гирифтанд. Дар ин сол ҷидду ҷаҳди роҳбарияти Тоҷикистон самара дод ва Хуҷанд расман округи тоҷикӣ дар ҳайъати Узбакистон шинохта шуд. Ин иқдом ҳамроҳшавии Хуҷандро ба Тоҷикистон ногузир кард. Аммо Сурхандарё расман ҳудуди тоҷикнишин шинохта нашуд. Бо вуҷуди ин ба Душанбе муяссар шуд Маскавро розӣ кунонад, ки барои ҳалли ин масъала комиссияи хоси сенафара таъсис диҳад, ки мебоист баҳсро болои Сурхандарё ҳаллу фасл мекард. Раиси комиссия болшевик Макеев таъин шуд. Тоҷикистонро дар он Ҳоҷибоев намояндагӣ мекард ва аз ҷониби Узбакистон Исломов ҳузур дошт. Мутаассифона, ин комиссия низ ба ҳеҷ натиҷа нарасид. Бо вуҷуди ин кӯшиҳо ҳамоно идома доштанд. Худи мардум низ дар округи Хуҷанд аз бедории миллӣ бархурдор буд, ҳатто дар Конибодом роҳи қатораи Куйбишевро баста, аз болшевики собиқадор хостанд, онҳоро ба Тоҷикистон шомил кунанд.

Билохира, Сталин баҳори с.1929 қарор дод, Хуҷандро ба Тоҷикистон баргардонад. 17.06.1929 Сталин ба Бюрои ҲК (б) Узбекистон номае ирсол ва таъкид кард, ки Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон аз ҳайъати Узбекистон бароварда шуда, дар заминаи он РСС Тоҷикистон таъсис дода шавад. Дар Тошканд чорае ҷуз итоат надоштанд ва Хуҷанд ба Тоҷикистон ҳамроҳ шуд. Акнун тоҷикон имкон пайдо карданд, ҷумҳурии алоҳидаи худро созмон диҳанд. Бо ҳамин, 16.10.1929 Анҷумани III-и махсуси Шӯроҳои Тоҷикистон Эъломияи таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистонро қабул кард ва тоҷикон соҳиби ҷумҳурӣ шуданд. Ҳудуди ҶШ Тоҷикистон 142,5 ҳазор км мураббаъ ва аҳолияш 1 млну 150.000 нафар буд. 72% аҳолии кишварро тоҷикон ташкил медоданд. 5 декабр бошад КМИ СССР ин қарорро расман ба тасвиб расонида, Тоҷикистон ба ҳайси ҷумҳурии 7-ум ба СССР шомил шуд. Худи ҳамон рӯз дар Хонаи деҳқон (театри собиқи Маяковский) ҷамъомади ботантанаи мардумӣ доир, Эъломия қироат ва якдилона қабул карда шуд. Феврали с.1931 бошад дар ҳамин бино Анҷумани 4-уми Шӯроҳои Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон барпо ва дар он аввалин Сарқонуни Тоҷикистони Шӯравӣ қабул карда шуд.

 

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter