ХАБАРИ ДОҒ

 

Самти афзалиятнок

22 январи соли 1969 хизматчии оддии Артиши Шӯравӣ Виктор Илин ба ҷони котиби аввали КМ ҲКИШ Леонид Илич Брежнев сӯиқасд кард. Он шабу рӯз аввалин кишвари Шӯроҳо кайҳонавардони худро бо тантана истиқбол мекард.            Кайҳон ҳамеша яке аз самтҳои афзалиятноки давлатӣ буда аз абарқудратии СССР дарак медод. Ҳайати киштиҳои кайҳонии Союз-4 ва Союз-5 нав аз фазо ба замин фуруд омада, мардуми зиёде дар Маскав ба истиқболи онҳо баромада буд. Он шабу рӯз кайҳонавардони шӯравӣ боз ғалабаи навбатӣ ба даст оварда, ду киштӣ дар фазои озод ба ҳам васл гаштанд. Дар ҳамон лаҳазоте, ки кайҳонавардони қаҳрамонро дар майдони ҳавоии ҳукуматии "Внуково-2" пешвоз мегирифтанд, ҷавоне либоси милиса бар тан, бе ҳеҷ мамониати ба Кремл наздик мешавад ва дар сафи милисаҳои пояндаи роҳ қарор мегирад.                                                                                                                   

Аввалин террори советӣ 

Авохири солҳои 60 уми қарни ХХ-умро мешавад мавҷи амалҳои террористӣ дар дунё номид. Дар ҷаҳон ташкилотҳои террористии зиёд монанди ЭТА дар Испония, "Бригадаҳои сурх" дар Итолия, "Артиши ҷумҳурихоҳи Ирландия" дар Бритония, фаластиниҳо дар Ховари Миёна фаъолият мекарданд. Аммо дар СССР тинҷӣ ва оромӣ ҳукмфармо буда, шаҳрвандони шӯравӣ ҳамаи ин даҳшатро танҳо аз оинаи нилгун медиданд. Вале ҳамин дидан низ таъсири манфии худро гузошт. Ба андешаи таърихнигори хадамоти махсус Олег Хлобустов, ҷавони оддии шӯравӣ Виктор Илин маҳз таҳти таъсири воқеаҳои Ғарб қарор гирифта, даст ба ин иқдом зад.   

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз соли 1946 аз ҷониби худи Сталин Шӯъбаи мубориза бо терроризм ё шӯъбаи "Т" таъсис додашуда буд. Баъди анҷоми ҶБВ дар Украинаи Ғарбӣ ва Ҷамоҳири назди Балтик, дастаҳои мусаллаҳи "Бародарони ҷангалӣ" пайдо шуданд. Барои мубориза бо онҳо Муллои гурҷӣ ба генерал Абакумов дастур дод, ки дар чаҳорчӯби КБД шӯъбаи "Т" ро таъсис диҳад.   

 Баъди марги Сталин дар зинаҳои болоии ҳукумат қарор доданд шӯъбаи "Т"-ро пароканда кунанд. Чун дастаҳои бандитӣ торумор гардида буданд ва ин шӯъба дигар зарурат надошт. Аммо соли 1955 дар Архангелск воқеае рух дод, ки Хрушёв ва атрофиёнашро аз раъйашон гардонд. Ин воқеа аввалин амалиёти террористӣ дар СССР буд. Гурӯҳи террористӣ тавонист, тамоми ҳайати ҳизбии Обкомро ба қатл расонад. Виктор Илин низ мехост ҳукумати Шӯравиро ба чолиш бикашад. Ӯ иддао мекард, ки орзу дошт зиндагии кишварро ба сӯи беҳбудӣ тағйир диҳад ва мехост бо ин ҳукумати "нодуруст" ҳисобу китоб кунад.   

Хатои Илин

Субҳи 21 январи соли 1969 Виктор Илин, ки дар посбонӣ қарор дошт қисми низомиашро тарк кард. Илин аз қисми низоми ду таппончаи "Макаров" ва 4 тирдонро дуздида, ба Ленинград омад.Ильйин бе ҳеҷ мамониат соати 10:40 дақиқа аз Ленинград ба Маскав парвоз кард.                                                                             

   Дар Маскав Виктор дар хонаи тағояш, ки хизматчии собиқи милиса буд сокин шуд. Илин ба Маскав омадани худро ба тағояш хоҳиши тамошо кардани пешвози кайҳонавардон, ки рӯзи дигар баргузор мегардид муаррифӣ кард.                                 Субҳи 22 январ Илйин аз хонаи тағояш бо сар либоси милисагӣ берун омада, ҷониби Кремл раҳсипор гардид. Илин бе ҳеҷ мамониат, бо сару либоси милисагӣ ворид Кремл шуда, дар назди дарвозаи Боровитский дар сафи милисаҳо қарор гирифт. Бо амри тасодуф Илин миёни ду дастаи гуногуни милисаҳо ҷой гирифт ва ҳузури ҳамкори ношинос тааҷуби милисаҳоро ба бор наовард. Наздики соати 14:15 дақиқа қатори мошинҳои ҳукуматӣ вориди дарвозаи Боровитский гардиданд.    

Илин мошини аввалиро раҳо кард (чун мошини Брежнев дар қатор одатан дуввум ҳаракат мекард) ва ҳангоми наздикшудани мошини дуввум (ЗИЛ111Г) ба пеш баромад ва тирезаи пеши мошинро аз ду таппонча ҳадаф қарор дод. 

Илин тавонист дар зарфи 6 сония 11 тир ба мошин холӣ кунад. Аммо Брежнев дар мошини дуввум набуд. Дар ин мошин иштирокчиёни вохӯрӣ кайҳонавардон Леонов, Николаев, Терешкова ва Береговой қарор доштанд. Береговой дар курсии пеш назди ронанда нишаста буд ва Илин ӯро бо Брежнев иштибоҳ гирифт.                 

Дар натиҷаи ин суиқасд ронандаи мошин Иля Жарков ба ҳалокат расид. Береговой бо шишапора маҷрӯҳ шуд, аммо тавонист чанбараки мошинро соҳиб шуда, онро боз дорад. Аз кайҳонавардони дигар, танҳо Николаев аз пушт захмӣ шуд ва боқимондаҳо осеб надиданд. Қотили нокомро аз яке мототсиклронони ҳамроҳӣ Василий Затсепилов безарар кард. Затсепилов мототсикли худро рост ба болои Илин ҳаракат дода, худаш низ аз тири қотили ноком маҷрӯҳ гардид. 

 

Меҳрубон  Салимшоев,

Муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter