ХАБАРИ ДОҒ

Ҷашни қадимӣ

Иди занон таърихи қадима дорад ва ба андешаи бархе аз муаррихин онро ҳатто дар Руми қадим низ ҷашн мегирифтанд. Дар ин рӯз мардони румӣ ба занонашон ҳадяҳои гуногун тақдим мекарданд ва ҳатто занони ғуломро истироҳат медонанд.  Иди занон ҳамеша бо баҳор, зебогӣ ва латофату таровати занона алоқаманд буд. Дар ин рӯз одат шудааст мардон ҳамаи занон-модарон, бибиҳо, ҳамсарон ва духтаронро табрик гӯянд ва гулу дигар тӯҳфаҳо тақдимашон гардонанд.                                           Аммо ин ид аз оғоз ингуна набуд. Дар оғоз Рӯзи байналмилалии занон бештар ранги сиёсӣ дошт ва чун як рӯйдоди сиёсӣ қаламдод мегардид.Таърихи пайдоиши он низ бо инқилобҳо ва мубориза барои баробарҳуқуқии занон алоқаманд аст. Дар авохири қарни ХIX занон дар Аврупо дар вазъияти баде қарор доштанд. Он шабу рӯз занони ғарбӣ 16 соат меҳнат мекарданду аз ҳеҷ ҳуқуқе бархӯрдор набуданд. Бори аввал 8 марти соли 1857 занони Ню-Йорк аввалин иттифоқи касабаи худро таъсис доданду талаб карданд, рӯзи кориашон то 10 соат кам карда шавад ва музди меҳнаташон зиёд гардад. Бори дуввум, баъд аз 50 сол, дар охирин якшанбеи моҳи феврали соли 1908 занони Ню-Йорк боз ба кӯчаҳо рехтанд ва ин бор хостори ҳуқуқи ширкат дар интихобот шуданд. 

 

Сотсиалистон ва рӯзи зан                                                          

Расмӣ шудани 8 март ба фаъолияти сотсиалистон алоқамандӣ дорад. Соли 1910  дар пойтахти Дания шаҳри Копенгаген Конфронси дуввуми байналмилалии сотсиалистон доир гардид. Дар ин конфронс занони амрикоӣ ба сотсиалистони немис Роза Люксембург ва Клара Цеткин дидор намуда, баъди баррасии авзоъ, Клара Цеткин пешниҳод намуд, Рӯзи байналмилалии занонро таъсис диҳанд. Клара ба иштирокчиёни Конфронс "тезисҳои" худро пешкаш кард ва иддао намуд, ки ин рӯзи занон, баҳонаи хубе барои гузаронидани гирдиҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳо хоҳад шуда, билохира занони дунёро барои муборизаи сиёсӣ муттаҳид хоҳад кард. Дар оғоз санаи баргузории рӯзи занон чандон мушаххас набуд. Ин идро дар кишварҳои ғарбӣ дар рӯзҳои гуногуни моҳи март ва май ҷашн мегирифтанд.

Аввалин бор Рӯзи занон 19 марти соли 1911 дар Дания, Олмон, Австрия ва Шветсия ҷашн гирифта шуд. Дар ин рӯз занон гирдиҳамоии оммавӣ доир намуда, талаб карданд ба онҳо ҳуқуқи интихобот ва ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда дода шаванд. Соли 1914 бошад ҷашнгирии Рӯзи байналмилалии занон ба якшанбе, 8 март рост омад. Маҳз аз ҳамин вақт санаи дақиқи иди занон 8 март муайян карда шуд. Пасон Рӯзи байналмилалии занон рангу бори сиёсии худро аз даст дод ва ба як иди хонаводагӣ табдил ёфт  

 

Рӯзи зан дар Русия

Дар Руссия рӯзи занонро бори аввал 2 марти соли 1913 қайд карданд. Дар ин рӯз дар шаҳри Санкт Петербург занони рус ҷамъ омада, тарафдории худро аз сотсиалистзанони аврупоӣ иброз намуданд. Дар якшанбеи охири соли 1917 бошад, ки ба 8 марти соли 1917 (бо солшумории григорианӣ) рост омад, занони императории Руссия  бо шиори "Нон ва сулҳ" ба майдонҳои шаҳрҳои бузурги кишвар баромаданд. Дар Петроград коргарзанони фабрикаҳои дӯзандагии шаҳр  корпартоӣ эълон намуданд ва ин аввалин корпартоие гардид, ки Руссияро ба инқилоби февралӣ оварда расонид. Баъди пирӯзии болшевикон ва роҳандозии ҳукумати Шӯроҳо, 8 март иди давлатӣ эълон карда шуд. Дар оғоз онро "Рӯзи назорати нерӯҳои ҷангии коргарзанон ва деҳқонзанони кишвар"  унвон намуда буданд. Бо вуҷуди ин, қариб 45 сол 8 март бештар танҳо аз ҷониби занон эътироф гардида буд. Занон дар ин рӯз гирди ҳам ҷамъ мешуданд ва дар маҷлисҳояшон кор ва дастовардҳои худро баррасӣ мекарданд. Дар СССР дар ин рӯз як расми идона ҷорӣ буд. Ҳар сол 8 март чорабиниҳои ботантана доир мегардиданд ва давлат дар назди ҷомеъа аз татбиқи сиёсати худ нисбат ба занон ҳисобот медод. Умуман иди занонро дар СССР чун як иди маъмулӣ ҷашн мегирифтанд.

 

Эътирофи Брежнев

Танҳо соли 1965 ҳукумати Шӯравӣ бо қарори худ 8 мартро дар сатҳи ҳукуматӣ эътироф кард ва онро рӯзи истироҳат эълон намуд. Саҳми асосӣ дар ин кор ба Валентин Александров, ки тамоми баромадҳои аъзоёни Бюрои сиёсиро таҳия мекард, тааъалуқ  дорад. Александров моҳи апрели соли 1965 лоиҳаи баромади Брежневро дар рӯзи Ғалаба омода мекард. Аввалин кишвари Шӯроҳо он сол 20 солагии ғалабаро ҷашн мегирифт ва Брежнев таъкид карда буд, ки дар баромадаш қаҳрамониҳои занҳои шӯравиро дар майдонҳои ҶБВ ҷой диҳанд ва қадрдонии волои ҳизбро аз занон таъкид намоянд.                                              Александров менависад: "шаб ба хона омадам ва масъаларо бо занам дар миён гузоштам". Зани Александров ба шавҳар ҷавоб медиҳад: "Ҳизби ту кори беҳтаре мекард агар баҷои суханони беҳуда, зиндагии занонро сабук менамуд". Ин суханон Валентин Александровро рӯҳбаланд намуд ва фардо ба Брежнев пешниҳод дод, 8 март рӯзи занонро, рӯзи истироҳат эълон кунанд. Брежнев қабул кард ва фавран ин масъаларо ба рӯзномаи нишасти Раёсати КМ ворид намуд. Аммо ёрдамчии ӯ Голиков эътироз кард, ки амаликардани ин пешниҳод кори душворест ва Госплан ба ин розӣ намешавад. Аммо Брежнев ҷавоб дод, ки Госпланро розӣ мекунем. Ва рӯзи дигар Раёсати КМ ҲКИШ қарор дод ба баромади Брежнев тезиси нав ворид карда шавад. Дар ин тезис омада буд: "Рӯзи байналмиллалии занон 8 март дар Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи истироҳат эълон карда шавад".                                                                                                                                   Соли 1977  бошад, иди занон воқеъан байналмилалӣ гардид. Дар ин сол Созмони Милали Мутаҳҳид бо қарори худ, таҳти рақами 32/142 8 мартро Рӯзи мубориза барои ҳуқуқҳои занон эълон карда, аз ҳамаи кишварҳо даъват намуд, онро расман эътироф намоянд. Баъди пошхӯрии СССР Рӯзи байналмилалии занон дар бештари кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон чун иди давлатӣ боқӣ монд. Дар маҷмӯъ Рӯзи байналмилалии занонро дар 32 кишвари дунё расман ҷашн мегиранд. 

 

 

 

 

Меҳрубон  Салимшоев,

Муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter