ХАБАРИ ДОҒ

Хадамоти "Феликси оҳанин"

  • Чоршанбе, Дек 25 2019

 

Комиссияи Фавқулъоддаи Умумирусиягӣ, ки бо ВЧК (имрӯз КГБ) маъруфу машҳур аст, 20 декабри соли 1917 бо қарори Шӯрои Комиссарони Халқӣ РСФСР бо ташаббуси В. Ленин таъсис дода шуд. Мабнои тасмими таъсиси ин ниҳод маърӯзаи Феликс Дзержинский гардид, ки 19 декабр дар нишасти ШКХ қироат шуд. Ин маърӯза масоили коршикании қарорҳои Ҳукумати шӯравиро аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ва куллан масоили "амалҳои зиддиинқилобиро" дар бар мегирифт.  

Феликси оҳанин

Раиси ниҳоди нав Феликс Дзержинский, ки бо лақаби "Феликси оҳанин" маъруф буд, интихоб карда шуд. Ба ҳайати ВЧК инчунин Г.Орджонекидзе, Я.Петерс, И. Ксенофонтов, Д.Евсеев, К.Петросян, К.Аверин, Н.Жиделев, В.Трифонов ва В. Василевский ворид гардиданд. Дар ин ҳайат ВЧК танҳо як маротиба ҷамъ гардид. 21 декабри соли 1917  Г.Орджонекидзе, К.Аверин, Н.Жиделев, В.Трифонов ва В. Василевский ба кори дигар гузаштанд ва ба ҷои онҳо В. Фомин, С.Шукин ва И. Илин ба ВЧК ворид карда шуданд. 7 январи соли 1918 бошад ба коллегияи ВЧК,  В. Менжинский ворид гардид. 

Дар аввали соли 1918 ВЧК ба чанд шӯъба тақсимбандӣ гардид. Шӯъбаи мубориза бо аксулинқилобиён яке аз шӯъбаҳои асосӣ маҳсуб меёфт ва ба он Мартин Латсис сарварӣ мекард. Дар дохили ин шӯъба инчунин шӯъбачаи мубориза бо ҷосусони хориҷӣ бо сардории Яков Блюмкин таъсис дода шуд. Инчунин, дар ВЧК шӯъбаҳои тафтишоти сиёсӣ, мубориза бо бандитизм, мубориза бо коришиканӣ ва ҷаллобӣ ва муҳофизати сарҳадӣ таъсис дода шуданд.

Аммо аз рӯзҳои аввали маҷудияти ВЧК нақши вежаро дар он Шӯъбаи махсус ифо мекард, ки бо саркӯбии муқовимати сиёсӣ ба Ҳукумати шӯравӣ, ташкили террори сурх ва кор бо Артиш машғул буд. Ба ин шӯъба то соли 1920 Михаил Кедров сарварӣ мекард ва баъд Вячеслав Менжинский сардори он таъин шуд. Соли 1919 дар ҳайати ВЧК барои назорат дар дохили ҳизби болшевикӣ, Шӯъбаи махсус бобати корҳои техникӣ ва назорати дохилӣ бо сардории Саак Тер-Габриелян таъсис ёфт. Соли 1920 бошад Шӯъбаи хориҷӣ таъсис дода шуд, ки ба масоили беруна сару кор дошт. Ба ин шӯъба Яков Давтян сардорӣ мекард. Ин шӯъба дар кори худ ба имконоти Коминтерн такя мекард. Аз ҳама охир дар ҳамон соли 1920 Шӯъбаи муҳофизати ходимони давлатӣ  (шӯъбаи 9 ум) таъсис ёфт.Ба ин шӯъба Яков Беленкий сардорӣ мекард. Дар амал бо таъсиси ин шӯъба роҳбарияти кишвар ва худи Ленин зери назорати чекистӣ қарор гирифтанд. Дзержинский инчунин кӯшиш кард хадамоти ҷосусии ҳарбиро (ГРУ) низ таҳти назорат гирад, аммо хусусиёти ГРУ ин имконро ба Феликси оҳанин надод. 

 Асоситарин вазоифи ВЧК хунсо кардани амалҳои коршиканӣ ва ҳар гуна амалҳои зиддиинқилобӣ, ба маҳкамаи инқилобӣ кашидани муҷриёни ин амалҳо ва бурдани тафтишоти пешакӣ ва ба ҳабс гирифтани гумонбарҳо ба шумор мерафтанд.

 

Қатли сафир

Моҳи феврали соли 1918 аввалин кишвари Шӯроҳо дар садади шикасти ҳарбӣ  қарор гирифта буд. Хатар пойтахти болшевикон Петрогради сурхро низ таҳдид  мекард. Декрети нави Ленин «Ватани социалистӣ дар хатар» ба ВЧК ҳуқуқи бе ҳеҷ мурофиа паррондани душманони инқилоб ва ҷосусони олмониро ато кард ва хадамоти Дзержинский инро ба шиддат дар амал татбиқ намуд. ЧК маҳз бо ин роҳ ният дошт оромӣ ва суботро дар ақибгоҳи Артиши Сурхи навтаъсис таъмин намояд. Аммо  хатари воқеӣ барои болшевикон, аз ҷониби рақибони сиёсиашон дар мубориза барои ҳукумат таҳдид мекард. Алангаи муборизаи шадиди ҳизбӣ болшевикӣ, барои яккаҳукмронӣ дар кишвар, ба тобистони соли 1918 рост омад. Ва хадамоти  Дзержинский дар ин мубориза нақши калидӣ дошт.                                                                                                                               4 уми июли соли 1918 дар Маскав  Анҷумани 5 уми Шӯроҳо ба кори худ шурӯ  кард. Дар ин Анҷуман ҳизби эссерони чап бо сарварии Мария Спиридонова тактикаи болшевиконро зери танқиди сахт қарор дод.                                                    Зарбаи ҷавобии болшевикон бошад тавассути ниҳоди Дзержинский зада шуд.               6 июли соли 1918 Яков Блюмкин, ки худ аъзои ҳизби эссерони чап буд сафири  Олмон граф Мирбахро ба катл мерасонад. Ин амалкарди Блюмкин ба болшевикон баҳонаи хубе дод, то ҳизби эссеронро барои кӯшиши барангезонидани ҷанг бо Олмон  айбдор намоянд. Дзержинский шахсан барои дастгир намудани гунаҳкорони ин қазия ба ҷои ҳодиса шитофт, аммо иддае аз кормандони ВЧК, ки ҳама аъзои ҳизби эссерони чап буданд, аз фармони Дзержинский сар боз заданд ва худи Фелекси оҳанинро ба асорат гирифтанд. Даргирии мусаллаҳона бавуқӯ пайваст ва танҳо нерӯҳои иловагӣ, ки ба онҳо ҷонишини Дзержинский Яков Петерс сарварӣ мекард, дар зарфи 2 соат тавонистанд вазиятро ба нафъи болшевикон таъғйир диҳанд. Сарварони фракцияи эссерони чап дар Анҷуман ба ҳабс гирифта шуданд. Блюмкин бошад, боз солҳои тӯлонӣ дар ВЧК фаъолият кард ва аз боварии сарвари он бархурдор буд. Баъд аз воқеъаҳои июлӣ, ҳукумат дар аввалин кишвари Шӯроҳо амалан якҳизбӣ гардид.

 

Террори сурх

Аммо болшевикон ҳанӯз худро сад дар сад ором ҳис намекарданд. Ва баъди чанде Феликси оҳанин, зарурати террори оммавиро  эълон мекунад. Ба андешаи ӯ, ин амалкард  элементи табиии инқилоб мебошад. Аммо барои роҳандозии муҳаррики  террори сурх барои болшевикон баҳонае лозим  буд ва дере нагузашта  онҳо  ин баҳонаро ба даст оварданд.                                                                    30 августи соли 1918 дар Петроград сардори ВЧК-и шаҳр Моисей Уритский кушта  шуд. Дар Маскав бошад ба ҷони Ленин сӯиқасд роҳандозӣ шуд. Ҷавоби  болшевикон ба террори августӣ чунон фаврӣ ва хуб ба роҳмонда шуда буд, ки бисёре аз мувварихин дар ин террорҳо дасти ВЧК-ро мебинанд. Аллакай баъди як соати террори Ленин раиси ВЦИК Яков Свердлов иброз намуд: "синфи коргар ба ин террор бо террори оммавӣ алайҳи ҳамаи душманони инқилоб ҷавоб хоҳад дод".  Дар Петроград бошад Григорий Зиновев дар гирдиҳамоии мардумӣ баромад намуда чунин гуфт: "Буржуазия метавонад чанд танро аз миёни мо ба ҳалокат расонад, аммо мо бошем як синфро ба пуррагӣ метавонем нест кунем". Танҳо дар Петроград, баъди 1 соати куштани Уритский 500 нафар гаравгон  парронда шуданд. Мавҷи кушторҳо тамоми кишварро фаро гирифт. ВЧК акнун 100% болшевикӣ буд ва фармонҳои Дзержинскийро бе чуну чаро иҷро мекард. Хадамоти Дзержинский оҳиста-оҳиста умумирусиягӣ гардид. Дар тамоми шаҳру губернияҳои кишвар шӯъбаҳои ВЧК таъсис ёфтанд. Бачаҳои Феликс акнун ба Артиш низ роҳ ёфтанд. Ба хадамоти Дзержинский иҷозат дода шуд, то нерӯҳои  ҳарбии худро созмон диҳад. Доираи ҷиноятҳо алайҳи инқилоб низ, ки чекистон аз рӯи онҳо ҳуқуқ  доштанд, ҳар киро бихоҳанд, бе мурофиаи судӣ ба қатл расонанд, васеъ карда шуд. ВЧК беш аз беш нерӯи  мустақил ва  қудратманд дар кишвар  мегардид. Дар аввалҳои  соли 1919 тақдир Феликсро бо Сталин пайваст. Сталин  бо Дзержинский ду нафара Фронти Шарқиро тафтиш намуданд. Феликси оҳанин  хело зуд бо Сталин забон ёфт. Сталин низ аҳамият ва имконоти хадамоти Дзержинскийро ба хуби дарк мекард. 

 

Меҳрубон  Салимшоев,

Муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter