ХАБАРИ ДОҒ

ГЕНЕРАЛЕ МАТИН, ДИЛСӮЗ ВА ПОКИЗАКОР

  • Панҷшанбе, Янв 02 2020

 

Шингиле чанд аз рӯзгори  нахустин тоҷики генерал – майори Кумитаи давлатии бехатарии РСС Тоҷикистон Шариф Қурбонов, ки ба зодрӯзашон 100 сол пур шуд.

Шариф Қурбонов 31.12.1919 дар деҳаи Шайхбурҳони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ба дунё омадааст. Фориғуттаҳсили Институти хоҷагии қишлоқи Хуҷанд. 

 Фаъолияти меҳнатӣ:

- Ёрдамчии ваколатдори раёсати НКВД-и вилояти Ленинободи РСС Тоҷикистон (1942 - 1943). 

- Муовини сардори НКВД - и  шаҳри Конибодом (1943 - 1945). 

- Сардори НКВД - и ноҳияи Ғончӣ (1945 - 1947).

- Сардори НКВД - и ноҳияи Ленинобод (1947 - 1950). 

- Сардори НКВД - и шаҳри Исфара (1950 - 1952).

- Сардори раёсати НКВД РСС Тоҷикистон  дар ВАБК (1952 - 1957).

- Сардори раёсати НКВД - и РСС  Тоҷикистон дар вилояти  Ленинобод (1957-1962). 

- Муовини якуми раиси КГБ РСС Тоҷикистон (1962 - 1976). 

Соли 1976 ба нафақа баромад. Тӯли солҳои 1976 - 1987 раиси Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони ҷумҳурӣ буд. Дар ин давра 3 дафъа депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон интихоб шудааст.

***

Шариф Қурбонов бо ҳамсараш Муслима Собирова (аз соли 1947) рӯзгори хушу хуррам доштанд. 

Фарзандонашон:

 

* Икром (1948 с. т.), корманди мақомоти ҳизбӣ ва соҳаи энергетика. Нафақахӯр, муаллими Институти кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон (ноҳияи Бӯстон).

* Ином (1951), меъмор. Соли 2000 - ум фавтид.

* Мухтор (1953), генерал – майори КДАМ, муовини вазири бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 1979 -1981  се даъфа  дар командировкаи хидматӣ, дар Афғонистон буд. Аз моҳи январи соли 2009 дар истеъфо... 

* Азим (1957), ҳуқуқшинос. Соли 1997 ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуд. 

* Саид (1961), подполковники мустаъфии милитсия.

+12 набераву абераҳои Шариф Қурбонов дар шаҳри Душанбе сукунат доранд.

Генерал – майор Шариф Қурбонов 6 апрели соли 2002 фавтида, дар гӯристони деҳаи Шайхбурҳони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (дар шафати волидон) мадфун аст.

 

Нахустгенерали Тоҷик дар КГБ

Дар аҳди Шӯравӣ, дар мақомоти Кумитаи амнияти давлатии РСС  Тоҷикистон унвони  генерал - майорро бо Фармони  Президиуми Совети  Олии СССР медоданд. Дар он солҳо танҳо ба раиси КГБ - и назди Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон унвони генералӣ дода мешуд. Муовинон бошанд унвони «полковник» доштанд. Вале хидматҳои махсус дар назди Ватан, қобилияти олии мавсуфро ба назар гирифта, КМ ПК Тоҷикистон ба КМ КПСС ва КГБ СССР дар бораи додани унвони генерал - майор ба муовини якуми раиси КГБ РСС Тоҷикистон Шариф Қурбонов дархост ирсол намуд. Дар бораи сазовор гаштани Шариф Қурбонов бо унвони генерал-майор моҳи декабри соли 1973 Фармони Президиуми Совети Олии СССР ба тасвиб расид. Шариф Қурбонов дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар мақомоти давлатии бехатарии Тоҷикистон, нахустин Тоҷикест, ки бо ин унвон сазовор гаштааст.

 

Ӯ 2000 Тоҷикро сафед кард!

Аз ёдошти полковник С. Н. Абдолов:

«Соли 1963 бо Фармони Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Шариф Қурбонов раиси Комиссияи тафтиш ва (реабилитатсия) сафед кардани нафарони солҳои 30 - юм маҳкумшуда таъйин гардид. Дар навбати худ Ш. Қурбонов ба ҳайати ин комиссия (бо фармони раиси КГБ РСС Тоҷкистон) 3 кормани мақомоти бехатарӣ Сабур Тоҳиров, Сабур Қодиров ва ман (С. Н. Абдолов) - ро дохил кард.

Мо зиёда аз 2000 парвандаро аз назари таҳқиқ гузарондем. Ва ба ҳар яки он дар бораи сафед кардан қарор баровардем. Қабл аз  тасдиқи он Шариф Қурбонов ҳамаи парвандаҳоро мӯшикофона аз назар мегузаронданд. Дар рафти иҷрои ин супориши бағоят муҳим мутаъқид шудам, ки Шариф Қурбонов аз зумраи афроди дилсӯз (бошафқат), покизакор, беғараз будааст…».

Хидматҳои шоёни фарзонамарди даврон генерал - майор Шариф Қурбоновро ҳукумати вақт бо орденҳои Ситораи Сурх, «Нишони Фахрӣ», Грамотаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (23.12.1949) ва медалҳо қадр намудааст.

 

Давлатхоҷа Назиров, генерал-майори мустаъфӣ,

доктори илмҳои фалсафа

 

Аз редаксия: Оташфурӯнишони «Мафияи Кӯлоб»

Воқеан  ҳам генерал-майор Ш. Қурбонов аз нахустин мақомдорони КГБ аст, ки ба куштори Раҳбар Қосимов-муншии ҳизби коммунист дар вилояти Кӯлоб бовар накард ва тафтишотро умқан ба роҳ монда, исбот сохт, ки ахирӣ, бар асари 1 хато дар пеши Ҷаббор Расулов (тарҷумаи ҳолашро занаш навишта буд, зеро худаш ҳусни хатти баде дошт!), ба худкушӣ даст задааст. Баъди ин далели шайъӣ даҳҳо тан аъзои «Мафияи Кӯлоб», ки дар куштори котиби обком муттаҳам, ҳабс ва бояд говсуд мешуданд, ба озодӣ баромаданд ва ҳақ ба ҳақдор расид. Зиҳӣ, генералҳое, ки арзандаи рутба буданд. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад! Мо Метавонем!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter