ХАБАРИ ДОҒ

 

Гинеколог

    9 январи соли 1996 дастаи ҷангиёни чечен бо сарварии Салман Радуев ба шаҳри Кизляри Доғистон зада даромаданд. Дастаи ҷангиён аз 256 ҷангӣ иборат буда, тибқи иттилои чеченҳо дар Кизляр базаи чархболии нерӯҳои рус қарор дошт ва русҳо ҳамавора аз ин ҷо ҳудуди Ичкерияро бомбаборон мекарданд. Аммо ин маълумотҳо тасдиқ нагардиданд ва чеченҳо дар майдони ҳавоии Кизляр танҳо ду чархболи МИ 8 и вайронаро пайдо карданду халос.        Чеченҳо чархболҳоро сӯзонданд ва баъди даргирии шадид бо нерӯҳои муҳофизатии майдони ҳавоӣ ба ҷониби шаҳри Кизляр ақиб нишастанд. Майдончаи ҳавоӣ дар канори Кизляр ҷойгир гардида буд. Ҷангиён вориди шаҳр шуданд ва дар даргириҳои аввалин 35 нафарро аз даст дода, дар таваллудхонаи Кизляр мустақар гардиданд. Чеченҳо аз биноҳои гирду атроф мардумро гаравгон гирифта ба бинои таваллудхона интиқол медоданд. Дар натиҷа Радуев тавонист 3700 нафарро гаравгон гирад. Радуев баъдан иддао кард, ки онҳо нақша надоштанд касеро гаравгон гиранд, аммо вазъият чунон пеш рафт, ки ӯ барои наҷоти дастааш чорае ҷуз гирифтани гаравгонон надошт. Дар зимн маҳз ба хотири тасарруфи таваллудхона Радуев баъдан бо тахаллуси "гинеколог" маъруф гардид.

Талаби ҷангиён

   Баъди гирифтани гаравгонон Радуев аз Маскав талаб кард нерӯҳои худро на танҳо аз Чеченистон, балки ба пуррагӣ аз Қафқози Шимолӣ берун барорад. Табиист, ки Елтсин наметавонист ин талаби ҷангиёнро иҷро кунад. Русҳо дар Будёновск аллакай як бор ба шикасти нангин мувоҷеҳ гардида буданд ва ин дафа ба ҳар васила мебоист дастаи Радуевро торумор мекарданд. Бинобар ҳамин фармондеҳии русҳо дар Доғистон ба ҳеҷ гуфтушунид бо ҷангиён розӣ нашуданд. Аммо бахти Радуев баландӣ кард ва роҳбарияти Ҷумҳурии Доғистон баъди гуфтушунид розӣ шуд ҷангиёнро то сарҳади Ичкерия гусел намояд. Ҷангиён бештари гаравгононро озод карданд ва бо 230 гаравгон субҳи 10 январ савори 9 автобус ҷониби сарҳади Чеченистон роҳ пеш гирифтанд.

Роҳи бозгашти ҷангиён қад-қади сарҳади Чеченистон мегузашт ва Радуев ният дошт дар наздикиҳои деҳаи Первомайское, ки то сарҳади Ичкерияи мустақил 300 метр масофа дошт, сарҳади Доғистону Чеченро убур кунад.       Аммо дар наздикиҳои сарҳад дастаи ҷангиён аз ҷониби нерӯҳои ҳавоии Руссия мавриди тирборон қарор гирифт. Чархболҳои рус мошини кормандони БДА-и Доғистонро, ки ҷангиёнро ҳамроҳӣ мекард ҳадаф қарор доданд ва сипас купруки болои дарёи Терекро хароб намуданд. Роҳи ҷангиён ба Ичкерия тариқи ин масир дигар имкон надошт. Радуев аз русҳо талаб кард, ки роҳи дигаре барояш муҳаё кунанд ё купрукро барқарор созанд, аммо ҷавоби рад гирифт. Баъди чунин ранг гирифтани кор Салмон Радуев 36 нафар милисаи дигарро низ (кормандони ОМОН-и Новосибирск) гаравгон гирифта, дар Первомайск мустақар гардид.

Қасами Радуев

   Чор рӯзи баъди ин (аз 10 то 14 январ) тарафҳо ба даргирии оянда фаъолона тайёрӣ медиданд. Ҷангиён дар ин чор рӯз Первомайскийро сахт мустаҳкам карданд. Онҳо хандақҳои зиёде кофта, бо роҳҳои зеризаминӣ бо ҳам пайваст карданд. Русҳо низ дар ин муддат нерӯи зиёде дар гирдогирди Первомайск ҷамъ оварданд. Гурӯҳи зарбазани русҳо аз 2500 ҷанговар, 32 тӯп ва миномёт, 3 дастгоҳи реактивии "Град", 54 БМП, 22 БТР, 4 БРДМ ва якчанд танку чархболҳои ҷангӣ иборат ёфта буд. Шаби 14 январ яке аз дастаҳои Радуев, ки аз 35 ҷанговар иборат буд тавонист муҳосираро рахна намуда, ба Чеченистон паноҳ барад. Акнун ҳамроҳи Радуев  танҳо 185 ҷангӣ боқӣ монда буд. Баъди ин, Радуев ва қумандонҳояш қасам хурданд, ки то охир биистанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ таслими душман нагарданд.

Ҳамлаи нахустин

   Радуев дар Первомайск мардуми зиёди доғистониро гаравгон гирифта буд ва ҳукумати Доғистон аз Маскав дархост мекард ба ҳеҷ ваҷҳ ҷони гаравгононро ба хатар наандозанд. Аммо русҳо наметавонистанд Радуевро низ мисли Басаев бо ду дасти адаб раҳо кунанд. Хусусан ҳарбиён ба саркубнамудани ҷангиён, новобаста аз хатари ҷонӣ барои мардуми гаравгон, манфиатдор буданд. Фармондеҳии нерӯҳои русиро дар Первомайск ҷонишини аввали директори ФСБ Виктор Зорин ба ӯҳда дошт.                        Рӯзи 15 январ бо баҳонаи қатли гаравгонон аз ҷониби Радуев нерӯҳои рус нахустин ҳамлаи худро ба Первомайск оғоз намуданд. Зорин барои гирифтани Первомайск 9 гурӯҳи ҳамлаӣ таъсис дод. Ба ин гурӯҳ дастаи таъиноти махсуси "Витяз" (“Баҳодур”), дастаҳои махсусӣ вокуниши фаврии СОБР ва ҷузъу томҳои бригадаи 22-юми алоҳидаи таъиноти махсуси ГРУ дохил мешуданд. Ҷанговарони гурӯҳи "Алфа" дар хатти дуввуми ҳамла қарор доштанд ва мебоист гаравгононро озод мекарданд. Ҷанговарони дастаи "Витяз" тавонистанд хатти аввали ҷангиёни Радуевро ишғол намоянд, аммо дастаҳои дигар натавонистанд хатти мудофиаи чеченҳоро рахна кунанд. Ҷангиёни Радуев баъди чанде витязчиёнро низ боз доштанд.                                        Шаби 16 январ ҳуҷуми дуввум сурат гирифт ва русҳо бо истифодаи БМП ва БТР тавонистанд билохира вориди Первомайск гарданд ва ҷанг акнун дар кӯчаҳои ин деҳа аланга дошт. Аммо ҷангиёни Радуев ин бор низ тавонистанд русҳоро боз доранд ва соатҳои 5-и субҳ нерӯҳои русӣ қариб ба пуррагӣ аз деҳа берун карда шуданд. Ба русҳо муяссар гардид танҳо дар ду хонаи канории Первомайск мустақар гарданд. Ба иттилои чеченҳо, русҳо дар ин ҳамла 34 нафарро аз даст доданд. Чеченҳо инчунин 8 БТР-ро аз кор бароварданд. Талафоти Радуев бошад 7 ҳалокшуда ва 9 нафар маҷрӯҳро ташкил дод. Инчунин 15 нафар гаравгон дар ин даргирӣ ба ҳалокат расиданд. 

Рахна

   Вазъияти Радуев рӯз аз рӯз мутташаниҷтар мегашт ва ҷангиён дарк мекарданд, ки бояд ҳар чӣ зудтар муҳосираро рахна кунанд. Аз беруни хати мудофиа низ чанд дастаи чеченҳо ният дошт ба кӯмаки Радуев биояд, аммо русҳо  ҳуҷуми онҳоро зада гардонданд. Радуев ва Турпал-Алӣ Атгиреев баъди машварати зиёд қарор доданд шаби 19 январ амалиёти наҷотбахшашонро амалӣ гардонанд. Чеченҳо бо худ 170 гаравгонро ҳамроҳ гирифтанд ва пои бараҳна субҳи барвақт ҷониби сарҳади Ичкерия ҳаракат карданд.                                                                                    Сари роҳи Радуев дар хатти мудофиаи русҳо ҷанговарони бригадаи 22-юми таъиноти махсус сангар гирифта буданд. Русҳо ҷангиёни Радуевро дер диданд ва чеченҳо бо як ҳамлаи шадид мудофиаро рахна намуда, аз болои лулаи газӣ дарёи Терекро убур намуда, ба Чеченистон паноҳ бурданд. Русҳо наздики 50 ҷанговарро талаф доданд. Талафоти Радуев бошад тибқи иттилои чеченҳо 70 нафарро  ташкил дод, аммо манобеъи русӣ кушташудани 150 ҷангиро таъйид мекунад. Радуев инчунин тавонист 82 гаравгонро, ки дар миёнашон 29 хизматчиёни ОМОН-и Новосибирск буданд ба Чеченистон гузаронад. 

   Баъди як моҳи ин воқеаҳо Думаи давлатии Руссия барои озод шудани милисаҳои Новосибирск бо қарори махсус ҷангиёни асирӣ Радуевро сафед кард. Русҳо дар Первомайск 11 нафар ҷангиро асир гирифта буданд, ки 4 нафари инҳо дар асорат ҳалок шуданд ва 7 нафари боқимондаашонро русҳо ба ивази озодии ОМОН-и Новосибирск озод намуданд. Русҳо инчунин ҷасади 36 ҷангиро ба чеченҳо баргардониданд. Салмон Радуев, Хункар Исрофилов, Турпал-Алӣ Атгиреев ва Айдамир Абалаев бошанд, барои юришашон ба Кизляр бо мукофоти олии Ичкерия ордени "Номуси миллат" мукофотонида шуданд ва ба онҳо унвони "генерали бригадӣ" дода шуд.   

 

 Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter